Маълумоти охирин

ШАКОИК

ШАКОИК, гули шакоик, шакир, шакира, шакик (Anemone), як чинси гиёххои бисьёрсола ва буттаест аз оилан чакамугихо, Дар шароити Точикистон Шакоик гиёхест, ки патакреша, решапоя ва бехи лундамонанд дорад.

shakoik

Пояаш одатан як-то, баъзан 2—3-то (3—35 см кад мекашад). Баргаш панчашакл (даро-зиаш 2—7 см, ба-раш 2,5— 7 см).

Гулаш калон (диаметраш 0,5—6 см), сурх, зард, сафеди гулобитоб (вобаста ба намудхои Шакоик аз мохи март то авг. мешукуфад).

Дар дуньё такр. 120 намуди Шакоик маълум аст. Дар СССР 48—50 (аз чумла дар нохияхои кухсори Осиёи Миёяа 14) намуди Шакоик меруяд. Дар Точикистон 9 намуди Шакоик (A. baissi-nensis, A. gortchakowii, A. bucharica, A. eranthiodes, A. protracta, A. serav-ehanica, A. tschernjaewii, A. petiolu-losa, A. verae) нашъунамо меёбад. Баъзе намудхои Шакоик (A. seravebani-са, A. verae ва г.) хоси Помиру Олой мебошад.

Шакоик гули назаррабои лоламонанд (мас. Шакоики Нуъмон ва Шакоики бухори) аст;

Саъди гуфтааст:

Гиё худ хамон кадр дорад, ки хаст,

В-гap дар миёни шакоик нишаст.

Аксар намудхои Шакоик аввали бахор (мас. A. petiolulos—ниг. расм. А. Bа-issimensis, A. bucharica ва г.) гул мекунанд. Баъзеи онхоро мепарваранд. Васли гуфтааст:

Шукуфтааст дар ин бог хар гули садбарг,

Дамидааст дар ин чо шакоики бисьёр.

Бояд гуфт, ки дар баъзе лугатхо Шакоикро ба маънии лолаи кухи ва гули мачах мефахманд.

Ад.: Цветоводство Таджикистана, Д., 1965; Флора Таджикской ССР, т. 4, Л., 1975.

М. Хочиматов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …