Маълумоти охирин
Главная / Илм / ШАКЛ ВА МАЗМУН

ШАКЛ ВА МАЗМУН

ШАКЛ ВА МАЗМУН, категорияхои фалсафиеро гуянд, ки дар ягонагии диалектики вучуд дошта, мазмун тамоми унсурхои таркиби ва чихати асосии ин ягонагиро фаро мегирад, шакл бошад, тарзи фарохам омадани мазмун ва алокамандии нисбатан устувору зарурии унсурхои таркибии онро ифода мекунад. Ин категорияхоро аввалин шуда намояндагони фалсафаи атикаи Юнон тадкик намуда буданд. Арасту таълимоти нисбатан мукаммалро пешниход намуда, чисмро аз ягонагии шакл ва модда иборат дониста буд. Дар фалсафаи асрхои миёнаи Шарк масъалаи Шакл ва мзмун хамчун категорияхои модда ва сурат барраси шудааст. Дар он файласуфон суратро дар модда зохиршаванда ва моддаро дохили сурат дониста, робитаи зотии онхоро кайд намудаанд. Дар фалсафаи замони нав икдоми аввалинро дар бартараф кардани фахмиши идеалистии моддаю сурат К. Бруно гузошт. Андешахои уро минбаъд Ф. Бэкон, Р. Декарт, Т. Гоббс инкишоф доданд. И. Кант таносуби шаклу моддаро дар чараёни маърифат тадкик намуд ва Г. Гегель барои ифодаи муодили мохияти таносуби байни «модда» (материя) ва шакл категорияи мазмунро дохил кард. У робитаи байни Шакл ва мазмунро робитаи диалектикии тазоддхо номид.

Классикони фалсафаи марксисти дар зери мафхумн мазмун на худи мабдаъ, балки холати дохилии он, мачмуи процессхоеро мефахманд, ки аз таъсири мутакобили байни унсурхои фарохамоварандаи мабдаъ ва мухит ба вучуд омада, мавчудияту инкишоф ва ивазшавии онро имконпазир мегардонанд. Шакл хамчун сохти ташакулу инкишофёбанда тадкик мешавад. Ба фикри Маркс, таносуби объективии Шакл ва мазмунро ба назар гирифта, процессхои дакикии шаклофариниро дар мархилахои гуногуни он фахмидан зарур аст (Маркс К. и Энгельс Ф., Соч,, т. 20, ч. 3, с. 526).

Шакл ва мазмун ягонагии нисбии тазоддхоро ифода мекунад. Дар ин ягонаги мазмун чамбаи мутахаррику тагйирёбанда ва шакл системаи робитаи устувори ашё ва процессхо мебошад. Аз ин ру, дар чараёни инкишоф номувофикатии Шакл ва мазмун ба вучуд меояд, ки он дар нихояти кор ба шикастани шакли кухна ва пайдо шудани шакли мутобик ба мазмуни нав анчом меёбад. Ин нуктаро дар мисоли номувофикатии куввахои истехсолкунанда ва муносибатхои истехсоли нишон додан мумкин аст, ки окибат ба тагйир ёфтани тарзи истехсолот оварда мерасонад. Хамин масъаларо ба назар гирифта В. И. Ленин конуни инкишофро чунин тасвир кардааст: «муборизаи мазмун бо шакл ва баръакс. Дур андохта шудани шакл, аз нав сохта шудани мазмун» Ленин В. И., Ас., ч- 38, с. 226).    Н. Кулматов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …