Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САККОКИ

САККОКИ

САККОКИ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири узбек (асри 15). Ном ва аслу насабаш номаълум. Дар доираи адабии Самарканд нашъунамо ёфтааст. Саккоки яке аз поягузорони касида дар адабиёти узбек мебошад (мамдухонаш — султон Халил (хукмрониаш 1405—1409), Улугбек (хукмрониаш 1409 —1449). Дар шахси Улугбек шоир хукмрони идеалии маърифатдусту сохибфарханг ва хомии халкро тасвир намудааст. Дар газалиёти Саккоки бузурги ва кадри инсон, ишк, манзарахои зебои табиат ва гайра васф шудаанд. Баъзе газалхои у дорои мазмуни ичтимои (норозиги ва нобаробарихои ичтимои, танкиди чахлу нодони) мебошанд. Саккоки аз Забони халк ва ибороти нозуку зебои он истифода кардааст. Дар осори Лутфи, Гадои, Атои, Навои ва дигарон таъсири эчодии Саккоки ба назар мерасад.
Газалиёт ва касоиди Саккоки дар девоне чамъовари шудаанд, ки нусхахои дастнависи он дар китобхонаи Музейи Британия (Лондон) ва китобхонаи Институти шаркшиносии АФ РСС Узбекистон махфузанд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.