Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САЙЯН Луи

САЙЯН Луи

САЙЯН (Saillant) Луи (27.11. 1910, Баланс, департаменти Дром — 28. 10. 1974, Париж), ходими харакати иттифокхои касабаи Франсия ва байналхалки. Аз оилаи коргар. Ихтисосаш мебелсоз. Сайян 1937 котиби Федератсияи миллии коргарони чубкор, 1938 аъзои Комиссияи маъмурии Конфедератсияи умумии мехнат (КУМ)-и Франсия интихоб шуд. Сайян дар давраи аз тарафи фашистони немис истило шудани Францся (1940—1944) дар Харакати Мукобилат фаъолона иштирок кард. Соли 1944 раиси Совети миллия Мукобилат. Солхои 1944—1948 яке аз котибони КУМ. Солхои 1945—1969 коти¬би генералии Федератсияи умумичахонии иттифокхои касаба (ФУИК), аз соли 1969 раиси фахрии ФУИК ва ко¬тиби КУМ. Сайян иштирокчии намоёни Харакати тарафдорони сулх, аъзои Бюрои Совети Умумичахонии Сулх (СУС, аз соли 1950), аъзои Президиум (аз с. 1966), раиси фахрии СУС (1974). Лауреати Мукофоти байналхалкии Ленини «Барои мустахкам намудани сулхи байни халкхо» (1958).

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.