Маълумоти охирин
Главная / Илм / ШАХС

ШАХС

ШАХС, яке аз категорияхои грамматикии феъл аст, ки бо категорияя шумора якчоя истифода мешавад. Воситахои грамматикии ифодаи Q1. ва шумора бандакхои феъли ва хабари меоошанд. Феъл се Шахс дорад. Шахси якуми танхо ва чамъ—гуянда (ман, мо, моён), Шахси дуюми танхо ва чамъ — шунаванда (ту, шумо, шумоён) ва Шахси сеюми танхо ва чамъ—гоиб (вай, у, онхо). Шахси гоиб шахс, предмет ё ходисаеро мефахмонад, ки дар бораи вай сухан меравад. Шаклхои Шахси феъл тобишхои маъноии махсус доранд. Мас., шакли Шахси дуюми танхо маънои умумшахсро ифода макунад (Аввал бубин чои худ, баъд бимон пои худ). Шакли Шахси сеюми чамъ маънои номуайяншахсро низ мефахмонад (Хамаро руфта бурданд). Шакли Шахси якуми чамъ хангоми ифодаи хоксориву фурутани ба Шахси якуми танхо далолат мекунад (Мо дируз аз хона набаромадем). Барои эхтиром Шахси дуюми чамъ ба маънии Шахси дуюми танхо (Шумо фармоед, ман менависам) ва Шахси сеюми чамъ бо маънои Шахси сеюми танхо меояд (Падарам омаданд).

Ад.; Грамматикаи забони адабии хозираи точик, ч. 1, Фонетика ва морфология, Д., 1981».

Ш. Рустамов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …