Маълумоти охирин

ШАХРОШУБ

ШАХРОШУБ, шахрангез, як навъ шеърест хачман хурд, мазмунан шух ва шурангез. Дар даврахои гуногуни адабиёти форс-точик расм шуда буд. Дар аввалин Шахрошубхо сохибмансабону амалдорони шахр фош карда мешуданд. Дар сарчашмахо номи чахор шоири а. 16 зикр шудааст, ки ин гуна шеърдхои ифшогар навиштаанд: Мухаммадхошим ва Чалолуддин Мухаммади Огахии Хуросони, Вохиди Кумми ва Харфии Исфахони. Огахию Тарфи барои Шахрошуб катл шуда буданд. Дигар навъи Шахрошуб вобаста ба инкишофи шеъри хунарманди ба миён омад. Шеърхои оиди пешаю хунархо, кам бошанд хам, дар а-хои 11—12 вучуд доштанд. Aммo баробари равнаки касбу хунархои гуногун (а-хои 15—17) дар эчодиёти Сайфии Бухорои, Дарвеши Дехаки ва Сайидои Насафи шеъри хунарманди ривоч гирифт. Шахрошубхои хунарманди дар шакли китъа (Масъуди Саъди Салмон), рубои (Амир Хусрави Дехлави), газал (Сайфии Бухорои), маснави (Вахиди Табрези), мухаммас (Бедил) таълиф ёфтаанд. Аввалин Шахрошуби мукаммале, ки то замони мо расидааст, Шахрошуби Масъуди Саъди Салмон мебошад. Ин Шахрошуб аз 94 китъаи алохида иборат буда, дар як шеъри ба хунармандон оиди он аз 2 то 9 байт (чамъ 270 байт)-ро дар бар мегирад. Шахрошуби Сайидои Насафи, ки имруз бокист, яке аз бехтарин Шахрошубхо дар адабиёти точик ба шумор меравад. Дар он 212 наф. намояндагони пешахои гуногун ба тарики хазл тавсиф шудаанд. Шахрошуб барои фахмидани майлу хохиши ахли пешахои шахр ва муайян намуданн хусусиятхои ичтимоию сиёси ва адабии даврахои гуногуни таърихи ахампяти калон дорад.        

Т. Неъматзода.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …