Маълумоти охирин

ШAГOPA

shaghora

ШAГOPA, як навъ хайвони даррандаи ширхорест аз чинси Mustela (оилаи савсорихо). Шагора ду намуд аст: Шагораи европои (М. lutreola) дар Европа, нохияхои хамвории кисми европоии СССР ва Сибири Чан. Гapби вомехурад; Шагораи америкои (М. visen) дар Америкаи Шимоли маскун аст: дар СССР онро ба шароити махаллии як катор нодхияхои кисми европои, Сибир ва Шарки Дур одат кунонндаанд. Танааш дарози борик. Дарозии бадани Шагораи европои то 45 см; дарозии думаш то 20 см. Шагораи америкои нисбатан калонтар аст (дарозии баданаш то 54 см). Пойхояш кутох. Байни ангуштонаш пардаи чандон инкишофнаёфтаи шиновари дорад. Муинааш зич, сиёхтоби чилодор. Дар наздикии дарьёхои чангал, кулу ботлокзор лона сохта ё дар хонаи хайвонхои дигар (ондатра, калламуши оби) зиндаги мекунад. Шагора ширхорхои майда, паррандахо ва тухми онхо, курбокка ва мохиро мехурад. Февр.— апр. чуфт мешавад; даври хамлаш 43—77 шаборуз. Шагора хайвони пуркимати муинадор аст.

Шагораи америкои яке аз хайвонхои асосии муинадори парвори мебошад. Дар хочагихои вахшпарвари Шагорахои калонро мепарваранд. Шагора дар 9—10 мохаги болиг мешавад; хар бор 5—6 (то 12) бача мезояд. Ба Шагора гушту мохи, шир ва растани медиханд. Дар катакхои оханин (дар хавои кушод ё хонахо) нигох медоранд. Дар 5—6-мохаги (зимистон, вакте ки муинааш мерасад) мекушанд. Шагорахои зотиро 3—4 сол истифода мебаранд. Дар СССР ва хорича асосан оид ба руёнидани зотхои нави муяннашон рангоранги Шагора тадкикот мебаранд.

Ад., Млекопитающие Советского Союз.,т. 2, ч. 1, М., 1967; Пушное звеноводство и кролиководство, М., 1971.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …