Маълумоти охирин

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натичаи ба хам омехтани гилмоя, хамираи минералхо, оксидхо ва дигар моддахи гайриорганики ва пухтан хосил мешавад. Хамираи Сафол баъди пухтан сифатан тагйир ёфта, ба материали хуби силикати табдил ме- ёбад. Сафол дар рузгор (зарфиёт), сохтмон (хишт, сафоли бомпуш, нова, сафолтахта, коши, чузъхои мучассамахо), техника, наклиёти обию хавои ва рохи охан, санъати ороиши амали ва хайкалтароши бисёр истифода мешавад. Навъу намудхои гуногуни Сафол мавчуд аст: гили сухта, маснуоти кулоли, мино, чинии хом (фагфури), чини, хокасанг.

safol
Очерки таърихи. Аввалин намунахои маснуоти сафоли дар давраи палеолити боло пайдо шудаанд. Аз гил тайёр кардани зарфхоро одамон дар давраи неолит (хазораи 6 то милод) аз худ намуданд. Минбаъд санъати кулоли пеш рафт ва намудхои нави софолот ба вучуд омад. Нахустин маснуоти сафоли дар марказхои кадимтарини зироаткори, аз чумла худуди Осиёи Хурд, Эрон сохта шудаанд (хазораи 7 то милод). Дар Осиёи Миёна кадимтарин намунахои маснуоти Сафоли дар кабати поёнии магораи Чабал, ки мансуби маданияти Чайтун аст (Туркманистони хозира) пайдо шудааст. Кадимтарин намунахои Сафол дурушту соддаанд. Аз хазо- раи 6 то милод Сафоли мунаккаш маъмул шуд. Истехсоли чунин маснуот боиси мураккабии технологияи тайёр кардани махсулот ва пухтани он гардид. Шакли маснуот мукаммал шуд, ба таркиби гил хамираи дигар моддахо минералхо ва омехтаи растани, ки баъди хушконидан Сафолро мустахкам мекард, хамрох мекарданд. Дар хазорахои 4—2 то милод Сафол дар нохияхои Байнаннахрайн, Эрон, Осиёи Миёна, ва Хитой интишор ёфт. Дар кисми чанубии шаркии Европа маданияти Кукутенитполия пахн шуд. Андозаву хачм, накшунигор ва тасвирхои маснуоти Сафоли хазорахои 4— 3 то милод гуногунанд. Услуби нигориши хайвонот, ки ои дорои композисияи мукаммал буд (масалан, дар Эрон), маъмул гардид. Махсусан бозёфтхои Сафолии чануби Туркманистон пуркиматанд. Технологияи истехсоли маснуоти Сафолии муттасил такмил меёфт. Дар хазораи 6 то милод дар Байнаннахрайни Шимоли хумдонхои кадими кулоли (дар Яримтеппа) мавчуд буданд. Дар хазорахои 5—2 то милод хумдонхои кулоли дар нохияхои Шарки Миёна ва Наздик пахн шуданд (нигаред, Кулоли). Барои пухтани Сафол дар хазораи 4 то милод хумдонхои яккабата ва аз нимаи хазораи 3 то милод хумдонхои дукабатаро истифода мебурданд. Пайдоиши махсулоти сирдор ба инкишофи Сафол таъсири калон расонид. Сирдавони аввал дар заргари, баъдтар дар сохтмон ва зарфхои сафоли истифода мешуд. Тадкикот нишон медихад, ки махсулоти сирдори кадим дар тар- кибаш ишкор доштааст. Дар хазораи 2 то милод Сафоли сирдор дар меъмори истифода гардид. Дар хазорам 1 то милод девори касрхои шохони Ошур, Эрон ва Бобул бо Сафоли сирдор — коши оро меёфтанд. Дар маснуоти сирдори кадима одатан ранги осмонии сабзфом, фирузи ва зард бартари дошт. Дар нимаи дуюми хазораи 1 то милод— нимаи якуми хазораи 1 мило давраи нави инкишофи истехсоли маснуоти Сафоли сар шуд. Хунармандони Юнон ангобхои сурху сиёх, локхои юнониро истифода бурда, дар ин кор хиссаи бу- зург гузоштанд. Тарики истехсоли локхои юнони то охир ба мута- хассисон ифшо нагардидааст. Тадкики локхои юнониён нишон дод, ки тарзу тайёр намудани онхо гуногун буда, рангхои минерали, баъзан хокистари махсуси растанихоро истифода мебурданд. Дар санъати кулоли истифода намудани лок барои инкишофи истехсоли Сафоли ангоби имконияти зиёд фарохам овард. Намунахои зебо ва хушсифати маснуоти ангоби дар ёдгорихои Хоразм, Порт ва Бохтар маъмул буданд. Комёбии дигари истехсоли Сафол истифодаи сири фирузаранг, сабзи фирузатоб ва зард, махсусан сири ишкордор буд. Маснуоти сирдор дар Хиндустон ва Осиёи Миёна низ истехсол мешуданд.
Давраи комилан нави инкишофи истехсоли маснуоти Сафоли ба асрхои 8—11 рост меояд. Дар ин давр усули нави сирдавони маъмул гардид. Ин усул ба истифодаи ангоби сафед, хокаи сурб ва накшхои мулавван асос ёфтааст. Барои рангубор чинсхои минерали ва оксиди фулузот — охан, сурма, марганесро ба кор мебурданд. Равия ё мактабхои гуногуни бо марказхои истехсоли Сафол, алокаманд дар Эрон (Нишопур, Кошон ва гайра) ва Осиёи Миёна (Афросиёб, Марв, Хуталон, Истаравшаи) пайдо шуданд. Дар ин чо асрхои 11—12 истифодаи коши ба хукми анъана даромад. Аввал хиштхоро сир меда- вонданд, ки намунахои нисбатан кадимаи он дар Макбараи Султон Саодат (асри II) ва Манораи Калон (соли 1127) вомехуранд. Аз асрхои 13—14 саркарда, маснуоти сирдори Сафоли дар сохтмони бинохои Шарки Наздик ва Миёна, Осиёи Миёна маъмул гардид — макбараи Баёнкулихон дар Бухоро (1358), макбараи Мухаммади Башоро дар Панчакент (1342—43), силсилаи макбарахои Шохи Зинда, Биби- хоним, Оксарой дар Самарканд, макбараи Ахмади Ясави дар Туркистон ва гайра. Дар сарзамини Рус дар асри 10 усули сирдавони пеш рафт. Баъди таназзули хокимияти мугулхо дар ин сарзамин косибони рус ба истехсоли маснуоти Сафоли авчи тоза бахшиданд. Дар асрхои 14—15 Москва маркази калони истехсоли маснуоти Сафоли гардид. Аз асри 15 дар Европа истехсоли маснуоти Сафоли ба дигаргуни дучор шуд. Дар Италия хамираи силикатии гилин— фагфури ихтироъ шуд, ки он ба инкишофи махсулоти сафолии бисёр мамлакатхо асос гузошт. Дар Фаэнса, Сиена, Урбино, Губио ва гайра марказхои калони истехсоли маснуоти Сафоли ба вучуд омаданд. Дар Европа (асри 17) аз худ намудани технологияи нави чини боиси инкишофи маснуоти сафоли гардид. Дар Россия (асри 17) устохонахои калони мануфактури ва соли 1744 дар Петербург аввалин заводи давлатии чинивори (холо заводи ба номи М. В. Ломоносов) таъсис ёфт. Дар Осиёи Миёна равияхои ба махал хоси истехсоли Сафол муттасил инкишоф меёфт. Дар асрхои 18—19 марказхои калон ва мактабхои хоси истехсоли маснуоти Сафоли дар Самарканд, Риштон, Гиждувон, Бухоро, Шахрисабз, Тошкент, Хева, Хучанд, Каратог ба авчи инкишоф расида, мохияти худро дар тули асрхои 19—20 нигох доштанд. Холо кулолон ва офарандагони маснуоти Сафоли дар устохонахои хунар- манди, артелхо ва муассисахои хунармандии назди фонди бадеии рес публика муттахид шудаанд. Кулоли махсусан дар Чоркух, Исфара, Конибодом, Каратог ва гайра инкишоф ёфтааст. Холо истехсоли маснуоти Сафоли (вобаста ба навъхо, хусусиятхои технологи, таъинот, сифати ороиши масолехи нави техники, системаи истехсоли молхои сермасриф) дар муассисахои калони механиконидашуда сурат мегирад.
Технологияи истехсолот. Офаридани маснуоти Сафоли просесси мураккаби технологи буда, тайёр кардани гилмоя, колибгири, ороиш ва пухтани онро дар бар мегирад. Ду навъи маснуотн Сафоли мавчуд аст: зич (обгузарониаш на беш аз 5%) ва ковок. Сафол дурушт ва нафис (фаянс) мешавад. Сифати Сафол ба интихоби масолех, коркарди ашёи хом, колибгири ва пухтани он вобаста аст. Барои офаридани маснуоти Сафоли гилмояи чандир мустахкам ва муво- фикро (гили кулоли) интихоб менамоянд. Барои тайёр кардани гилмоя чинсхои гуногун: рег, шамот, хокасанг, каолинхо, кварс, омехтаи ордахои растаниро ба кор мебаранд. Дар натичаи майда кардан ва омехтани ин чинсхо гилмоя ё хамираи тайёр хосил мешавад, ки баъд онро ба колаб мерезанд. Дар замонхои кадимтарин (маснуоти Сафоли бо ёрии колабхо сохта мешуд. Усули дигари офаридани маснуоти Сафоли дар шакли спирали ба хам часпонидани порчахои алохидаи гилмоя аст. Ин усул дар Америка, Африка, Хиндустон, Осиёи Миёна маълум буд. Ихтирои чархи кулоли боиси самаранокии мехнати хунармандон ва сарфа шудани вакти кори гардид. Сирдавони, боиси баланд шудани сифат ва кимати бадеии маснуоти Сафоли гардид. Пухтан ва обутоб додан зинаи охирниг истехсоли маснуоти сафолист. Масолех баъди пухтан сифатан бех мешавад. Оби гил хорич шуда, чинсхои таркиби гилмоя шакл ва хосияти худро дигар мекунанд. Таркиби гилмоя тагйир меёбад, чудошавии карбон, обхоричкунии гидрослюдахо, дигаргуншавии масолехи кварси, фазахои муллит, анортит ва гайра ба вукуъ меояд. Обутоо ёфтани маснуоти Сафоли ба просесси пухтани гилмоя, таркиби химияви, харорат ва риояи режими тафсонидани хумдон вобаста аст. Зарфиёти мукаррариро одатан дар харорати 950″, хиштро дар 2000° обутоб медиханд. Барои пухтани маснуоти Сафоли инчунин риояи режим, яъне ба инобат гирифтани шароит, тобовари, тадричан баланд кардани харорат низ шарти мухим аст. Аввал маснуоти Сафолиро дар оташдонхои мукаррари мепухтанд. Ихтирои хумдон комёбии бузурги истехсоли маснуоти Сафоли буд. Хумдонхои Сафол-пази просесси мураккаби таърихиро аз сар гузарондааст. Вобаста ба андоза ва тарзи харакати аланга хумдонхои гуногун ба вучуд ома- данд. Дар иншооти техникии замонави пухтани Сафол вобаста ба хусусиятхои ашёи хом, гилмоя, харорат, сифати маснуот ва гайра дар асоси хисобу китоби дакик ба рох монда шудааст. Дар шароити хозира барои пухтани маснуоти Сафоли хумдонхои мукаррарии яккабатаю дукабата, хумдонхои гази, мудаввар ва кубуршаклро истифода мебаранд. Солхои охир навъхои гуногуни маснуоти Сафоли меафаояд, усулхои технологи ва заминаи техникии истехсоли он такмил меёбад.
Адабиёт: Кверфельд Э. К.. Керамика Ближнего Востока, Ленинград, 1947; А в гу с т и н и к А. И., Керамика, Москва, 1957; П е щ е р е в а Е. М., Гончагрное производство Средней Азии, Москва—Ленинград, 1957; Р а х и м о в М. К., Художественная керамика Узбе- кистана, Ташкент, 1961; Сайко Э. В., Историл технологии керамического ремесла Средней Азии VIII—XII веков., Душанбе, 1966; В у л а в и н II. Л. Теплотехника в производстве фарфора и фаянса, Москва, 1977. Э. В. Сайко.

Дар борамон

Инчунин кобед

САЪДУДДИНИ ВАРОВИНИ

САЪДУДДИНИ ВАРОВИНИ (соли таваллуд ва вафот номаълум), насрнависи форс-точик. Дар охири асри 12 ва аввали …