Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАФИК Лачхми Нароян

ШАФИК Лачхми Нароян

ШАФИК   Лачхми Нароян (6.3. 1745, Аврангободи Хиндустон — 1898), нависанда ва муаррихи форсизабони Хиндустон. С. 1772 Мир Гуломалихони Озод, ки устодаш буд, ба у «Шафик» тахаллус дод. Шеърхои ба забони урду навиштаи у бо тахалл. Сохиб ва ашъори форсиаш бо тахалл. Шафик навишта шудаанд. Ба калами Шафик се тазкира тааллук дорад: «Чаманистони шуаро» (1762) ба забони форси буда, шархи холу намунаи ашъори шоирони урдузабонро -дар бар мегирад. Шоирон дар он аз руи тартиби алифбои арабиасоси точики зикр шудаанд.

Он дар Аврангобод ба табъ расид (11528); «Гули раъно» (1768) оид ба хаёт ва эчодиёти шоирони форсизабони Хиндустон, ки гузаштагонашон б худашон аз Эрон будаанд, маълумот медихад. Аз ду фасл иборатаст. Фасли якум, ки зикри шоирони мусулмонро фаро мегирад, аз Мир Гyломалихони Озод шуруъ шуда, бо Мир Юсуф анчом меёбад. Фасли дуюм дар бораи шоирони хинду маълумот медихад. Дар ин тазкира шархи холи баъзе шоирон ва намунаи осори онхо муфассалтар омада, дар бораи баъзе шоирони диг. бисьёр кам маълумот дода шудааст. Шафик гохо ашъори бархе аз шуароро бо хамдигар мукоиса намуда, матлабу истилохоти шеъри онхоро тафсир додааст. Фасли дуюми он дар Хайдаробод нашр шуд; «Шоми гарибон» (1769) тазкираи шоирони форсизбони Хиндустон мебошад. Он асосан шархи холи нисбатан мухтасару чолиб ва намунахои хуби ашъори шоиронеро шомил аст, ки аслан аз Эрон буда, ба сабабе ба Хиндустон омадаанд. Он барои омухтани робитахои адабии Эрону Хиндустон, сахни шоирони Эрон дар тавсиаи адабиёти форсизабони Хинд ва муайян намудани сабабхои хичрати онхо ба ин кишвар ахамияти калон дорад. Тазкирахои Шафик дар бораи хаёти адабии Хиндустон ва вазъи адабиёти форсизабони он маълумоти фаровон медиханд. Шафик инчунин, муаллифи асархои таърихи мебошад. Дар китобхои у «Хакикатхои Хиндустон», «Маосири хайдари», «Холоти Хайдаробод», «Хулосат-ул-Хинд» ва г. масъалахои гуногуни таърихи Хиндустон тафсир ёфтаанд. Забони осори Шафик, ба истиснои мукаддимахояшон, ки бо насри маснуъ ва мусаччаъ навишта шудаанд, соддаю равон мебошад.

А. Алимардонов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.