Маълумоти охирин
Главная / Биология / САФЕДМУРУД

САФЕДМУРУД

САФЕДМУРУД, як навъ муруди махалли. Дарахташ сершоху сербарг, то 10—19 метр кад мекашад. Пустлохи танаву шоххояш хокистари; баргаш калон (дарозиаш 7—8 сантиметр, бараш 5—6,5 сантиметр), дилшакл, дандонадор; мевааш миёна (вазни як донааш 55—61грамм), пусташ нисбатан тунуки зардтоб, магзаш Сафедтоб, камоб, хушбуй, ширин ё нордон, то 9,85% канд, 0,15 —0,16% чавхар, 120 мг% витамини С дорад.

murud

Аввали сентябр ва охирхои октябр мепазад. Дер намепояд. Тар ва хушконида истеъмол мекунанд. Як бехи 50-солаи Сафедмуруд то 280—300 (баъзан 850— 900) килограмм хосил медихад. Нихоли 6—7- солаи он ба хосил медарояд. Бо рохи пайванд зиёд мекунанд. Сафедмурудро дар бисёр хочагихои Гарм, Чиргатол ва Комсомолобод мепарваранд. .
Адабиёт: Косимов Мм Навъхои махаллии муруду нокхо, Душанбе, 1971.

Инчунин кобед

salab

САЪЛАБ

САЪЛАБ, селаб,1) чинси гиёххои бисёрсолаест аз оилаи саълабихо. Решаи луидаи яклухт ё панчашакл, барги нештаршакл, …