Маълумоти охирин
Главная / Биология / САФЕДАХО

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти организмхо мавкеи мухим доранд. Фридрих Энгелс Сафедахоро заминаи шакли билогии харакати материя донистааст. Махз ба туфайли Сафедахо дар организм мубодилаи моддахо ва табдили энергия ба вучуд меояд. Сафедахо функсияхои мухими физиологиро адо мекунанд. Пеш аз хама Сафедахо масолехи бун- ёдии хучайра мебошанд. Онхо дар ташаккули парда, органоид ва мем- бранахои хучайра иштирок мекунанд.

safedaho

Рагхои хун, пай, муй ва дигар чузъхои организмхои оли аз Сафедахо сохта шудаанд. Сафедахо катализатори реаксияхои химияви дар хучайра мебошанд. Вазифаи мухаррикии Сафедахо хеле мухим буда, тамоми намудхои харакати хучайра ва организмхо (кашишхурии мушакхои хайвонот, ларзиши мижгони соддатаринхо, реаксияи бахаракатоварандаи растанихо ва гайра) аз Сафедахои махсуси кашишхуранда нобастааст. Сафедахо функсияи наклиёти ва мухофизатро низ адо мекунанд. Сафедаи хун — гемоглобин оксигенро пайваст намуда, ба тамоми бофта ва узвхои бадан мекашонад. Дар мавриди ба организм ворид шудани модда ё хучайрахои бегона дар организм Сафедахои махсус — античисмхо хо- сил мешаванд, ки моддахои бегонаро безарар мегардонанд. Сафедахо манбаи энергия хам мебошанд. Онхо дар хучайра ба аминокислотахо тачзия мешаванд, ки як кисмашон барои синтези сафеда сарф мешаванд, кисми дигарашон бошад пурра тачзия шуда, энергияи озод хосил мекунад. Дар вакти тачзияи 1 грамм сафеда 17,66 кЧ. (4,2 килокал) энергия чудо мешавад. Хосияти физики ва химиявии Сафедахо. Массаи молекулаи Сафедахо аз даххо хазор то 1 миллион ва аз он хам зиёд мешавад. Масалан, массаи ферменти рибонуклеаза 12700, пигменти нафаскашии тукумшуллук — гемосиацин 6600000 мебошад. Таркиби аксар Сафедахо 50,6—54,5% карбон, 6,5—7,3% гидроген, 21,5—23,5% оксиген, 15—17,6% нитроген, 0,3—2,5% сулфур дорад; дар таркиби як катор сафедахо фосфор низ мавчуд аст. Молекулаи Сафедахо аз мембранахои нимнокил намегузаранд; онхо суст диффузия мешаванд. Халшавандагни Сафедахо низ хар хел аст. Баъзеашон дар об нагз хал мешаванд. Барои хал шудани баъзеи ди- гарашои консентрасияи пасти намак лозим аст. Гурухи сеюми Сафедахо бошанд, факат бо таъсири ишкорхои зур хал мешаванд.
Сохти молекулаи Сафедахо Сафедахои организмхои зинда аз 20 намуди аминокислотахо таркиб ёфтаанд. Барои хар як сафеда намудхои муайяни аминокислотахо ва таносуби микдории онхо хос мебошад. Дар молекулахои Сафедахо аминокислотахо байни худ бо бандхои пептиди (—СО—N1!–) паи хам пайваст шудаанд. Силсилаи полипептидие, ки аминокислотаи систин дорад, дар чои вокеъшудаи он бо банди дисулфиди (—8—5—) пайваст шудааст. Як сафеда аз сафе- даи дигар аз руи таркиби худ ва тартиби чойгиршавии аминокислота- хо дар силсилаи полипептиди комилан фарк мекунад; хар як узви силсила як аминокислотаи муайяну мукаррар аст. Намудхои гуногуни Сафедахо махз аз чихати сохти аввалинашон аз хамдигар фарк мекунаид. Сохти аввалини Сафедахоро бо рохи ба пептидхо чудо кардани силсила ва алохида- алохида омухтани хар яке аз онон ошкор менамоянд. Дар молекулаи Сафедахо гайр аз бандхои пептиди ва ди- сулфиди боз бандхои сершуморе хастанд, ки бо вучуди суст будани энергияи таъсири мутакобилашон барои ашкол ва амалоти Сафедахо ахамияти калон доранд. Баъзан якчанд макромолекулаи сафеда бо хам пайваст шуда, системаи мураккаберо ба вучуд меоранд. Масалан, гемоглобии комплекси аз чор макромолекулаи хамин сафеда таркиб ёфтаест, ки факат дар чунин холат оксигенро пайваст карда, онро ба бофтаю узвхо мекашонад. Тадкики сохти молекулаи Сафедахо барои минбаъд синтез кардани онхо имконият медихад. Соли 1955 сохти мо-лекулаи инсулин муайяи карда шуд ва маълум гардид, ки он аз ду сил- силаи нисбатан кутохи полипептиди (бокимоидаи 21 ва 30 аминокислота доранд) иборат аст. Баъдтар сохти молекулаи гемоглобин, рибоиуклеаза, трипсин ва як катор Сафедахои дигар муайян карда шуданд. Минбаъд бо рохи химияви пептидхои мураккаб, гормони инсулин, ферменти рибонуклеаза синтез карда шуданд. Алхол структураи аввалини зиёда аз 200 сафеда муайян карда шудааст.
Таснифи Сафедахо. То хол таснифи ягонаи Сафедахо мавчуд нест. Хангоми таснифи хамаи Сафедахои маълум таркиб, хосиятхои физикию химияви ва пайдоиши онхо, инчунин макоми онхо дар организм ба хисоб гирифта мешаванд. Сафедахо ба ду гурух таксим мешаванд. Сафедахои содда — протеинхо, ки факат аз аминокислотахо таркиб ёфтаанд ва Сафедахои мураккаб — п р о т е и д х о, ки ба таркибашон гайр аз аминокислотахо пайвастхои дигар низ дохил мешаванд. Ба Сафедахои содда албуминхо, глобулинхо, гистонхо, глутелинхо, проламинхо, протаминхо, протеиноидхо ва ба Сафедахои мураккаб гликопротеидхо (дар таркибашон карбогидрат доранд), липопротеидхо (дар таркибашон липид доранд), нуклеопротеидхо (ба таркибашон кислотахои нуклеат дохил меша- ванд), фосфопротеидхо (дар таркибашон кислотахои фосфат доранд) ва гайра мансубанд.
Биосинтези Сафедахо — просесси аз аминокислотахо дар хучайрахои организмхои зинда хосил шудани сафедахост. Кашфи Механизми биосинтеаи Сафедахо муваффакияти калони илмхои химия ва биологияи солхои 1960 асри 20 мебошад. Ин механизм барои хучайра ва организмхои гуногун як хел ё хеле монанд буда, дар он кислотахои нуклеат (асосан кислотаи рибонуклеат) иштирок мекунанд. Просесс аз хисоби энергияе чараён мегирад, ки дар шакли кислотаи аденоаинтрифосфат (АТФ) чамъ шудааст. Биосинтези Сафедахо асосан дар рибосомахо ба амал меоянд. Сохти аввалини силсилаи полипептиди хосилшаванда дар натичаи ба рибосома пайваст шудани кислотаи рибонуклеати ахбор (а-кислотаи рибонуклеатКРН), ки он дорандаи ахбор оид ба сохти махсуси сафеда аст, ба шакл медарояд. Ин ахборро а-кислотаи рибонуклеатКРН аз кислотаи дезоксирибонуклеат (КДН) мегирад. Аминокислотахо пеш аз ба рибосома гузаштан ба аденоаинтрифосфат АТФ энергия гирифта фаъол мегарданд (аминокислотахои фаъолгашта, омехтаи ангидриди аминокислота ва кислотаи аденилат — аминоасиладенилат мебошанд). Баъд бокимондаи хамин аминокислота ба кислотаи рибонуклеинати наклиётии мувофик (а-кислотаи рибонуклеатКРН) гузаронида мешавад. Дар ин ду просесс он ферменте (аминоасиладонилатсинтетаза ё аминоасиликислотаи рибонуклеат-КРН синтетаза), ки ба худи хамои аминокислота хос аст, иштирок мекунад. Сипас бокимондаи аминокислотас, ки бо а-кислотаи рибонуклеатКРН пайваст шудааст, ба рибосомахо мегузарад ва дар он чо силсилаи полипептидии сафеда хосил мешавад. Минбаъд рибосомахо бо ёрии а-кислотаи рибонуклеатКРН ба силсила пайваст шуда, структураи фаъоли сафеда синтезкунанда — полирибосомахо ё полисомахоро хосил мекунанд. Дар асоси (матрисай) кислотаи дезоксирибонуклеат КДН бошад а-кислотаи рибонуклеатКРН хосил мешавад. Мавкеи хар як аминокислотаи дар сафедабуда ба воситаи бокимондаи се нуклсотид (триплетхо) муайян карда (яъне ба код дароварда) мешавад (нигаред, Коди генетики). Дар полисомахо а-кислотаи рибонуклеатКРН ба кодонхои мувофики а-кислотаи рибонуклеатКРН пайваст мешавад. Баробари ба рафти силсилаи нуклеотид харакат’кардани (гечидани) рибосома ба кодонхои хамсоя молекулахои нави а-кислотаи рибонуклеатКРН пайваст мешаванд. Дар ин маврид а-кислотаи рибонуклеатКРН-и аввала озод шуда, бо нуги карбоксилдори худ ба аминогурухи аминокислотаи нав пайваст мешавад. Хамин тавр ин просесс чандин карат (то ба охир расидани синтез) давом карда, силсилаи полипептиди дароз шудан мегирад.
Омухтани просессхои биосинтези Сафедахо яке аз вазифахои мухим ба шумор меравад. Вай ахамияти хам назарияви ва хам амали (масалан, дар тиб барои табобати беморихо, дар хочагии халк барои баланд бардоштани махсулнокии зироат, чорводори ва гайра) дорад.
Адабиёт: Сисакян Н. М. Гладилин К. Л., Биохимические аспекты синтеза белка, дар китоби: «Успехи биологической химии», том 7, Москва, 1965; Шамин А. Н., Развитие химии белка, Москва, 1966; Введение в молекулярную биологию (тарчумаи аз англиси). Москва. 1967. М. Самиев.

Инчунин кобед

saharoza

САХАРОЗА

САХАРОЗА, канди найшакар ё лаблабу, яке аз мухимтарин дисахаридхост, ки дар хамаи растанихои фотосинтезкунанда мавчуд …