Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / САФАРОВ Рахмон

САФАРОВ Рахмон

САФАРОВ Рахмон (5. 8. 1930, дехаи Шохрачаби райони Балчувон), нависандаи советии точик. Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоки Совети Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1960. Ходими Хизматнишондодаи Маданияти Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон. (1980). Дар омузишгохи педагоги (1946—1948) ва Институти муаллимии Кулоб (1948—1950) тахсил ва дар райони Дангара муаллими кардааст. Соли 1951 ба сафи Армияи Совети даъватшуд ва соли 1977 ба истеъфо баромад. Шуъбаи гоибонаи факултети таърихи Институти педагогии ба номи Тарас Григоревич Шевченкои Душанберо хатм намуд (1964). Пас аз хидмати харби солхои 1978— 1979 дар Институти таърихи Академияи Фанхои Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон кор кардааст. Аз соли 1979 корманди Бюрои таргиботу ташвикоти адабиёти бадеии Иттифоки нависандагони Точикистон мебошад. Фаъолияти эчодии Сафаров аз аввали солхои 1970 шуруъ шудааст. У корнамоихои фарзандони халки точик Сафар Амиршоев (повести хуччатии «Сафар Амиршоев», 1973; песаи «Сафар Амиршоев», 1974), Домулло Азизов (повести «Фарзанди сарзамини ман», 1978, ба забони руси) ва Саидкул Турдиевро (повести «Кахрамони Вахш ва Днепр», 1981) дар асоси хуччатхо ба таври бадеи тасвир намудааст. Бо медал- хо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон мукофотонида шудааст. Аз соли 1978 узви Иттифоки Нависандагони Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти Союз Советских Социалистических Республик . Адабиёт: Н а з р и е в Р., Посдори хотирахо, газетаи «Адабиёт ва санъат», 23 феврали, 1984; Писатели Таджикистана. Душанбе,1981.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.