Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШАФАК Ризозода

ШАФАК Ризозода

ШАФАК Ризозода (1892, Табрез—1971), адабиётшиноси эрони. Тахсили ибтидои ва миёнаро дар зодгохаш гирифт. Яке аз иштирокчиёни инкилоби Машрута (1905— 11) буд. С. 1910 рузномаи «Шафак»-ро интишор дод. Дар натича ба таъкибот дучор шуда, ба Истанбул рафт. Пас дар фак-та фалсафаи Ун-та Берлин тахсил кард ва ба унвони доктори ноил гардид. Асархои Шафак ба адабиёт, забон, таърих, фалсафа ва иктисодиёти Эрон оиданд. «Таърихи адабиёти Эрон» (1943), «Фарханги «Шохнома» ва мулохизоте дар бораи Фирдавси» (1942), «Мубориза бо хурофот» (1940), «Сатторхон» (1957), «Рохи рахои дар истихлоси иктисодии Эрон» (1923) ва г. Шафак забонхои немиси, англиси, франсави ва туркиро хуб медонист ва «Таърихи адабиёти форси»-и Эте, «Таърихи мухтасари Эрон аз аввали ислом то инкирози зандиён»-и П. Хорн, «Таджик дар фахми башар»-и Ч. Локк ва диг. асархои илмиву бадеиро ба форси тарчума кардааст. Хамчунин у ба девони ашъори Мухаммад Рахимии Шево, Орифи Казвини ва диг. мукаддима ва шархи муфасале навиштааст. Шафак дар сабки классики шеърхо дам дорад, ки чандон муваффакият пайдо накардаанд. Ф. Начмонов.

Дар борамон

Инчунин кобед

САХИ Мирзо Абутолиби Кошони

САХИ Мирзо Абутолиби Кошони (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири точик (асри 16). Тазкиранависон Сахиро …