Маълумоти охирин

САЯН

САЯН (куххои Саян), кишвари кухиест, ки дар кисмхои чанубии кишвари Красноярск ва вилояти Иркутск, кисми шимолии Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Тува ва кисми гар- бии Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Бурятия вокеъ гаштааст. Аз куххои Олтои Шарки, каторкухи Абакан ва Олатови Кузнеск (дар Гарб) то кули Байкал (дар Шарк) тул кашидааст. Якчанд каторкуххои мувози ва самтхояшон гуногунро дар бар мегирад. Дар байни каторкуххо чандин хамихои сарбаста чой гирифтаанд. Баландии каторкуххо дар шимол 500 метр, дар канорхои чанубии кишвар 900 метр, дар маркази он 2500—3000 метр ва аз ин хам бештар аст (дар массиви Мунку Сардик—3491 метр). Саян аз чихати орографи ба ду системаи кухи — Саяни Гарби ва Саяни Шарки таксим мешавад. Саяни Гарби дар чануби кишвари Красноярск ва Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Тула вокеъ гашта, аз болооби дарёи Малый Абакан (шарктари кули Телес) то пайвандгохи куххои Саяни Шарки (дар саргахи дарёхои Казыр ва Уда) ба масофаи такрибан 650 километр тул кашидааст. Саяни Шарки дар чануби кишвари Красноярск дар вилояти Иркутск, кисми гарбии Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Бурятия ва кисми шимоли шаркии Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Тува чойгир шудааст.
Дар Саян кварсити охандор, маъданхои охану мис, тилло, графит, асбест, абрак ва сарватхои дигари зеризамини мавчуданд. Чашмахои минерали низ бисёранд. Иклими Саян нихоят континенти. Зимистонаш дароз ва хеле хунук.
Дарёхояш ба хавзаи дарёи Енисей мансубанд. Калонтарини онхо — Енисей, Абакан, Туба, Мана, Кан (бо Агул). Олами хайвоноти Саян: заргуш, санчоб, рубох, гавазн, хирси бур, холгул; паррандахояш дурроч, чилмург, эзорсурхак ва гайра. Дарёхон Саян мохихои гуногун доранд.

Дар борамон

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …