Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Республикаи Малта

Республикаи Малта

Республикаи Малта – давлат дар галачазираи Малта, дар кисми марказии бахри Миёназамин. Масохаташ— 316 км². Ахолиаш 430 хазор нафар (2017). Пойтахташ шахри Валлетта. Малта— республика (аз декабри 1974). Сардори давлат — президент. Органи конунгузор — Палатаи намояндагон. Хокимияти ичроия хукумат буда, ба парламент хисобот медихад.
Табиат. Сохилхои чануб ва чанубу гарбии чазираи Малта пасту баланд буда, горхои зиёде дорад; кисми шимол ва шимолу шаркии он аз бандархои паст иборат аст. Чазирахо аз охаксангу гил таркиб ёфтаанд.

Малта

Релефаш аз пуштакуххои карсти иборат аст, ки баландиаш ба 240 метр мерасад (дар чазираи Малта). Иклимаш бахри миёназаминист. Харораташ миёнаи феврал 12° С; августи 25° С; боришоти солона кариб 530 мм. Дарё надорад. Набототи ксерофитни навъи бахримиёназамини бештар меруяд. Олами хайвоноташ камбагал аст.

Ахоли. Кариб 98% ахолиро сокинони махалли — малтонхо ташкил медиханд, ки забонашон ба халкхои араби Африкаи Шимоли хеле наздик аст. Англисхо ва пталиявихо низ зиндаги мекунанд. Забонхои расми — малтой ва англиси. Дини хукмрон — масехия. Ахоли хеле зич аст: дар 1 км² 1000 нафар 87% ахоли дар шахрхо зиндаги мекунад. Шахрхои калонаш: Слима, Валлетта.
Маълумоти таърихи. Аввалин касабахои ахолинишин дар хазораи 4 то мелод пайдо шудаанд. Малта дар даврахои кадим тобеи финикихо, карфагенихо ва римихо буд. Асрхои 6—9 ба хайати империяи Византия дохил буд. Хукмронии бардавоми арабхо (870—1090) ба хочаги, маданият ва забони ахоли таъсири калон расонд. Соли 1530 Малтаро норманихо забт намуда, ба Сицилия хамрох карданд. Соли 1530 Малта ба ихтиёри ордени Иоанн (ордени Малта) гузашт. Онро аввал Наполеон (1798), сипас Британияи Кабир (1800) забт намуда, соли 1802 мустамликаи худ гардонд. Баъди ба кор даромадани канали Сузс (1868) ахамияти стратегии Малта хеле афзуд.

МАЛТА ДАР ХАРИТА

Малта дар бахри Миёназамин ба базаи пуриктидори харбии бахрии Британияи Кабир табдил ёфт. Дар натичаи пурзур шудани харакати озодихохии ахоли Британияи Кабир мачбур шуд, ки солхои 1929—30 ва 1947—59 худидоракунии Малтаро эътироф кунад. Соли 1962 Британияи Кабир бори дигар худидоракунии Малтаро эътироф намуд. 21 сентябри 1964 Малта дар доираи Иттиходи Британияи Кабир мустакил гардид ва худи хамон сол ба хайати ТДМ кабул шуд. Мамлакат аз хукмронии мустамликавии англисхо зарари калон дид. Сиёсати иртичоии хукумати Партияи милли, ки бар хилофи манфиатхои миллии халки Малта буд, боиси эътирози халк гардид.

Дар натичаи интихоботи умумии соли 1971 Партияи лейбористи ба сари хокимият омада, барои мустахкам намудани истиклоли Малта як катор тадбирхо андешид. Соли 1972 байни Малта ва Англия шартномаи нав баста шуд, ки он мухлати ичораи территория дар ихтиёри базахои харбии бахрии Англия будаи Малтаро боз 7 сол дароз кард. Дар айни замон хукумати Малта муносибати худро бо як катор мамлакатхои хоричи фаъолтар намуд. Соли 1972 дар Малта пункти ахборотии ТАСС кушода шуд.

Хочаги – Иктисодиёти Малта хеле заиф аст. Дар иктисодиёти он капитали хоричи, пеш аз хама Англия, хукмрон аст. Сохахои асосии саноат: хуроквори ва бофандаги. Малта консервхои меваю сабзавот, шарбат, тамоку, газвор ва матоъхои пашмину пахтагин, трикотаж истехсол мекунад. Baй корхонахои хурди пойафзоли чармин, коркарди металл ва гайра дорад.
Устохонаи калони таъмири кишти мавчуд аст. Дар чазираи Малта на макиош ва санги бинокори истехсол мекунанд. Дар Малта хунархои нафис (хаккокии нукраю тилло, турбофи) хеле равнак ёфтааст.

Дар хочагии кишлок, зироат бартари дорад. Такрибан дар 50% худуди Малта галла (гандум, чав), мева (зайтуну ангур) парвариш мешавад; богдорию гулпарвари низ таракки гарда аст. Пахта хам мекоранд. Аз чорвои майда бузу хук бештар аст. Мург ва харгуш хам парвариш мекунанд. Аз обхои назди сохил сардинаю тюлен сайд мекунанд.
Малта рохи охан надорад. Тули роххои сангфарш 1,2 хазор километр. Бандари асоси ва аэропорташ — Лука. Малта ба хорича газвор, вино, сабзавот, мева, гул, тухми, пук бароварда, аз он чо озука, сузишвори, химикат ва воситахои наклиёт мехарад. Малта бо Британияи Кабир, Италия, РФГ алокахои тичорати дорад. Вай аз соли 1971 аъзои «Бозори умуми» мебошад. Харчи савдои беруниро аз хисоби туризм мебарорад. Вохиди пул — фунти малта.
Валлетта. Манзараи як кисми шахр.
Маориф. Низоми маориф тахти коргузории англиси ташаккул ёфтааст. Системаи маорифи халк аз зинаи поёнии он — аз муассисахои томактаби — богчаи бачахо cap мешавад. Бачахо аз 5-солаги дар мактаби ибтидои тахсил мекунанд, ки он аз 2 зина иборат аст: 2-сола — барои кудакон; 6-сола — мактаби ибтидои. Мухлати тахсил дар мактаби миёна 7 сол (5 + 2) аст. Таълими хатми — аз 6 то 16-солаги. Мактабхои ибтидоию миёна давлати ва хусусианд. Соли тахсили 1973/1974 дар мактабхои ибтидоии давлати 25267 нафар, дар мактабхои миёнаи давлати 20023 ва дар мактабхои ибтидои ва миёнаи хусуси 15 255 нафар талаба тахсил мекард. Муаллимони мактабхои ибтидоию миёнаро асосан мактабхои миёна тайёр мекунанд. Соли тахсили 1973/1974-ум 110 нафар хатмкунандагон маълумоти педагоги гирифтанд. Университети подшохии Валлетта мутахассисони дорои маълумоти оли тайёр мекунад. Гайр аз ин Коллечи илмхои ичтимои ва табиатшиноси хам хаст.

Китобхонахои калон: Китобхонаи Университети подшохи (1769), Китобхонаи подшохии Малта (1955), Китобхонаи оммавии чазираи Гоцо (1853). Дар Валлетта аз соли 1903 Музеи миллии Малта вучуд дорад.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …