Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Республикаи Никарагуа

Республикаи Никарагуа

Никарагуа (Nicaragua), Республикаи Никарагуа (Republica do Nicaragua), давлат дар Америкаи Маркази. Дар Шимолу Шарки бо Гондурас, дар Чануб бо Коста-Рика хамсархад. Дар Чанубу Гарби онро укёнуси Ором, дар Шимоли бахри Кариб ихота карда аст, ки якчанд чазираи хавзаи он ба Никарагуа дохил мешавад. Масохаташ — 148 хазор км2. Ахолиаш —2,6 млн нафар (1980). Пойтахташ Манагуа. Забони давлати — испани. Дини хукмрон — католики. Аз чихати маъмури Никарагуа ба 16 депар­тамент ва 1 территория чудо шудааст.

Сохти давлати. Сардори давлат ва хукумат — президент, ки у ба мухлати 6 сол интихоб мешавад. Орга­ни конунбарор — Конгресси милли, ки он аз ду палата — Сенат ва палатаи депутатхо иборат аст. Систе­меи суди: Суди оли, судхои апеллятсиони, судхои инстансияи якум ва судхои махалли.

Табиат. Дар мамлакат пастии аллювиалии сохили Москит вокест, ки бари он 130 км буда, то худи сохили бахри Кариб тул мекашад; кисми шимоли ва марказии он аз пахнкух иборат аст, онро дарёхои Коко, Рио- Гранде, Рио Эскондидо ва дигарон бу­рида мегузаранд. Дар Гарб ва Чануб пастхамии тектоники вокест, ки он чандин вулкони амалкунанда (аз он чумла Косигуина, 846 м, Эл-Вехо, 1780 м, Момотомбо, 1258 м) ва кулхои калони Манагуа ва Никарагуаро дарбар мегирад. Кони тилло, нукра, мис хаст. Иклимаш тропикии пассати (дар Шимол), субэкватори (дар Гарб). Харорати миёнаи мохона 25—26°С, боришоти солона аз 2000 мм то 6500 мм. 50% территорияи мамлакатро беша фаро гирифтааст. Дар Никарагуа маймунхо, тапир, пекар, мурчахур хаст. Ба микдори зиёд хояндагон, мушхои паррон, мургхои гуногун, хазанда­гон зиндаги мекунанд.

Ахоли. Кариб 85% ахоли никарагуагихо. Бокимонда самбо, дурага, хиндуёни мухочиранд. Кисми зиёди ахоли католик, бокимонда про­тестант. Шахрхои калон: Манагуа, Ле­он, Матагалпа, Гранада.

Очерки таърихи. Дар замонхои ка­дим дар территорияи Никарагуа кабилахои хинду мезистанд. Номи мамлакат аз номи яке аз сардорони кабилахои атстек ва толтек — Никарао, ки аз Мексика омада буданд, гирифта шудааст. Соли 1502 ба Никарагуа испанихо омаданд. Соли 1522 онхо ба забти Никарагуа cap карда, 1524 шахрхои Гранада ва Леонро бунёд намуданд; баъди он ба хайати генерал- капитании Гватемала дохил карда шуд. Ахолии махалли гулом ва кисми зиёдаш кир карда шуд. Конкистадорхои Испания ва авлоди онхо — креолхо кисми зиёди заминро аз худ карданд. Барои дар плантатсияхо кор кардан аз Африка гулом меоварданд. Охири асри 19 дар Никарагуа партияхои либерали ва консервативи ташкил шуданд. Дар байни ин партияхо барои хокимият мубориза мерафт. Дар натичаи мубориза бахри озодии мустамликахои дар Америка будаи Испания 15 сентябри 1821 Никарагуа истиклолият ба даст овард.

Никарагуа соли 1822 дар хайати империяи Мексика, солхои 1823—1838 дар хайати Федератсяи музофотхои муттахидаи Америкои Маркази дохил буд. Аз апрели 1838 республикаи мустакил. Аз соли 1850 ба иктисодиёти Никарагуа капи­тали Америка cap даровард. Соли 1855 ба Никарагуа отряди америкоихо бо сардории У. Уоркер зада даромад. У бо дастгирии хукумати Америка солт 1856 худро президенти Никарагуа эълон кард. Мочарочуи америкои кушиш мекард, ки Америкаи Марказиро ба ШМА хамрох карда, онро ба манбаи гу­ломдори табдил дихад. Аммо армияхои муттахидаи Гватемала, Салва­дор ва Гондурас Уоркерро аз Никарагуа танг карда бароварданд; баъд аз чанде уро дар Гондурас дастгир карда парронданд. Солхои 1857—1867 президенти Н. Т. Мартинес буд, ки у хамчун муборизи зидди Уоркер ном баровард. Мартинес пойтахтро ба шахри Манагуа кучонд. Солхои 1867—1993 хукумат ба дасти консерваторхо, 1893 бо сардории X. С. Селая ба дасти либералхо гузашт. X. С. Селая ислохоти чузъи гузаронд (калисоро аз давлат чудо, хукумат умумии интихоботиро чори кард), сохтмони рохи оханро вусъат дод. Ин сиёсати хукума­ти Селая боиси норозигии ШМА гардид. Окибат хукумат (1910) ба, дасти хунта гузашт.

Никарагуа пурра тобеи; «Юнайтед Фрут» на дигар ширкатхои америкои гашт. Харакати халкии Никарагуа бахри озодии милли дар зери таъсири Револютсияи Октябр кувват гирифт. Дар Никарагуа аввалин партияи марксисти — Партияи мехнат (1925) таъсис ёфт. Охири 1926 отряди хурде бо рохбарии А. С. Сандино ба муборизаи зидди тачовузкорони Америка ва дастнишондахои он бархост. Дар сафи муборизон намояндагони кариб хамаи давлатхои Америкаи Лотини мечангидаид. Чанги муваффакиятноки партизани ва дастгирии байналхалки- ШМА-ро мачбур кард, ки январи 1933 кушунхояшонро аз Никарагуа бароваранд. Аммо феврали 1934 хукумат боз ба дасти генерали амрикопараст А. Самоса гузашт. Дар давраи Чанги дуюми чахони дар Никарагуа харакати де­мократ кувват гирифт, Федератсияи коргарон, партияи коммунистии — Партияи сотсиалистии Никарагуа (ПСН) ташкил шуд. Декабри 1944 байни Никарагуа ва СССР муносибатхои дипломати мукаррар карда шуданд, аммо намояндагони дипломати ба мамлакатхои якдигар фиристода нашуданд. Баъди тамом шудани чанг ахо­лии Никарагуа ба фишори сахти иртичоиён дучор гардид. Декабри 1945 ПСН гайриконуни эълон карда шуд (аз хамон вакт гайрилегали кор мебарад). Соли 1948 кушунхои Никарагуа дар мубориза бар зидди куввахои демократии Коста- Рика иштирок карданд.

Соли 1954 Са­моса бо ШМА муохидаи харби баста дар ташкил намудани табаддулоти контрреволютсиони дар Гватемала иштирок намуд. Ба таъкиботу фишору чазодихи нигох накарда муборизаи халки Никарагуа бар зидди диктатура давом кард. Сентябри 1956 Самоса кушта шуд, аммо ба чои у писараш Л. Самоса Дебайле диктатор шуд. Муборизаи халки Никарагуа бар зидди диктатураи Самоса дар зери таъсири галабаи зидди империалисти (январи 1959) дар Куба пурзур шуд. Соли 1959 дар Манагуа корпартоии умуми, 1960 шуриши ярокнок cap зад. Соли 1967 бо дастгирин ШМА писари ду­юми диктатор — А. Самоса Дебайле, президент интихоб шуд. ПСН ва дигар ташкилотхои прогрессиви барои барпо намудани фронти демократи муборизаро вусъат доданд. Баъди заминчунби дар Манагуа (декабри 1972) ба сабаби душвор шудани вазъияти мамлакат Совети фавкулоддаи милли ташкил карда шуда А. Самоса сардори ин Совет таъин гардид. Кисми зиёди ахолии мамлакат бар зидди тартиботи А. Самоса баромад мекунад.

Охири 1974 Иттифоки демократии озодкуни ташкил карда шуд, ба он партияхои оппозитсионии пешкадами буржуази, Партияи сотсиалистии Ни­карагуа ва калонтарин ташкилотхои иттифоки касаба дохил шуданд, ки он аз афзоиши мукобилат ба режими А. Самоса шаходат медод. Охири соли 1977 ва ибтидои 1978 ин мубориза хеле вусъат ёфт, партизанхои Фронти озодии миллии ба номи Сандино ба гарнизонхои гвардияи миллии Ника­рагуа хучум карданд. Январи 1978 мехнаткашони мамлакат корпартоии умумимилли эълон карданд, ки дар натичаи он 80—90%-и корхонахои савдо ва саноати аз кор монд. Само­са таъкиботро пурзур намуда, аз вазъияти душвор рахои ёфт. Аммо муборизаи халки Никарагуа ба мукобили режими мустабидаи диктатор Самоса торафт шиддат шрифт. Ба ин мубориза Фронти озодни миллии ба номи Сандино (ФОМС), ки соли 1961 барпо ёфта буд, рохбари кард.

ФОМС усулхои чанги партизаниро истифода бурда, дар байни коргарон, дехконон ва студентон корхои атататсиониро пуркувват намуда, дар муборизаи зидди диктатураи Самоса зимаи куввахои ватандусти мамлакатро муттахид кард. Отрядхои ФОМС декабри 1974 ба кароргохи хукумат дар Ма­нагуа хучум оварда нисфи аъзоёни кабинети вазиронро асир гирифтанд. Дар охири авгуси 1978 тахти рохбарии ФОМС шуриши халки огоз ёфта дар феврали 1979 хеле пурзур гардид. Ватандустон 23 май 1979 ба хучуми катъии зидди диктатор бархостанд. ФОМС 17 июн дар бораи барпо кар­да шудани хукумати муваккатии демократии тачаддуди миллии Никарагуа хабар дод. Самоса ба Майами (ШМА) фирар кард, хокимият ба дасти халк гузашт. 18 июли 1979 Совети давлати барпо нарда шуд, ки ба хайати он намояндагони ФОМС, фронтн миллии ватандустон ва дигар ташкилотхои ватандусти дохил шу­данд, Аввалин декретхо дар бораи мусодира кардани молу мулки хонадони Самоса, пароканда кардани «гвардияи милли» ва барпо намудани «армияи Сандино», милликунонии хамаи банкхои хусуси кабул карда шуданд. Дар галабаи халки Никарагуа дастгири ва ёрии халкхо ва хукуматхои мамлакатхои Америкаи Лотини ва мамлакатзои лагери сотсиалисти ро­ли калон бозид.

Партияхои сиёси ва иттифокхои касаба. Фронти озодии миллии ба номи Саидино (ФОМС), таъсисаш 1961. Коргару дехконон, студентон ва интеллигенсияи пешкадамро муттахид менаяд. Партияи сотсиалистии Никарагуа (ПСН), таъсисаш 1939. Партияи мустакили либерал и, таъсисаш 1941. П а р т и я и  сотсиа л-х р и с т и а и и и халцй (ПСХХ), таъсисаш 1976. Партияи сотсиа л-х ристиа н и, таъсисаш 1957. Харакати демократии Никарагуа, таъсисаш 1978. Партияи буржуазии калон. Партияи консервати вии Никарагуа, таъсисаш миёнаи асри 19.

Органи координатсионии иттифокхои касаба, таъси­саш 1980. Комитетхои мудофиаи С а н д и н о.Ч а в о н о н и Санди нои ба номи 19 июл, Ассотсиатсияи з а х ои Ни­карагуа ба номи Луиза Аманда Эспиноса.

Хочаги. Никарагуа— мамлакати аграрист. Дар истехсоли махсулоти умумии милли сахми хочагии кишлок, (соли 1974 ба хисоби %) 27,3, саноати истехсоли маъдани кухи 0,6, коркарди махсулоти са­ноати 20,3, савдо ва хизматрасони 21,6 буд. Иктисодиёташ асосан ба капитали ШМА тобеъ мебошад. Сохаи асосии хочагии кишлок— зироаткори. Кисми зиёди замин дар дасти заминдорон ва ширкатхои хоричи. Дар мам­лакат пахта, кахва, чуворнмакка, лубиё, шоли, найшакар, тамоку, банан парвариш мекунанд. Сохаи чорводори таракки кардааст; асосан гову хук парвариш карда мешавад. Дарахтони киматбахо дорад. Ба микдори зиёд харчанги бахри ва мохи мегиранд. Саноаташ суст таракки кардааст. Ба микдори кам тилло, нукра, мис истехсол мешавад. Соли 1977 1180 млн кВт энергияи электр истехсол карда шуд. Такрибан 50%^и арзиши махсулоти саноати ба сахми саноати хураквори рост меояд. Дар мамлакат корхонахои хурди саноати бофандаги, пойафзол, химия, коркар­ди металл, семент, когаз ва дигар со- хахои саноат, заввдиди истехсоли махсулоти нефт, комбинати гушт, чубгари хаст.

Наклиёт. Тули рохи охан 403 км (1981) дарозии рохи автомобилгард 14,4 хазор, км. Дар Лас-Мерседес аэропорти байналхалки хаст. Бандархои асосии бахри: Коринто, Пуэрто-Кабесас, Блуфилдс, Сан-Хуандел-Сур. Никарагуа ба хорича пахта, шакар, кахва, гушт, харчанги бахри, мева, чигит, тилло бароварда, аэ хорича асосан маснуоти саноати, нефт, махсулоти нефт, хуроквори, мошин мегирад. Шариконн асосии савдояш: ШМА, Япо­ния, РФГ ва давлатхои Америкаи Маркази. Вохиди пул — кор­доба.

Нигахдории тандурусти. Мувофики маълумоти Ташкилоти умумичаххонии нигахдории тандурусти соли таваллуд ба 1000 нафар ахоли 46, фавт 16,5; фавти кудакон ба 1000 кудаки навзод (1969) 45,3 рост меомад. Дарозии умр ба хисоби миёна 52,5 сол. Бештар беморихои сирояти ва паразити, беморихои варача, беморихои сил, кузоз, аракии шикам ва паратифхои чимои, бемории сироятии бачагона пахн шудааст. Бе­мории махав низ кайд карда шудааст. Дар зарфи хар 1—2 сол полио­миелит авч мегирад, бемории дилу paг, шуш ва гайра пахн шудааст. Аввали слхои 70 дар мамлакат 52 беморхонан дорои 4,4 хазор кат (2,3 кат ба 1000 ахоли) буд, ки дар онхо 1,1 хазор духтур (1 духтур ба 1,9 хазор нафар ахоли, 1971), 290 духтури дандон, кариб 2,5 хазор коркуни миёнаи тиб кор мекард. Факултети тиббии Университети автономии мил­лии Никарагуа (дар Леон) духтур тайёр мекунад.

Маориф. С. 1977 — 65, 70% ахолии мамлакат бесавод буд. Таълим барои кудакони аз 7 то 13-сола бепул ва хатмист. Соли тахсили 1974/75 дар Никарагуа 2.068 мактаби ибтидои 328.900 талаба, 7.645 муаллим буд. Дар базаи мактабхои ибтидои мактабхои миёнаи маълумоти умумии 6-сола ва мактабхои касбомузии 5—6-сола мавчуданд. Никарагуа 2 университет дорад: Университети автономии миллии Никарагуа (таъ­сисаш 1812, соли тахсили 1976—1977 9500 студент дошт) ва Университети Америкаи Маркази дар Манагуа (таъси­саш 1961; соли тахсили 1976/77 2477 студент дошт). Гайр аЗ ин институти по­литехники, Институти тибби, Институти Америкаи Марказии идоракунии корхонахо, 3 академия, 4 институти тадкикоти илми, 13 китобхона, Китобхонаи мил­ли (таъсисаш 1882, дар Манагуа), 2 музей: Музеи милли (дар Манагуа) ва музеи «Тендери» (дар Масайя) дорад,

Матбуот, радио, телевизион. Соли 1973 дар Никарагуа 8 газетаи харруза мебаромад. Газетахои асосии Манагуа: «Гасета» («La Gaceta», таъсисаш 1912, хукумати); «Новедадес» («Novedades», таъсисаш 1937, органи Партияи либералии миллатчи); «Пренса» («La Prensa», таъсисаш 1926, мустакил). Дар Леон газетахои: «Сентроамерикано» («Е1 Centroamerikano») ва «Универ­салы» («Е1 Universal») мобарояд. Уп­равленияи радио ва телевизиони милли хукуматист. Телевизион соли 1956 таъсис ёфтааст, ки дорои 4 стан­сия мебошад, 2-тои он хукумати.

Адабиёт. Адабиёти Никарагуа дар давраи мубориза бахри истиклолият (1810— 1826) ба забони испани ру ба инкишоф ниход. Шоир Ф. Кинонес Сунсия бо мачм. худ «Шеърхо» (1826) дар адабиёт ба романтизм асос гузошт. Дар охири асри 19 дар наср костумбризм (Г. Гусман ва дигарон) мавкеи асоси ишгол кард. Дар назм Р. Дарио (1867—1916) ба модернизм асос гузошт. «Лочвард» (1888), «Сурудхои хаёт ва умед» (1905) ва дигар асархои Дарио дар рухи зиддиимпериалисти таълиф шудаанд. Рави­яи декаденти дар асархои Э. Беля, С. Калдерон Рамирес (1868—1940) инъикос шудаанд. Дар шеърхои Сантяго Аргуэло мавзуи граждани, зидди империалисти мавкеи намоён дорад. Дар романхои Э. Роблето (таваллудаш 1892) «Хун дар тропикхо» (1930), шеърхои «Солдати гумном»-и (1922) С. де ла Селва (1893—1959) эътирози оммаи халк бар зидди сиёсати империалистонаи ШМА баён шудааст.

Баъди мукаррар гардидани дикта­тураи хонадони Самоса дар солхои 30 бисёр нависандагон ба хабс гириф­та (шоирон Р. Лолес Перес, Э. Каст­ро, А. Кортес ва дигар) ва аз мамлакат ронда шуданд (С. де ла Селва, А. Паляйс, 1886—1954 ва дигарон).Адибони пешкадам — Г- Алеман Боланьос (таваллудаш 1895), X. Пасос, П. А. Куадра (таваллудаш 1912), X. Пасос, X. Коронель Унречо (таваллудаш 1906) ва дигарон муборизаро барои озодихои демократи давом медиханд. Ашъори бисёр нависандагону шоирои ба таври махфи ва бе номи муаллиф нашр меша- вад.

Меъмори ва санъати тасвири. Ба маданияти кадимаи Никарагуа (марказаш дар нохияи кулхои Никарагуа ва Манагуа) тамаддуни Мексика, Колумбия ва Панама таъсир расондааст. Шахрхои дар давраи мустамлика будани Никарагуа бинохои яккабатаи (бо руи хавли) деворхояш гафс, кучахои камбар характернок буданд. Бинои калисохои асрхоп 17—19 асоси росткучад дошта, бо манорахои паст оро ёфтааст, дигар кисмхояш бо услуби барокко (калисои Леон, 1747—1825) ва дертар класситсизм (намои иморати калисои Сан-Франсиско дар Гранада, 1862) офарида шудааст. Асри 20 дар Манагуа бинохои замонави бунёд шуданд. Дар ин давра санъати тасвири равнак ёфт. Аз касбу хунархои анъанавии халки кандакори дар руи чуб, кулолб, кашидадузи ва гайра маъмул мебошад.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …