Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Республикаи Нигер

Республикаи Нигер

(Niger), Республикаи Нигер (Ripubligue du Niger), давлатест дар Африкаи Гарби. Дар Шимол бо Алчазоир ва Либия, дар Шилол бо Республпкаи Чад, дар Чануб ва Чанубу Гарб бо Нигерия, Дагомея ва Волтаи Боло, дар ­Гарб бо Мали хамсархад аст. Масохаташ 1267 хазор км2. Ахолиаш 5,64 млн нафар (1980). Пойтахташ —шахри Ниамей (ахолиаш 250 хазор, 1980). Ба 7 департаменти маъмури таксим шудааст.

Сохти давлати. Нигер— республика. Баъд аз табаддулоти харбии 15 апрели 1974 конститутсяи он бекор карда шуд. Хокимияти конунгузор ва ичроия ба Совети олии харби (СОХ) мансуб аст. Сардори давлат ва хукумат, инчунин раиси Совети олии харби президент мебошад. Системаи суди: Суди Оли, апеллятсиони, судхои инстансияи якум ва судхои оштидиханда.

Табиат. кисми зиёди территорияи Нигерро Сахрои Кабир ташкил медихад. Сат­хи территорияи Нигер асосан аз пуштакуххои баландиашон то 500 м иборат. Кисми маркази — Аир масохаташ васееро ишгол мекунад ва аз пуштакуххои алохидаи баландиашон аз 1000 то 1500 м (нуктаи баландтарини к. Безеган —1900 м) иборат мебошад. Дар Чанубу Гарби водии дарёи Нигер, дар Чанубу Шарк як кисми кули Чад чойгир аст. Тамоми территорияи Нигер дар худуди платформаи Африка вокеъ буда, руи онро тахшинхои давраи палеозой, мезо­зой ва кайнозой фаро гирифтаанд. Сарватхои зеризамини: маъдани уран, калъаги, волфрам, ниобий, охан, мис, намаки ош. Иклимаш тро­пики, гарм ва хушк, дар субэкватори; боронхои кутохмуддати мавсими меборанд (3—4 мох). Харорати ми­ёнаи январ дар Шарк аз 15°, дар % то 25°, июл 25° ва 30° С. Боришоти со­лона дар Чануб 250—300 мм дар Шимол ва пуштакухи Аир 80—100 мм. Яго­на дарёи хушкнашаванда — Нигер.

Даштхои хокашон сурху бур ва сурхчатоб бисёранд. Растанихои биёбони ва нимбиёбони бештаранд. Дар Чануб саваннахои дарахтони камёби акокия, баобаб, нахли сирак меруянд. Дар Чануб шер, фил, заррофа, оху, шагол, кафтор ва хояндагон хастанд.

Ахоли. Хайати этникии ахолии Нигер мураккаб аст. Дар Чануб хаусхо (50%), дар Чанубу Гарб сонгахо ва чермахо, барбархо, каури, манта, дар Гарб туарегхо зиндагони мекунанд. Кучманчи ва нимкучманчиёни фулбе дар хамаи нохияхои мамлакат хастанд. Шумораи ками европоиён, асосан франсавихо низ маскунанд. Забони асоси — Франсави. 85%’ахоли мусулмон, бокимондагон пайрави дигар динхои анъанавии махаллланд. Ахоли асо­сан дар Чануб зиндагони мекунад. Калонтарин шахрхо: Ниамей, Зиндер, Маради, Тахва.

Очерки таърихи. Дар территорияи Нигер одамон аз кадимулайём маскунанд. Бозёфтхои археологии давраи нео­лит ба он гувохи медиханд. Дар асрхои миёна баъзе кисмхои Нигери хозира ба хайати давлатхои хамсоя до­хил буд. Вилоятхои гарби ва чанубу гарби ба давлати Сонгаи тааллук доштанд, нохияхои шарки наздики асри 9 ба хайати давлати Канеми—Борну, нохияхои Чануби дар ибтидои асри 19 ба хайати давлати Сокото дохил буданд.

Аз солхои 80 асри 19 Нигер ба тачовузи мустамликадорон дучор шуд. Нигер соли 1904 бо мустамликаи Сенегал—Нигери Боло, ки ба хайати Африкаи Fapбии Франсави (АГФ) дохил буд, хамрох карда шуд; соли 1922 мустамликаи Нигер нохиян маъмурии алохидаи АГФ гардид. Истилои Нигер боиси таназзули хочагии кишлок, хунарманди ва савдо шуд. Нигер ба мамлакати якказироат (арахис) табдил меёбад. Халк ба мукобили франсавихои истилогар мунтазам мубориза мебурд. Шуришхои халкхои черма (1905), тубу ва туа­регхо (1906—1914), туарегхо ва дигарон (1914—1917) аз ин бобат шаходат ме­дихад. Дар байни чангхои якум ва дуюми чахон низ халки Нигер ба мукобили мустамликадорон мубориза ме­бурд. Баъди чанги дуюми чахон ба харакати миллии озодихохи Парти­яи прогрессивии Нигер (ППН, таъсисаш 1946) рохбари кард. Соли 1951 каноти чапи ППН бо сардории Чибо Бакари аз ин партия баромада, пар­тияи нав — Иттифоки демократии Нигерро ташкил дод, ки он соли 1958 ба партияи Саваба (ба забони хауси —Озоди) табдил ёфт.

Нигер соли 1958 дар Хайати Иттиходияи Франсави «автоном или демократи» эълон карда шуд. ППН дар интихоботи Мачлиси милли галаба карда, хукумати якпартияви таъсис намуд. Ин хукумат фаъолияти партияи Савабаро манъ кард (1959). Авчи харакати миллии озодихохи хукумати Франсияро мачбур кард, ки ба шартномаи ба Нигер додани истиклолият имзо кунад. 3 августи 1960 Нигер аз Иттиходия баромад, аммо Франсия ба гардани он як катор ухдадорихоро бор карда бар куввахои мусаллах муносибатхои дипломати, молия ва иктисодиёти мамлакат назоратро пуркувват намуд. Партияи хукмрони Нигер аз мавкеи миллатчигии африкои баромад карда, дар бораи чамъияти ба худ хоси африкои те­зис пешниход намуда ва консепсияи рохи мобайнии» байни капитализм ва сотсиализмро пеш гирифт Нигер бо мамлакатхои «Бозори умуми» ва Канада алока дорад. Чунин сиёсат ба дигаргунсозихои асосии ик­тисоди ва халли масъалахои чиддии инкишофи мамлакат имноният намедод. Хукумат дар сохаи сиёсати хо­ричи аз мавкеи бетарафи баромад карда, сиёсати инкишоф додан и алокахои берунаро пеш гирифт.

Апрели 1974 табаддулоти харби ба амал омад. Хикимият ба дасти Совети олии харби (СОХ) бо сардории под­полковник С. Кунче гузашт. Конс­титутсия бекор ва фаъолияти Парти­яи прогрессивии Нигер манъ карда шуд. СОХ хазор намуд, ки ухдадорихои байналхалкии аз ин пеш кабулшударо ичро хохад кард. Хуку­мати Кунче дар coхaи сиёсати дохили кушиш карда истодааст, ки масъалахои бекори, мухочирати ахолии дехот ба шахрхо, бекурбшавии пули когази, баланд шудани нарху наво ва ханнотиро хал намояд. Феврали 1976 вазъияти иктисодии мамлакат хеле ванин буд. Хукумат ба дигар мамлакатхо ва ташкилотхои байналхалки мурочиат намуд, ки ба Нигер ёри расонанд. Нигер мачбур шуд, ки ач хисоби ёрии моддии Иттиходияи икти­содии Европа 10 хазор т тухми арахис харида гирад. Марти 1976 барои та­баддулоти нави давлати кушише карда шуд. Ноябри хамон сол хонандагони литсейхо исён бардошта, талаб намуданд, ки шароити тахсил бехтар карда шавад. Аммо хукумат литсейхоро ба мухлати як сол баст. Нигер мохи феврали бо Кампучия ва мохи апрели бо Куба алокахои дипломати баркарор намуд. Муносибатхои дип­ломатии байни Нигер ва СССР соли 1972 ба рох монда шуданд. Соли 1975 харду давлат доир ба хамкории иктисоди ва техники шартнома баст. Нигер аз соли 1960 аъзои ТДМ мебошад.

Иттифокхои касаба. И т т и х о д и  миллии мехнаткашони Ни­гер (таъсисаш 1959). Аз соли 1962 он ба Федератсияи иттифокхои касабаи Африка дохил аст.

Хочаги. Нигер мамлакати аграрии кафомонда ва суст тараккикардаест. Дар он асосан зироат ва чорводори нисбатан пеш рафтааст. Сохахои асосии хочаги ба капитали хоричи, алалхусус ба капитали Франсия, тобеанд. 97% ахолии кобили мехнати мамлакат дар хочагии кишлок кор мекунад. Заминдории обшинаги, хочагихои хурди натурали ва нимнатурали бартари доранд. Дар мамлакат арзан, чойчувори, маниок, найшакар, шоли, батат, пахта, тамоку, хурмо, сабзавот парвариш мекунанд. Зироати асосии экспортшаванда арахис (95,5 хазор т, 1976) мебошад. Гуммиарабик, капок, магзи карите низ чамъовари карда мешавад. Дар марказ ва шимол Нигер чорводори инкишоф ёфтааст. Саршумори чорво (1978, ба хисоби млн cap): гов — 2,99, гусфанду буз —9,46, уштур — 0.35. Бо мохигири низ машгуланд. Сарватхои зеризамини: уран, маъдани калъаги, гач, намаки ош, сода. Аз 4/з хиссаи махсулоти саноатиро корхонахои саноати хуроквори медиханд. Корхонахои асосии он: заводхои мукашшаркунии ара­хис ва истехсоли равгани арахис, заводхои биринч, шир, заводи пахта, фабрикаи бофандаги, заводхои даббоги ва чарм, заводи семент ва гайра. Хунарманди хеле таракки кардааст. Наклиёти автомобили намуди асосии наклиёт мебошад. Тули роххои автомобил- гард 18 хазор км (1978). Нигер рохи охан надо­рад. Дарёи Нигер киштигард аст. Дар Ниамея аэропорт хаст. Нигер ба хорича арахис, чорво, консентрати уран бароварда, аз хорича газвори пахтагин, махсулоти саноати мошинсози, махсулоти нефт, шакар мегирад. Шарикони асосии савдояш: Франсия, Нигерия, РФГ.

В о х и д и пул — франки африкои.

Тандурусти. Солхои 1965—1970 таваллуд ба хар 1 хазор ахоли 52,2, фавти умуми 23,3 буд; фавти кудакони навзод бештар аст: ба 1 хазор кудаки навзод 200 фавт рост меояд. Касалихои сирояти ва паразитари бисёранд. Солхои 1970—1971 касалии сил, сулфакабутак, махмалаи, варака, хе­ле пахн гардида буд. Солхои 1969—1970 дар мамлакат 67 муассисаи табобати (дорои 2 хазор кат, 0,5 кат ба 1 хазор ахоли) кор мекард. Соли 1973 дар Нигер 81 духтур (1 духтур ба 52 хазор ахоли) буд.

Маориф. Соли 1970 кариб 90% ахоли бесавод буд. Кудакон расман аз син­ни 7—15-солаги бояд хатман тахсил намоянд. Мухлати тахсил дар мак­таби ибтидои 6 сол, дар мактаби миёнаи пурра (литсей) 7 сол, дар мак­таби миёнаи нопурра (коллеч) 4 сол. Таълим ба забони франсави. Со­ли тахсили 1970/71 дар мактабхои ибтидои 88,6 хазор дар мактабхои миёна 6,5 хазор талаба мехонд. Дар ба­заи коллеч муаллим тайёр карда мешавад. Дар Ниамей университет (таъси­саш 1973), Мактаби маъмурии мил­ли, Музеи милли, китобхонаи назди Мактаби маъмурии милли хаст.

Матбуот, радио, телевизион. Соли 1974 дар мамлакат газетхои харрузаи «Сахел» («te Sahel»), «Сахал хебдо» («Sahel Hebdo») ва «Журнал офисел де ла Републик дю Нижер» («Officiel de Republigne du Niger «Journal») нашр мешуданд Хамаи нашрияхо тахти назорати хукуматанд. Соли 1967 идораи хукумати — Управленияи радиошунавони ва телевизион ба кор cap кард.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …