Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Республикаи Нахчувон

Республикаи Нахчувон

Нахчувон Республикаи Автоно­мии Советии Сотсиалисти (Нахчыван Мухтар Совет Сосиалист Республикасы), РАСС Нахчувон. Дар хайати РСС Озарбойчон 9 феврал 1924 ташкил ёфт. Дар кисми чануби гарбии Закавказия чой гирифтааст. Дар Чануб ва Гарб бо Эрон ва Туркия хамсархад мебошад. Масохаташ 5,5 хазор км2. Ахолиаш 247 хазор нафар (1981). Аз чихати маъмури ба 5 район таксим шуда, 3 шахр ва 3 птш дорад. Шахрхо: Нахчувон, Чулфа, Урдубод, Марказаш — ш. Нахчувон.

Республика бо ордени Ленин (1967) ва ордени Дустии халкхо (1972) мукофотонида шудааст.

Конститутсияи чориро сессияи 8- уми гайринавбатии Совети Олии РАСС Нахчувон 30 маи 1978 кабул кардааст. Органи Олии хокимияти давлати — Совети Олии РАСС Нахчувон (ба мухлати 5 сол интихоб карда меша­вад), дар байни сессияхо — Прези- диуми Совети Олии республика. Совети Оли хукумати республика — Со­вети Вазиронро ташкил медихад. Органхои махаллии хокимияти давлати: Советхои депутатхои халкии райони, шахри, посёлкави ва кишлоки. Системаи суди: .Суди Олии РАСС Нахчувон ва судхои халкии райони.

            Табиат. Нахчувон кисми чануби шаркии кухсори Закавказияро ишгол мекунад. Кариб 75% территорияи он дар баландии 1000 метр аз сохили бахр вокеъ аст. Дар Шимол каторкухи Даралагез, дар Шарк каторкухи Зангизур (нуктаи баландтаринаш кухи Капичик, 3904 метр) чой гирифтааст. Дар кисми чануб ва чануби гарби водии дарёи Аракс вокест. Сарватхои зеризамини: маъданхои мо­либден, сурб, рух, мис, намаксанг, сулфур, сангхои бинокори ва гайра. Зиёда аз 200 чашмаи минерали до­рад. Иклимаш нихоят континенти. Харорат миёнаи январ дар хамворихо 3 ва —6°Селсия, дар куххо —10—14° Селсия; июл мувофикан 28° Селсия ва аз 25° то 5°Селсия. Боришоти солона 300—500 миллиметр. Калонтарин дарёхо: Аракс бо шохобхояш Арпачай, Нахчувончай, Алинчачай, Гелончай, Урдубодчай ва гайра. Хокхояш асосан бури, хокистаранг, дорчинранг мебошанд. Дар хамворихо шибог ва шура, дар кухистон растанихои баландкуди даш- тй, субалпй ва алпй меруянд. Дар баландидои 1700—2350 м чо-чо бе- шадо вомехуранд. Олами хайвонот: бузи кухи, муфлон, хирс, бабр, гуроз, рубох; аз паррандахо мурги хилол, кабк ва гайра.

            Маълумоти таърихи. Одам дар территорияи республика хануз аз давраи неолит маскан гирифтааст. Дар асрхои 8—7 то м. Нахчувон ба хайати давлатхои Мана ва Мод, дар асрхои 6— 2 то м. ба хайати давлати Хахоманишиён, дертар ба хайати давлати Атропатен дохил мешуд. Нахчувонро асрхо 3 м. форсхо, асрхо 7 арабхо, асрхо 11 салчукихо забт карданд; ш. Нахчувон (кароргохи султон Алпарслон) дар асри 12 пойтахти давлати Илдагизхо буд.

Дар асрхои 13—15 тамоми территорияи Нахчувон зе­ри хукми мугулхо ва Темур, тобеи давлатхои Карокуюнлу ва Оккуюн- лу, дар асрхои 16—17 асри хукми давлати Сафавиён буд. Дар асри 17 дар Нахчувон такти рохбарии Гуругли харакати дехкони ва зиддифеодали вусъат ёфт.

Дар асри 18 хонии сохибихтиёри Нахчувон ба вучуд омад. Дар натичаи чанги Россияю) Эрон (1826—28) мувофики Созишномаи Туркмансой (1828) хонии Нахчувон ба Россия хамрод карда шуд. Дар аввали асри 20 нахустин ячейкахои с.-д. в а ташкилоти «Гуммет» ба вучуд омаданд. Бахор ва тобистони 1917 дар Нахчувон, Чулфа ва стансияи рохи охан Шохтахта Советхо ташкил шуданд,’ аммо дар асл хокимият  монанди пештара боз чанде дар дасти беку хонхо монд. Июни 1918 ин кишварро туркхо, ноябр англисхо ишгол  карданд;

Соли 1919 зери хукми дашнакхою мусовотчиён буд. 28 июли 1920 дар Нахчувон Хокимияти Совети эълон карда шуд. Феврал 1923 кишвари  автономии Нахчувон ташкил гардид, ки он феврали 1924 ба РАСС Нахчувон табдил ёфт. 18 апрели 1926 аввалин Конституцияи РАСС Нахчувон кабул карда шуд. Дар давраи Чанги Бузурги Ватани мехнаткашони рес­публика дар фронт ва акибгох мардонаги ва кахрамони зохир намуданд. Хазорхо нахчувонихо бо орде­ну медалхо мукофотонида шуда, се нафари онхо сазовори номи баланди Кахрамони Иттифоки Совети шуданд.

Хочагии халки Нахчувон дорои хочагии кишлоки серсоха ва саноати мутаракки аст. Саноати хуроквори 62% махсулоти саноатро медихад. Дар Нахчувон заводхои оби минерали (Бадамлах ва Сироб), комбинати консерв (Урдубод), комбинати гушт, заводхои вино, комбинати равгану панир, фабрикаи тамоку (Нахчувон) ва гайра хастанд. Саноати истихрочи маъдан (конхои Парагасой ва Нахчувон), мошинсози ва коркарди металл (заводхои электротехникии Нахчувон ва таъмири автомобилхои Шахбуз) таракки кардаанд. Калонтарин са­ноати сабуки Нахчувон заводи пахтатозакунии Иличёвск, фабрикаи шохибофии Урдубод ва фабрикаи дузандагии Нахчувон. Дар наздикии Нахчувон мармар хосил намуда, намаксанг, маъ- данхои молибден ва сурб низ истихроч мекунанд. Дар республика фабрикаи мебел, заводхои радиотехники ва таъ­мири автомобил мавчуданд. Xочагии кишлоки Навчувон низ ривочу равнак дорад. Заминхо асосан обёришавандаанд. Зироати асоси: тамоку ва галла (асосан гандум). Дар доманаи куху теппахо богдори, токпарвари ва кирмакдори таракки кардааст. Аз чорво асосан гусфанд мепарваранд. Республика соли 1981 68700 гову барзагов, 288600 сар гусфанду буз дошт. Аз территорияи республика рохи охани Боку — Ере­ван мегузарад.

            Нигахдории тандурусти. Соли 1981 дар Нахчувон 46 беморхона, 52 амбулато- рияю поликлиника буд ва дар онхо 503 духтуру 2374 нафар коркуни миёнаи тибби кор мекард. Дар территорияи рес­публика чашмахои минералии Бодомли, Сироб, Даратог, Кизилвон ва гайра хастанд.

            Маданият. То Револютсияи Кабири Сотсиалистии Ок­тябр 98% ахоли бесавод буд. Дар сехи фабрикаи пилларесии Урдубод солхои Хокимияти Совети таълими умуми  чорй гардид, бесаводи бархам дода шуд. Соли тахсили 1980/81 дар Нахчувон 218 мактаби маълумоти умуми, 4 мактаби миёнаи махсус, Институти давлатии педагоги амал мекард. Соли 1980 дар Нахчувон 236 клуб, 239 китобхонаи оммави, 3 музей, театри драмаи му- сики буд. Дар республика 5 газета аз чумла газетаи республикавии «Шарг гапысы» («Дарвозаи Шарк», аз соли 1921) нашр мешавад. Барномахои ра­дио ба забонхои озари, армани ва руси шунавонида мешавад. Маркази телевизион аз соли 1963 кор мекунад.

Аз территорияи РАСС Нахчувон бисёр осори маданияти кадима (асбобхои аз биринчи, санг, гил сохташуда), бокимондахои иморатхои охири хазораи 2—1 то метр, оромгоххои манорадори асрхои миёна махфуз мондаанд. Дар Нахчувон санъати меъмории махалли хануз дар асрхои миёна ташаккул ёфтааст: Ёдгорихои Чуга, Каробоглар ва бинохои истикоматии Ур­дубод (асрхои 18—19) шохиди онанд. Дар Нахчувон асосгузори санъати тасвирии реалистии Озарбойчони со­вети Б. Ш. Кенгерли зиндагй ва кор кардааст. Бисьёр намудхои санъати ороиши-амали (шохибофи, колинбофи, гулдузи, кандакори ва гайра) аз даврахои кадим инкишоф ёфтааст. Соли 1970 шуъбаи нахчувонии ИР РСС Озарбойчон таъсис ёфт.

Адабиёт: 40 лет Нахичеванской АССР, Ба­ку, 1964; Абасов М. А., Геоморфоло­гия Нахичеванской АССР, Баку, 1970.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …