Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Райони Панч

Райони Панч

Панч райони маъмурии вилояти Кургонтеппаи РСС Точикистон. Санаи таъсисаш 29 августи 1930. То 6 декабри 1979 дар хайати вилояти Кулоб буд. Бо районхои Кумсангир, Колхозобод, Фархор ва дар Чануб бо Республикаи Демократии Афгонистон хамсархад аст. Масохаташ 880,6 км2. Ахолиаш 54770 нафар (11983) асосан точикон; узбекхо, русхо ва намояндагони миллатхои дигар низ зиндаги мекунанд. Зичии ахоли дар 1 км2 51,3 нафар. Район 5 Совети кишлок (Араб, Кулдиман, Намуна, Сармантой, Тугул) ва 1 шахр дорад. Маркази рай­он — шахри Панч.

Сатхи территория район нохамвор буда, аз Шимолу Шанк ба Чанубу Гарб аз 1600 м то 300 м паст шуда меравад. Кисми шимолиашро нишебии дарёи кухи Тераклитог, шимолу шаркиашро нишебии каторкухи Каротог ва чанубу гарбиашро хамвории сохили рости дарёи Панч ташкил  медихад. Аз сарватхои зеризамини дар Панч танхо масолехи бинокори (гач, гил ва гайра) мавчуд аст. Иклимаш субтропикии хушк; тобистон гарми бебориш, зимистон муътадили намнок. Харорати миёнаи июл 30э С, январи—0,1 °.С. Боришоти солона 200— 500 мм. Дарёи Панч дар худуд Чануби район, байни сархади давлатии СССР ва Республикаи Демокра­тия Афгонистон чорист.

Хоки замини район хокистарранги равшан, хокистарранги мукаррари ва хокистар­ранги тира. Дар кисми чануби гарби 40-40 шурхок низ вомехурад. Набототи кисми чанубу гарби биёбони ва нимбиёбони, кисми шимоли шарки — даштхои кухи. Аз растанихои эфемери нахудак, геша ва гайра, аз дарахтани мева себ, шафтолу, олу, писта, дулона, бодом, аз растанихои субт­ропики анор, апчир, хурмо ва гайра меруянд. Аз хайвоноти ва рубох, шагол, гург, аз хояндахо юрмон, муш, калламуш, аз хазандахо мор, сангпушт, калтакалос, аз паррандагон гунчишк, фароштурук, бедова кабк ва гайра хастанд.

Дар иктисодиёти район хочагии кишлок роли асоси мебозад. Сохаи асосии хочагии район пахтакорист (бештар пахтаи навъи махиннах мекоранд). Чорводори ва галлакори низ ривоч ёфтааст. Соли 1083 район 8 колхозу 1 совхози пахта кор ва 1 совхози карокулпарвари дошт. Колхозхо ва маркази онхо: «Маданият» (Донг), Рохи Ленин (Тугалан), «Правда» (Пахтакор), «Якуми май» (Тугул), ба номи Ф. Э. Дзержинский (Турдишайх), ба номи М. И. Калинин (Кулдиман), «Сархадчи» (Пешкадам), «50-солагии Ок­тябр» (Зарбдор); совхози Панч (Тур­дишайх) ва совхози ба номи Мирзоянс.

Киштзори умуми 16775 га, аз чумла заминхои оби 14470 га (.1)983). Аз ин хисоб замини пахта 10909 га (аз чбарои навъи махиннах 9700га), галла (гандум, чав чуворимакка ва гайра) 2845 га, зироати хуроки чорво 3316 га, сабзавот 77 га, мевачот 112 га, токзор 25 га. Саршумори чорво и хочагихои район (1983, ба хисоби сар): гов—11510, гусфанду буз —41848, хук —606, аса —1841, мург—24884. Район соли 1982 ба давлат 31182 т пахта (аз чумла 26792 т пахтан махиннах), 7803 с галла, 935 с пилла, 1147 т гушт, 5486 т шир, 1966 с пашм, 15373 дона пусти карокули, 21330 ц сабзавот, 11661 с меваи тар, 1268 с ангур фурухт.

Корхонахои саноатии район: заводи пахта, устохонаи таъмири мошинхои хочагии кишлок комбинати хизмати маиши. Дар район управленияи сохтмон ва таъмири бинохо, идорахои рохсозии ра­ками 15, 24, базахои автомобилии раками 7 ва 20, колоннаи сайёри механиконидашудаи байниколхози мавчуданд. ГЭС-и Сарбанд районро бо кувваи электр таъмин мекунад.

Соли хониши 1982/1983 дар район 21 мактаби миёна, 5 мактаби 8-сола, 8 мактаби ибтидои, 1 мактаби мусики ва 2 омузишгохи техники мавчуд буд, ки дар онхо 17353 нафар хонандагон тахсил мекарданд. Район инчунин 26 китобхона, 24 клуб, 26 дастгохи кинотамошодихи, 4 хонаи маданият, боги истирохат ва маданият, хонаи пионерон дорад. Дар 7 беморхона (дорои 485 кат), 5 полик­линика, 5 дорухона, 26 пункти тибби 59 нафар духтурони дорои маълумоти оли ва 272 нафар кормандони дорои маълумоти махсуси тибби кор мекунанд.

Наклиёти район автомобили ва хавои (аэропорт дар шахри Панч). Газетаи райони «Хаёти Нав» (аз 1932 нашр мешавад).

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …