Маълумоти охирин

РУДА

РУДА, дар аксар хайвонхо рохи (чойи) хозима аст, ки аз дахон cap шуда то сурохии макъад. (сурохии акиб) тул мекашад; дар opганизмхое, ки рохи хозимаашон ба кисмхо чудо шудааст, Руда кисми баъди меъда ояндаи он мебошад.
Дар просесси инкишофи чанинии хайвонот Pудаи аввалин дар давраи гаструла хосил шуда, ба воситаи дадони аввалин- бластопора бо мухити беруна алокаманд мешавад. Дар аксар хайвоноти бемухра (кирмхо, нармбаданхо, бандпойхо) бласт- опора дар хайвони болиг ба дахон табдил меёбад. Дар сузанпустхо, баъзе хайвонхои бемухра ва хамаи хайвоноти хордадор дар чои бласт-опора сурохии акиб хосил шуда, дахон дар интихои дигари бадан аз нав инкишоф меёбад. Дар рудаковокхои дарачаи оли (полипхои марчони, медузахои стсифоиди ва гайра) Рудаи пеш, дар кирмдои лунда ва дайвондои бемухрае, ки сурохии акиб доранд, Pудаи акиб инкишоф меёбад. Дар хамаи хайвонхои мухрадор рохи хозима ба кисмхо (ковокии дахон, халк ва Руда) чудо шудааст. Худи Руда низ аз кисмхои зерин иборат аст: Pудаи пеш (сурхруда ва меъда), Pудаи миёна (Pудаи борик) ва Рудаи гафс.

ruda
Рудаи одам дарозтарин кисми (7 —9 м) рохи хозима буда, аз баромахгоди меъда cap шуда то макъад тул мекашад. Дар Руда хурок хазм шуда, моддахои гизои ба хун ё лимфа мегузаранд ва ба тамоми бадан пахн мегарданд. Рудаи одам ду хел мешавад: Pудаи борик ва Рудаи гафс ё кулун. Рудаи борик
—6 м) аа меъда огоз меёбад ва якчанд маротиба печутоб хурда ба Pудаи гафс мегузарад. Baй аа се кисм иборат аст: Pудаи дувоздахангушта ё дувоадаха, Pудаи нахиф (тихи, холи) ва Рудаи тихигох. Pудаи дувоздахангушта кутохтарин кисми Рудаи борик аст. Ба дарунн дувоадаха рохи талха ва гадуди зери меъда кушода мешаванд. Девори Pудаи борик аз се кабат ё парда иборат аст: кабати беруни, яъне пардаи зардоби (серози), кабати миёнаи мушаки ва кабати даруни ё луобпарда. Луобпарда дар Рудаи чинхои халкамонанди сершуморе ба вучуд меорад. Руи пардаи мухоти патхои бисёре дорад, ки ин барои чаббидани моддахои гизои роли калон мебозад. Дар чукурии тихигохи рост кисми поёни Pудаи борик ба Pудаи гафс мегузарад. Pудаи гафс ба шаш кисм чудо мешавад: курруда (Pудаи аъвар) бо кирмруда ё изофаи кирмшакл, кулун (чархакруда)-и болорав, кулуни араи (чархакрудаи кундаланг), кулун (чархакруда)-и поёнрав, Pудаи сигмашакл ва Pудаи рост (мустаким). Девори Рудаи гафсро пардахои луоби, мушаки ва зардоби ташкил медиханд. Луобпарда аз чинхои хилолшакл иборат аст. Мушакпарда Рударо ба заракат меорад ва аз ду кабат торхои мушаки суфта иборат аст: кабати берунии тулони ва кабати дарунии мудаввар (доирашакл). Курруда дар чукурчаи тихигохи рост чойгир шудааст. Кулуни болорав ба девори акиби холигии ишкам ва гурдаи рост мерасад; вай дар зери чигар хам гашта, ба кулуни арай мегузарад. Ин кисми Руда ба воситаи чини шикампарда ба девори акиби шикам мечаспад. Вай дар канори поёни сипурз ва гурдаи чап хам гашта, ба кулуни поёнрав мегузарад; ин Руда дар тихигохи чап ба Pудаи сигмашакл мубаддал мешавад. Pудаи рост интихои Руда ва рохи хозима буда, бо макъад анчом меёбад. Макъад ду исканча ё халкаи мушакии тазинковар дорад: исканчаи даруни, ки аз мушакхои суфта ва исканчаи беруни, ки аз мушакхои кундалангиах иборатанд. Роструда дар мардон дар акиби пешобдон, манидонхо ва гадуди простата, дар занон дар паси мадбалу бачадон чой гирифтааст.
Ф. А. Абдурахмонов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …