Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РОММ Михаил Илич

РОММ Михаил Илич

РОММ Михаил Илич (24. 1. 1901, Иркутск—1. 11. 1971, Москва), режиссёри кинои совети, севариянавис, Артисти Халкии
СССР (1950). Аъ- зои КПСС аз соли 1939. Соли 1925 Институти олии давла¬тии бадеи-техникиро (факултети хайкалтароши) хатм намуда, хамчун сенариянавис ва ассистенти режис¬сёр кор мекунад.
Дар филми нахустинаш «Лундаяк» (1934, беовоз) симои мазхакаомези буржуазияро» фош менамояд. Филми «Сездах» муборизаи зидди босмачихоро акс мекунад. Филмхои «Ленин дар Октябр» (1937), «Ленин дар соли 1918» (1939) ба фонди тиллоии ки¬нои совети дохил шудаанд. Соли 1949 дар офаридани филми хуччатии «Владимир Илич Ленин» ширкат дошт. Дар филмхои минбаъдааш фашизмро сахт махкум ва айбдор намудааст: «Масъалаи русхо» (1948), «Супориши махфи» (1950), «Куштор дар кучаи Данте» (1956). Алалхусус филми «Фашизми одди» (1966, дар асоси кинохуччатхо), ки мохияти ичтимоии фашизмро хаматарафа фош мекунад, оханги тезутунди сиёси ва фалсафи дорад. Филмхо «Адмирал Ушаков» ва «Киштихо истехкомро фатх мекунанд» (1953) гувохи истеъдоди баланди Ромм мебошанд. Филми «Нух рузи як сол» (1962) аз хаёти физикхои совети бахс мекунад. Бисёр филмхои Ромм сазовори мукофоти кинофестивалхои байналхалки шуда¬анд. Ромм аз солт 1949 дар Институти умумииттифокии давлатии кинематогра¬фия—ВГИК (аз соли 1958 профессори) низ дарс додааст. Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1941, 1946, 1949, 1951) ва Мукофоти давлатии РСФСР ба номи бародарон Василевхо (1966). Бо 2 ордени Ленин, ордени Революсияи Октябр, ордени Байраки Сурхи Мехнат ва медалхо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.