Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РОМАНОВСКИЙ Геннадий Данилович

РОМАНОВСКИЙ Геннадий Данилович

РОМАНОВСКИЙ Геннадий Данилович (30. 7. 1830, Петербург—5. 5. 1906, хамон чо), геологи рус ва инженери кухкор. Яке аз аввалин мухаккикони геологияи Осиёи Миёна. Институти кухкории Петербургро хатм кардааст (1851). Солхои 1871—1875 ва 1879—1896 профессори институти мазкур. Соли 1874 Романовский ба Осиёи Миёна омада, бо хамрохии И. В. Мушкетов ба омухтани сохти геологии ин сарзамин шуруъ кард. Бокимондахои хайвонот ва набототи водихои Фаргонаю Зарафшонро омухта, ба стратиграфияи ин махалхо асос гузошт. Дар натичаи тадкики бозёфтхои пале¬онтологи ба давраи юра мансуб будани хавзахои ангишти Осиёи Миёна, нефт доштани территорияхои Мойбулок ва Мойлисои водии Фаргона, инчунин кисми шаркии Андичонро муайян намуд. Романовский мавчудияти дигар сарватхои зеризаминии водии Фаргонаро низ тадкик кард. Дар китоби Романовский «Материалхо оид ба геологияи Туркистон» махсули тадкикоти бисёрсолаи у доир ба геоло¬гияи Осиёи Миёна гирд оварда шу¬дааст. Романовский дар бораи палеонтология, стратиграфия, тектоника, ва сарват¬хои зеризаминии кисми европоии Россия, Урал ва Осиёи Миёна низ як катор асархо эчод кардааст. У оид ба такмили техникаи пармакуни бисёр таклифхот пуркимат пёшниход карда, ба корхои пармакунии амики наздикии Петербург ва Крим рохбари намудааст.
Ад.: Лисичкин С. М., Крупнейший геолог и деятель буровой техники Г. Д. Романовский, «Нефтяное хозяйство», 1953, 9—10.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.