Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РОЛЛАН Ромен

РОЛЛАН Ромен

РОЛЛАН (Holland) Ромен (29. 1. I860, Кламси — 30. 12. 1944, Везде), нависандаи франсави, ходими чамъияти, олими мусикишинос. Аз оилаи нотариус. Маълумоти гуманитариро дар Мактаби олии нормалии Париж гирифтааст. Профессори курси таърихи мусикии Мактаби нормали (аз соли 1897) ва Университети Сорбонна (1902—1912) буд. Хануз аз аввалин драмахояш «Людовики авлиё» (1897), «Аэрт» (1898) хусусиятхои эчодиёти Роллан— гузориши масъалахои тезутунди ахлоки, рагбат ба характерхои фаъолу кахрамон — намоён мегардад. Роллан санъати гуманисти (силсилаи драмахои «Фочиаи эътикод», 1897— 98, «Драмахои револютсия», 1898— 1902,. мачмуаи маколахои «Театри халки», 1903), кавирухию кахрамонии арбобони чамъияти ва санъатваронро («Микеланджело», 1907; «Хаёти Бетховен», 1903; «Хаёти Толстой», 1911) ба таназзули маданияти буржуази дар шароити пуркувват шудани тачовузи империалисти мукобил гузоштааст. Дар романи «Жан-Кристоф» (10 ч., 1904 —12) Роллан манзараи таназзули маданияти маънавии Европаро дар дав¬раи гузариш ба империализм тасвир кардааст. Дар симои кахрамони ин асар — композитори немис лахзахои характер ва тарчумаи холи Бетховен ва Л. Толстой тачассум ёфтааст. Роллан дар образи кахрамони халк («Кола Брюнон», 1918) чанбахои халкии инсонпарвари ва мехнатдустиро нишон додааст. Акидахои зиддичангии Роллан ба тарзхои гуногун дар хачвияи драмавии «Лилюли» (1919) ва повести лирикии «Пер ва Люс» (1920; тарч. точ. 1961) ифо¬да ёфтаанд. Романи «Дили мафтун» (1922—1933) такомули гоявии Ролланро (аз патсифизм ба коммунизм) инъикос мекунад; фаслхои охирини роман («Марги як дунё», 1933) аз хаёлоти индивидуалисти тамоман даст кашидани уро нишон медиханд. Соли 1931 дар асари «Падруд бо гузашта» Роллан ба химояи револютсияи пролетари бархост. Соли 1932 китоби «Дар мухофизати дунёи нав» (дар бораи СССР), соли 1934 «Ле-нин, санъат ва амалиёт» ном асархои Роллан чоп шуданд. Роллан доир ба мусикии гузашта ва хозира як катор тадкикоти таърихи ва очеркхои ба¬деи дорад. Бехтарини онхо:. «Бет¬ховен. Даврахои бузурги эчоди» (силсилаи китобхо, 1928—1948), «Гё¬те ва Бетховен» (1931). Роллан хамрохи А. Барбюс ташаббускори Конгресси зиддичангии Амстердам (1932) буд. Ба эчодиёти Роллан дусти бо М. Горкий таъсири калон расонд. Роллан бо Абулкосим Лохути мукотибаи дустона дошт. Солхои 30 дар матбуоти даврии точик чанде аз маколаву мактубхои Роллан ва порчае аз романи «Жан Кристоф» ба табъ расидаанд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.