Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «РИСОЛАИ МУСИКИ» асари Мирзобой

«РИСОЛАИ МУСИКИ» асари Мирзобой

«РИСОЛАИ МУСИКИ» асари мусикии Султон Абулхасан Али ибни Мусои Ризо, машхур ба Мирзобой. Ба забони форси соли 1602 навишта шудааст. «Рисолаи мусики» монандн дигар асархои мусики анъанави буда, муаллиф дар халли масъалахои илмию назариявии мусики аз таснифоти Сафиуддини Абдулмуъмин, Абдулкодири Гуянда (Мароги),’Абдуррахмони Чоми, Кавкабии Бухорои ва дигар истифода бурдааст. Масъалаи мухиме, ки дар рисолаи Мирзобой тадкик шудааст, ин макомхо («Дувоздахмаком») ва таркиботи он аст. «Рисолаи мусики» аз ду фасл иборат аст. Фасли аввал «Дар баёни пайдоиши охангхои маъмуль» буда, доир ба пайдоиши оханг ва 33 ‘оханги маъмуль ахбори мучаз медихад. Дар фасли дуюм «Дар баёни интикол ва адвори зуруб» таркиботи зарб, сохти усул, авзони шеъру мусикь ва амсоли ин тахкик шудааст.

«Рисолаи мусики»-и Мирзобой дар захираи дастнависхои Институти шаркшиносии Академияи Фанхои Республикаи Советии Сотсиалисти Озарбойчон тахти раками 234 А махфуз аст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.