Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «РИСОЛАИ МАКОМОТ»

«РИСОЛАИ МАКОМОТ»

«РИСОЛАИ МАКОМОТ» рисолаи мусикист. Асри 17 муаллифи номаълуме дар Бухоро ба забони точики таълиф кардааст. Аз сарчашмахои нодири хаттист рочеъ ба кисмати овози (таронави) -и «Дувоздахмаком». «Рисолаи макомот» мукаддима, се боб ва шаш фаслро дар бар мегирад. Мукаддимаи рисола ба тафсири овозахо. 12 маком, шуъбахо ва назми он бахшида шудааст. Фасли аввал «Дар баёни хафтдах усули муслки» ном дорад, ки аз хусуси чор навъи даврхои мусики маълумот медихад. Фасли дуюм масъалахои таркиботи усулии шуъбаи «Аширон» ва шохахои таронавии онро дар бар мегирад. Дар фасли сеюм, ки ба макоми «Ирок» бахшида шудааст, баробари тафсири усули «Ирок» таркибхои овозии он ва чандин амалхое, ки ба ин маком муносибат доранд, бо усулу матнхо шарх ёфтаанд. Дар фаслхои чорум, панчум ва шашум масъалахои шо-хахои шуъбаи «Баёт», шуъбахои «Мухолиф», «Сегох», шуъбахои ово-зии макоми «Рост» ва шаклу навъхои мусикие, ки дар усули ин ма-ком тасниф гардидааст, баён ёфтаанд. «Рисолаи макомот» аз аввалин маъхазхои хаттии мусикист, ки дар он кисми таронавии «Дувоздахмаком» махсус мавриди тахкик карор гирифтааст. Нусхахои ин рисола дар захираи дастнависхои шаркии Академияи Фанхои Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти Союз Советских Сотсиалистических Республик СССР тахти ракамхои В 2408, 1997 махфуз аст. А. Рачабов,

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.