Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / РЕВОЛЮТСИЯИ ОЗОДИХОХИИ МИЛЛИ

РЕВОЛЮТСИЯИ ОЗОДИХОХИИ МИЛЛИ

РЕВОЛЮТСИЯИ ОЗОДИХОХИИ  МИЛЛИ, револютсияе, ки аз харакатхои озодихохии милли сар зада, максадаш махви хукмронии хоричи ва ба даст овардани истиклолияти милли, нест кардани  зулми миллию мустамликави ва истисмор мебошад. Харакатхои милли дар шаклхои мухталиф то замони калитализм хам буданд. Хукмронии моликияти хусуси ва истисмор, ки асоси зулми милли ва зиддиятхои миллианд, боиси чунин харакатхо гардидаанд. Мубориза ба мукобили истилои ачнабиён, мавчудияти худро мухофизат намудан (масалан, шуриши Муканнаъ ба мукобили хокимони араб, шуриши арманхо ва гурчихо бар зидди салтанати туркхо ва гайра) хусусиятхои асосии харакатхои миллии давраи токапиталисти буданд. Дар давраи капитализм харакатхои милли ва Револютсияи  озодихохии милли характери оммави, умумихалки гирифтанд. Зеро асри 16—18 ва нимаи якуми асри 19 барои Европаи Гарби, Америкаи Шимоли ва Россия давраи ташаккул ва устуворшавии миллатхо, худшиносии милли ва бунёди давлатхои милли буд. Дар нимаи дуюми асри 19 муттахидшавии Германия ва Италия ба охир расида, давлатхои миллии халкхои Булгория, Руминия, Сербия ба вучуд омаданд. Дар ин давра халкхои чех, поляк, фин барои истиклолият мубориза бурданд. Муборизаи халкхои Европа ба мукобили гитлерчиён (1939—45) низ ба андозае хусусияти миллию озодихохи дошт. Дар асри 20 харакатхои милли ва Револютсияи  озодихохии милли  асосан дар Осиё, Африка ва Америкаи Лотини, ки дар тули асрхо объекти истисмор ва мустамликаи давлатхои европои  буданд, авч гирифтанд.

Револютсияи  озодихохии миллии замони хозира дар мам-. лакатхои мустамлика ва мутеъ як катор махсусиятхое дорад, ки ба харакатхои миллии замони гузашта хос набуданд; алалхусус чунин ху-сусиятхон он, монанди характери зиддиимперналисти, зиддифеодали доштан, кисми таркибии просесси револютсионии чахон, кувваи фаъолу харобкунандаи империализм будани он. Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр ба Револютсияи  озодихохии милли  ибтидо гузошта, онро амалан бо револютсияи сотсиалисти алокаманд сохт. Ба системаи чахони табдил ёфтани сотсиализм, амик ва тезу тунд шу-дани бухрони умумии капитализм барои галабаи Револютсияи  озодихохии милли  дар мамлакатхои мустамлика ва мутеъ шароити мусоид фарохам овард (нигаред. Мустамликахо ва сиёсати мустамликадори).

Дар солхои охир (1945—78) зиёда аз 2 миллиард одам аз истисмори мустамликавию ниммустамликави озод гардида, бештар аз 90 давлати нави милли ба вучуд омад. Синфи коргар — муборизи собиткадам барои манфиатхои миллию прогресси ичтимои ва дехконон, ки дар муборизаи озодихохию зиддиимпериалисти сахми бузург мегузоранд, куввахои асосии харакатдихандаи Револютсияи  озодихохии миллии муосиранд. Дар харакати миллию озодихохии мамлакатхои Осиё, Африка ва Америкаи Лотини табакахои шахрии буржуазияи майда, интеллигенсияи ватанпарвар ва армия низ фаъолона иштирок мекунанд. Агар дар гузашта, одатан, сарвари хара-катхои милли буржуазия шуда, галабаи револютсия боиси бунёди давлатхои буржуазби гашта бошад, имруаз синфи коргар ва дехконони як катор мамлакатхо имкон доранд, ки ба ин харакатхо рохбари намуда, хокимияти мехнаткашонро барпо кунанд. Ин имконият дар баъзе мамлакатхои Осиё истифода шудааст.

Дар мамлакатхои мустамлика ва ниммустамликае, ки Револютсияи  озодихохии миллиро куввахои револютсионию демократи сарвари мекунанд, давлатхои миллии барпошуда бо рохи сотсиалисти пеш мераванд. Иикишофи рохи гайрикапиталисти ба суи сотсиализм барои прогресси мамлакатхое, ки ба истиклолияти ичтимоию милли сохиб гардидаанд, шароит фарохам меорад ва он ба манфиати аксарияти миллатхост.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …