Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / РЕВОЛЮТСИЯИ МИЛЛИИ ДЕМОКРАТИ ДАР АЛЧАЗОИР

РЕВОЛЮТСИЯИ МИЛЛИИ ДЕМОКРАТИ ДАР АЛЧАЗОИР

РЕВОЛЮТСИЯИ МИЛЛИИ ДЕМОКРАТИ ДАР АЛЧАЗОИР, револютсияе, ки 1 ноябри 1954 бо шуриши чанд саднафар ватандустони алчазоири ба мукобили хукмронии мустамликадорони франсави сар шуд. Ба Револютсия Фронти озодкунии милли (ФОМ)-и ватандустони Алчазоир, ки соли 1954 ташкил ёфта буд, рохбари мекард. Револютсия дар натичаи зулми мустамликави ва тезу тунд гаштани зиддиятхои милли ва ичтимоии байни оммаи васеи халки Алчазоир ва гурухи хурди мустамликадорон ба амал омад.

r-aljazoir

Дар давраи якуми Револютсия (11954—62) халки Алчазоир чанги миллии озодихохи мебурд, ки вай характери зиддиимпериалисти, зиддифеодали ва умумидемократи дошт. Базаи асосии ичтимоии револютсияро дехконон ба бархамдихии зуроварии ширкатхои капиталистони франсави, мустамликадорони европои ва феодалони Алчазоир манфиатдор ташкил медоданд. Пролетариат дар ре-волютсия фаъолона иштирок менамуд, вале дар давраи аввали он ба сабаби аз чихати миллат ва ичтимои гуногун буданаш роли асоси бозида натавонист. Партияи Коммунистии Алчазоир ба Фронти озодкунии милли ФОМ ёрии харбию сиёси расонд. Сентябри 1958 Рес-публикаи Алчазоир эълон ва Хукумати муваккатии он ташкил карда шуд. Дар рафти чанги солхои 1954— 62 табакахои гуногуни халки Алчазоир дар амалиёти чангии Армияи миллии озодихохи (ташкилаш 1954), дар кори органхои сиёсию маъмурии пинхонкори Фронти озодкунии милли ФОМ иштирок намуд. Кушунхои Франсия (шумораи онхо дар Алчазоир 800 хазор нафар буд; 2/3 кисми авиатсия ва 1/2 кисми флоти харбии Франсия дар ин чо амал мекард) револютсияро пахш карда натавонист. Халки Алчазоир, катъи назар аз курбонихои зиёд (1,5 миллион кас кушта, такрибан 2 миллион кас асиру махбус шуд, 9 хазор кишлок хароб гардид) галаба кард. Марти 1962 байни Хукумати муваккатии Алчазоир ва Франсия оид ба бас кардани чанг, бо рохи референдум худмуайянкунии Алчазоир созиш-нома ба имзо расид. Дар референдуми 1 июли 1962 90 фоизи алча-зоирихо барои истиклолият, ки онро хукумати Франсия эътироф намуд, овоз доданд. Баробари ба даст омадани истиклолият давраи дуюмн револютсия сар шуд. Ба ин давра ба гуруххо таксимшавии куввахои ичтимоию сиёсие, ки пештар дар сафи Фронти озодкунии милли ФОМ мечангиданд, хос аст; тарафдорони давомдихии револютсия галаба карданд. Азбаски капиталистон ва мустамликадорони европои истисморгарони асосии халки Алчазоир буданд, чанги зидди мустамликави тадричан характери зидди-капиталисти гирифт. Программаи Триполия (июни 1962 кабул шуда буд) милли кунонидани сохахои асосии иктисодиёт, зарурати исло-хоти аграриро эълон намуд. Солхои 1066—66 шахтахо, конхои маъдан, чамъияти сугурта, ‘банк, сохахои асосии саноати дар дасти хоричиён буда, соли 1971 як кисми саноати нефт милли кунонида шуданд. Соли 1971 дар бораи ислохоти замин конун кабул гардид, ки мувофики он аз соли 1972 таксими замин сар шуда, такрибан 1 миллион гектар замини чамъияти ба ихтиёри 60 хазор дехконони безамин ва камзамин гузашт. Аз соли 1974 хизматрасонии бепули тибби чори ва андоаи дехконон бекор гардид. Вале чорачуихои прогрессивие, ки дар давраи дуюми револютсия гузаронида мешаванд ба мукобилияти кув-вахои зиддиреволютсиони (мулкдорон ва заминдорони калон) дучор меоянд.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …