Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / РЕВОЛЮТСИЯИ КАМОЛИ

РЕВОЛЮТСИЯИ КАМОЛИ

РЕВОЛЮТСИЯИ  КАМОЛИ, инкилоби зиддиимпериалисти, миллии буржуази дар Туркия. Револютсияи  Камоли баъди дар Чанги якуми чахони (1914—18) шикаст хурдани Туркия, ки дар натичаи хавфи аз даст рафтани истиклолияти давлат ба амал омада буд, сар шуд. Ба саршави ва равнакёбии Револютсияи  Камоли Револютсияи  Кабири  Сотсиалистии Октябр таъсири калон расонд. Маркази Револютсияи  Камоли  Анатолия буд. Дар ин чо охири 1918— аввали 1919 ба сабаби як катор районхои мамлакатро ишгол намудани Антанта (Британияи Кабир, Франсия, Италия) харакати стихиявии халки сар шуд, ки он баъди Измирро забт намудани Юнон (15 маи 1919) ба чанги озодихохона мубаддал гашт. Дехконони Анатолия аввалин куввахои мусаллахи револютсиони — дастахои партизани («куввахои милли») ташкил карданд. Пролетариат хануз камшумор ва камкувват буда, партияи худро надошт (Партияи Коммунистии Тур-кия соли 1920 ташкил ёфт). Ба Револютсияи  Камоли  буржуазияи миллии Анатолия рохбари мекард, ки он ба нигахдории истиклолияти мамлакат ва ташкили давлати миллии турк манфиатдор буд. Сентябри 1919 Конгресси Сиваси ташкилоти миллии буржуази (Чамъияти химояи хукук) маркази рохбарияти револютсия — Комитети намояндатоиро бо сардории Камол Отатурк интихоб намуд. Охири 1919 Комитет Анкараро бошишгохи худ карор дода, дар асл вазифаи хукумати муваккатии Туркияро ичро мекард: 23 апрели 1920 Комитати намояндагон дар Анкара Мачлиси бузурги миллии Туркия (МБМТ)-ро даъват намуд, ки он худро хукумати ягонаи конунии мамлакат эълон кард. Нуфузи Хукумати султони дар Ис-танбул ин вакт то андозае кам шуда буд. Кушиши вай барои тавассути куввахои худ фуру нишондани харакати миллии озодихохи барор на-гирифт. Дар миёнахои соли 1920 давлатхои империалисти тавассути армияи Юнон ба мукобили хукумати дар Анкара ташкилшуда ошкоро тачовуаи мусаллах сар карданд. Дар як вакт онхо ба хукумати султони тазйик оварда, ба имзо гардидани сулхномаи асоратовари Севр муваффак шуданд. Армияи амалкунандаи Мачлиси бузурги миллии Туркия МБМТ (аввали 1921 ташкил ёфт) амалиёти лашкари ачнабиёнро боздошта, ба он зарбахо зад ва тирамохи 1922 хоки Туркияро пурра аз истилогарони ачнаби озод кард. Хукумати Совети аввалин шуда Туркияи муборизро ба расмият шинохт ва ба он ёрии модди ва маънави-сиёси расонда, марти 1921 бо он дар бораи дусти ва бародари шартнома баст. Давлатхои империалисти дар Кон-ференсияи Лозанна (1922—23) мачбур шуданд аз сулхномаи Севр даст кашанд ва истиклолияти Туркияро эътироф кунанд. Дар рафти Револютсияи Камоли ва дигаргунсозихои минбаъда Туркия ба республикаи буржуази мубаддал гашт.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …