Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / «РЕВОЛЮТСИЯИ ДУЮМ»

«РЕВОЛЮТСИЯИ ДУЮМ»

«РЕВОЛЮТСИЯИ ДУЮМ», номи дар адабиёти таърихи кабулшудаи шуриши кисмхои харби дар Хитои Маркази ва Чануби. Иштирокчиёни *Револютсияи  дуюм» моххои июл — августи 1913 ба мукобили президент — диктатор Юан Шикай ва барои химояи сохти республикави шуриш бардоштанд, ки он охири револютсияи Синхай буд. Юан Шикай соли 1912 ба сари хокимият омада, рохи чори намудани диктатураи харбиро пеш гирифт. Бахори 1913 ошкоро ба торумори куввахои республикаи буржуазисар карда, номзад ба сарвазири аз партияи Гоминдан Сун Цзяожэвро кушт, бе ризоияти парламент микдори зиёди заёми хоричиро кабул намуд ва гайра. Чавобан ба ин сиёсати у гуруххои демократи бо сардории Сун Ятсен кушуни содики республикаро ба шуриш даъват намуданд. 12 июли 1913 губернатори харбии музофоти Цзянси Ли Лецзюн ба Юан Шикай чанг эълон кард. Шуриш ба зуди кушунхои дар Цзянсу, Анхое, Фуцзян, Хунан, Гуандун, Сичуан бударо фаро гирифт. « Револютсияи  дуюм» охири августи 1913 аз тарафи кушуни хукумати пахш карда шуд.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …