Маълумоти охирин
Главная / Илм / РЕВМАТОЛОГИЯ

РЕВМАТОЛОГИЯ

РЕВМАТОЛОГИЯ (аз юнони гЬеиша-115108 — шоридан, луоб ва …логия), тарбодшиноси, як кисмати илми тиб буда беморихои тарбоди (дарди системавии бофтахои пайвасткунанда — тарбод, склеродермия ё дагалпусти, дерматомиозит ва гайра), артритхо (артрити тарбоди), остеоартрозхо ва гайраро меомузад. Бо масъ-алахои Ревматология клинисистхо, морфологхо, иммунологхо, биохимикхо, физиологхо, радиологхо ва дигар мутахассисон машгуланд. Ревматология бо нефрология, кардиология, гематология, пулмонология ва дигар кисматхои тиб алокаи зич дорад.

revmatology

Дар таърихи тиб Букрот аввалин шуда газаки бугумхоро тавсифи илми додааст. Истилохи «ревматизм»-<ро барои ифода кардани бе-морихои гуногуни аъзои такяю харакат дар асри 2. Чолинус ба илми тиб дохил намуд. Аз асри 19 тарбодро аз дигар касалихои аъзои харакат чудо меомухтаги шуданд. Солхои 30 асри 19 асосгузорони Ревматологияи муосир — олимони франсави Ж. Б. Буйо ва рус Г. И. Соколский алокаи байни полиартрит ва иллати дилро муайян карданд. С. П. Боткин аввалин шуда сирояти будани тарбодро ошкор сохт. Г. М. Малков мавкеи стрентококкхо ва газаки бодомакхои гулуро дар инкишофи тарбод нишон дод. Дар асри 20 этнологияи (сабаби пайдоиши) стрептококкии тарбод исбот гардид (олими америкои А. Ф. Коберн, олимони совети Н. Д. Стражеско, Г. Ф. Ланг ва дигар). Дар асоси тадкикоти олимони совети В. Т. Талалаев, Н. Д. Стражеско, М. П. Кончаловский ва олими немис Ф. Клинге назарияи аз аллергия пайдо шудани тарбод ба миён омад. Олими совети А. А. Кисел усулхои ташхиси тарбоди бачагонро пешниход намуд. Ревматологи амерлкоб Ф. С. Хенч (1950) дар табобати беморихои тарбоди истифода бурдани кортикостероидхоро тавсия кард.

Дар нимаи дуюми асри 20 дар натичаи ба кор бурдани усулхои иммунологи ва биохимияви, биопсияи пардахои зулоли (синовиали), гурда, пуст ва гайра Ревматология  ба муваффакиятхои калон ноил гардид. Алхол дар Ревматология  усулхои тадкики вирусологиро истифода карда, мубодилаи кислотахои нуклеат, вайроншавии иммунитети гуморали ва хучайравиро мёомузанд. Чори намудани усулхои табобати иммунодепрессиви (истифодаи кортикостероидхо ва гайра) боиси хеле кам шудани беморихои тарбоди гардид.

 

Дар натича Ревматология  ба сохаи мустакили тиб табдил ёфт. Дар бисёр мамлакатхо оид ба проблемахои Ревматология  институтхои тадкикоти илмии махсус ташкил шудааст (масалан, Институти тарбодни Академияи Илмхои Точикистон Союз Советских Социалистических Республик СССР дар Москва, Институти бемо-рихои тарбоди дар Прага, Институтхои Ревматология дар Варшава ва Белград, Институти тарбод дар Лондон ва гайра). Комитети умумииттифокии зидди тарбоди, ки соли 1928 ташкил шуда буд, соли 1964 ба Чамъияти умумииттифокии ревматологхо табдил ёфт. Ин чамъият аз соли 1928 ин чониб узви хайати Лигаи байналхалкии муборизаи зидди тарбод (таъсисаш 1928) аст. Дар Союз Советских Социалистических Республик СССР аз соли  1961 журнали «Вопросы ревматизма» нашр мешавад.

Адабиёт: Струков А. И., Бегларян А. Г.. Патологическая анатомия и патогенез коллагеновых болезней, Москва, 1963; Тареев Е. М., Коллагенозы, Москва, 1965; Нестеро» А. И., Сигидин Я. А., Клиника коллагеновых болезней, Москва, 1966; Астапенко М. Г.. П и х-лак Э. Г., Болезни суставов. Москва, 1966; Грицман Н. Н., Поражение сердца при коллагеновых заболеваниях, Москва. 1971.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …