Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / РЕВИЗИОНИЗМ

РЕВИЗИОНИЗМ

РЕВИЗИОНИЗМ (аз лотини геу1310—аз нав дидабарои), як чараёни оппортунистиест дар харакати револютсионии коргари ва коммунистии чахон, икдоми гайриилмиест дар рохи «аз нав дида баромадани» марксизм-ленииизм бо бахонаи эчодкорона аз худ намудани ходисахои нави вокеияти ичтимоию сиёси.

Ревизионизм ба рост ва «чап» таксим мешавад. Ревизионизми рост таълимоти марксизм-ленинизмро ба акидахои буржуазии ислохотчиги, Ревизионизми «чап» бошад, ба дастурхои анархисти, волюнтаристи ва гайра иваз мекунад. Хамчун чараёни гоявии сиёси солхои 70 асри 19 дар дохили партияи сотсиал-демократии Германия пайдо шудааст. Идеологхои он Э. Бернштейн, И. Хёхберг, К. Шрамм ва дигар аз паи аз нав дида баромадани назарияи револютсионии Карл Маркс ва Фридрих Энгелс шуданд. Аз охири асри 19 ва ибтидои асри 20 сар карда Ревизионизм  дар харакати сотсиал-демократхои Германия, Франсия, Австро-Венгрия. Россия ва дигар мамлакатхо низ пахн гардид. Ревизионизм илми будани материализми диалектикиро инкор карда, барои сотсиализми илмиро ба кантчигию махизм ва гайра пайвастан кушиш мекунад. Зарурати таърихии муборизаи синфи, револютсияи сотсиалисти ва диктатураи пролетариатро дар замони гузариш аз капитализм ба сотсиализм, макоми рохбаронаи партияи коммунистиро инкор карда, макоми демократияи буржуази ва ислохотро дар тагйир додани сохти мавчудаи капитализм ба пояи баланд мебардорад. Баъди шикасти Интернатсионали 2 (1914) харакати коргари ба ду таксим мешавад: рост — кисми сотсиал-ислохотчиги ва «чап» — кисми револютсиони, ки минбаъд бо хара-кати байналхалкии коммунисти як шудааст. Баъди галабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр (солхои 20—40) Ревизионизми рост ва «чап» («коммунизми чап») дар харакати байналхалкии коргари амал мекунанд. Солхои 50 Ревизионизм аз баъ-зе мушкилихои инкишофи харакати байналхалкии коммунисти истифода бурда, барои харакати револютсионии синфи коргарро ба рохи ислохотчиги равона кардан кушидааст. Барои ягонагии харакати байналхалкии коммунисти Ревизионизми рост хавфи калон дорад, зеро он аксаран дар зори никоби марксизм баромад мекунад. Солхои 60 ва 70 Ревизионизм дар харакати коммунисти фаъолияти худро «аз чап» зохир кард. Идеологияи ревизионистии чапро махсусан таълимотхои майдабуржуазию шовинисти ва зидди совети васеъ истифода бурда, аз чихати назарияви аз нав санчидаи кисмхои таркибии марксизм-ленинизмро талаб менамояд. Дар замони хозира Ревизионизми рост аз руи методология умуман бар зидди таълимоти марксизм-ленинизм баромада, зарурати револютсияро инкор ва дар халли антагонизми чахонии империализм «роли халкунанда»-и ислохотхои капиталисти ва револютсия илмию техникиро васеъ таргиб менамояд.

Ин акида дар асархои О. Шик, Н. Свитак ва гайра (Чехословакия), Р. Гароди (Франсия), Э. Фишер, Ф. Марек (Австрия) равшан ифода ёфтааст. Ревизионизми рост конуниятхои хусусиро ба дарачаи мутлак мебардорад ва модели бисёршаклаи сохтмони со-тсиализмро (мувофики хусусиятхои илми) пешниход мекунад. Харакати револютсионии байналхалкии коргари ва коммунисти бар зидди Ревизионизми хам рост ва хам «чап», ки барои аз чихати назарияви беярок кардани синфи коргари байналхалки ва дар рухи ислохотчиги ё анархизм тарбия кардани он кушиш менамояд, муборизаи оштинопазир мебарад.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …