Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / РЕСПУБЛИКАИ ЗИМБАБВЕ

РЕСПУБЛИКАИ ЗИМБАБВЕ

r-zimbabve

РЕСПУБЛИКАИ  ЗИМБАБВЕ (Но- риЬНс о£ 2гшЬаЬ\уе), давлатест дар Африкаи Чануби. Дар Шимол ва Шимоли Гарб бо Замбил, дар Шарк бо Мозамбик, дар Чануби Гарб бо Ботсвана ва дар Чануб бо Республикаи Африкаи Чануби хамсархад мебошад. Масохатат 390,2 хазор километр2. Ахолиаш 7,5 миллион нафар (1982). Пойтахташ Хараре. Аз чихати маъмури ба 7 музофот таксим шудааст.

Сохти давлати. Зимбабве — республика. Сардори давлат — президент. Органи конунбарор — парламент, ки аз 100 чой 20 чои онро сафедпустон ишгол мекунанд. Сардори хукумат, ки онро парламент ташкил медихад, сарвазир мебошад.

Табиат. Такрибан тамоми территорияи Республикаи Зимбабверо пахнкуххои Матабеле ва Машона ишгол кардаанд, ки сатхи онхо мавчдор ва якхела аст. Нуктаи баландтаринаш 2596 метр (кухи Инянгани) мебошад. Территорияи Республикаи ЗимбабвеР. 3. дар платформаи Африка вокеъ гардидааст. Сарватхои зеризамини: хлорит, никел, платина, бериллий, тилло, мис ва ангиштсанг. Иклими кисми шимолиаш субэкватори, иклими чанубаш тропикист. Харорати миёнаи мохи гармтарин (октябр) аз 21 то 27°Селсия, мохи салкин (июл) аз 10 то 17°Селсия. Боришоти солона 300—750 миллиметр дар Гарб Чануб, то 1250 миллиметр дар Шарк дарёхои калон: Замбези ва Лимпопо. Обанбори калонтарин — Кариба. Дар хо- ки сурхи дорчини бештар саваннахои бешаи сирак меруяд. Нишеби- хои шаркии куххои Инянганиро бешаи хамешасабзи сернам ва маргзорхои кухи пушонидаанд. Олами хайвоноти мамлакат ба олами хайвоноти саванна ва бешаи сираки Африка шабохат дорад. Дар ин сарзамин антилопа, шохбарзагови африкои, заррофа, зебу, паланг, кафтор, паррандахои гуногун, калтакалос, мор (мори печони африкои), мурча, термит ва гайра дучор меоянд. Дар бештари районхо пашшаи сесе пахн шудааст. Барои хифзи олами хайвонот ва наботот богхои милли ташкил карда шудаанд, ки калонтарини онхо Уанки ва Виктория-Фолс мебошанд.

Ахоли. Зиёда аз 95% ахолии мамлакатро (1975) халкхои африкоии оилаи бантузабон: машона, матабеле, инчунин малави (нянча), тсонга, бавенда, бапеди ва дигар ташкил медиханд. Камтар аз 5% европоихо, ба микдори кам хиндиён низ зиндаги мекунанд. Забони расми — англиси. Аксарияти африкоихо ба дину оини анъанавии махалли эътикод доранд; насрониён низ хастанд. Ахолии гайриевропои дучори таъкиботи нажоди мебошад. Ба муносибати авч гирифтани муборизаи ахолии Африка барои истиклолият просесси мухочирати сокинони Европа мушохида карда мешавад. Шахрхои калон: Хараре, Булавайо.

Очерки таърихи. Аввалин бошишгоххои ахолинишини территорияи хозираи 3имбабве ба давраи палеолит мансубанд. Дар асри 14 дар ин чо дар асоси маданияти Зимбабве давлати Мономо- тапа ташкил ёфта, дар нимаи дуюми асри 15 он хеле нашъунамо кард. Соли 1693 кабилахои розви давлатро бархам доданд. Ибтидои асри 19 ба территорияи 3имбабве аз Африкаи Чануби кабилахои матабеле дохил шуда, дар миёнаи асри 19 дар зери хокимияти сардори оли Мо- селекатсе (солхои 1823—68 хукмрони кардааст) муттахид гардиданд.

Дар охири асри 19 «Ширкати британии Африкаи Чануби» нохияхои байнаннахрайни Лимпопо-Замбези (Родезияи Чануби) ва шимолтари Замбезиро (Родезияи Шимоли) истило кард. То солхои 1923—24 территорияи Родезияи Чануби ва Шимоли дар ихтиёри ширкат буд. Соли 1923 территорияи Родезияи Чануби (бо номи Родезияи Чануби) статуси колонияи худидоракуниро гирифт. Байни чангхои якум (1914— 18) ва дуюму чахони (1939—45) шумораи европоихое, ки ба Родезияи Чануби хичрат намуданд, хеле афзуд. Хукумати сафедпустони акаллият нисбат ба ахолии африкои сиёсати нобаробархукукии нажодиро ба кор мебурд. Дар давраи Чанги дую- ми чахони синфи коргари африкои аз чихати шумора афзуд. Синфи коргар аз чихати сиёси ба камол мсрасид, зуд-зуд корпартоихо ба амал меомаданд. Бо максади дар Африкаи Маркази мустахкам наму- дани мавкеи мустамликадории худ Англия соли 1953 Родезияи Чанубиро бо протекторатхои Родезияи Шимоли (нигаред, Замбия) ва Нясаленд (нигаред, Малави) ба Федератсияи Родезия ва Нясаленд муттахид намуд. Соли 1960 дар асоси Конгресси Миллии Африка — (КМА бори аввал чанде пеш аз сар шудани Чанги дуюми чахони ташкил гардида, соли1957 аз нав баркарор ва соли 1959 манъ карда шуд) партияи милли-демократи (ПМД) ташкил ёфта, доир ба кабули конуни интихоботи умуми талаботхо пешниход кард. Соли 1961 хукумат фаъолияти партияи милли-демократиро манъ кард. Баъди чанд рузи манъи он дар асоси партияи милли-демократи  партияи Иттифоки халки африкоии Зимбабве (ЗАПУ) ташкил ёфт. Соли 1962 ЗАПУ манъ карда шуд ва он ба шароити гайрилегали гузашт. Соли 1961 конститутсия чори гардид, ки ба василаи он африкоихо бори аввал дар парламент аз 65 чой ба 15 чой сохиб шуданд.

Соли 1962 дар интихоботи байкоткардаи Иттифоки халки африкоии Зимбабве ЗАПУ партияи расистии Фронти Родезия (таъсисаш 1961) галаба кард. 11 ноябри 1965 хукумати Родезияи Чануби бо сардории Ян Смит истиклолияти мамлакатро аз идора- кунии Англия яктарафа эълон кард. Хукумати Британияи Кабир ва хукумати дигар давлатхо истиклолияти Родезияи Чанубиро эътироф накарданд. Совети Амнияти ТДМ дар бобати бо Родезияи Чануби катъ намудани муносибатхои иктисоди карор кабул кард. Аммо аксарияти давлатхои Гарб ин карорро мунтазам вайрон мекарданд, хукумати Республикаи Африкаи Чануби ва хукумати фашистии Португалия бошанд, аз ичрои ин карор тамоман саркаши карданд. Октябри 1976 байкоткардаи Иттифоки халки африкоии Зимбабве ЗАПУ ва Иттифоки миллии африкоии Зимбабве ЗАНУ дар бобати ташкил намудани Фронти ватандустони Зимбабве шартнома бастанд, ки онро соли 1977 Ташкилоти ягонагии Африка хамчун ташкилоти ягонае, ки дар Родезияи Чануби муборизаи миллии озодихохи мебаранд, эътироф кард. Фронти ва- тандустон бо максади сарнагун намудани тартиботи иркпарастонаи Смит ба гайр аз муборизаи сиёсию дипломати рохи амалиёти ярокнокро низ пеш гирифт. Соли 1976 ба мукобили ин икдом хукуматхон Америка ва Англия плани худро (ба ном плани Киссинчер) тартиб доданд. Ин план октябри 1976 дар Конференсияи Женева бо иштироки ташкилотхои Африка мухокима карда шуд, аммо дар натичаи сиёсати Смит муваффакият пайдо накард. Соли 1977 Англияю Америка плани нави бо рохи конститутсиони хал кардани ин масъаларо ба миён гузоштанд. План гузаронидани интихоботи умуми ва ташкили давлати мустакили Зимбабверо то охири соли 1978 дар зери химояи Британияи Кабир ва бо назорати ТДМ пешбини мекард. Фронти ватандустон мачбур шуд ин планро хамчун асос барои гуфтушунидхои минбаъда кабул кунад. Феврали 1978 байни Смит ва пешвоёни муросочии ташкилотхои Африка (группировкаи байкоткардаи Иттифоки миллии африкоии Зимбабве ЗАНУ; пешвояш Н. Ситоле), Совети муттахидаи миллии Африка (пешвояш А. Музорева) ва Ташкилоти муттахидаи халкии Знмбабве (пешвояш Ч. Чирау), дар бобати «ба тартиб даровардани масъалаи дохили» шартнома баста шуд. Совети давлатии ичроия ташкил ёфт, ки ба вай Смит ва пешвоёни он ташкилотхо дохил шуданд. Тамоми сохахои асосии хокимият (армия, полисия, суд) пурра зери назорати сафедпустон монд. Совети Амнияти ТДМ ва ташкилоти ягонагии Африка ин шартномаро эътироф накарданд. Апрели 1979 дар натичаи интихоботи калбаки Музорева сарвазири мамлакат шуд. Фронти ватандустон ин интихоботро эътироф накард. Онро Совсти Амнияти ТДМ (апрели 1979) ва конференсияи мамлакатхои ба хам дуст (августи 1979) махкум намуданд. 10 сентяири 1979 дар Лондон доир ба Родезияи Чануби конференсияи конститутсиони кушода шуд, ки дар он рохбарони Фронти ватандустон низ иштирок карданд. Феврали 1980 бори аввал дар мамлакат интихоботи озод шуда гузашт, ки дар он партияхои Фронти ватандустон галабаи комил ба даст дароварданд, партияи Музорева бошад, хамаги ба 3 чой сохиб шуд. 18 апрели 1980 мамлакат сохибистиклол эълон карда шуд.

Партияхои сиёси ва иттифокхои касаба. Иттифоки миллии африкоии Зимбабве—Фронти ватандустон (ЗАНУ—ФВ), таъсисаш соли 1963. Иттифоки халки африкоии Зимбабве — Фронти ватандустон (ЗАПУ — ФВ), таъсисаш соли 1961. Совети муттахидаи миллии африкоии Зимбабве (ЗАНУ — С.). П а р т и я и демократии Зимбабве (ПДЗ), таъсисаш соли 1979. Ташкилоти муттахидаи халкии 3имбабве (ЗУПО), таъсисаш соли 1976. Ф р о н т и республикави (ФР, то июли 1981 Фронти Родезия, таъсисаш соли 1962). Конгресси иттифокхои касабаи Зимбабве, таъсисаш соли 1980.

Иктисодиёт. Республикаи Зимбабве Р. 3. мамлакати аграриву индустриали ва побанди капитали хоричи мебошад; асоси онро хочагии кишлок, саноати махсулотбарори ва кухкори ташкил медиханд. Барои иктисодиёти он 2 сектор характернок аст. Яке сектори европоист, ки кисми асосии хочагихои калони молии хочагии кишлок  ва саноатро дар бар мегирад. Махсулоти асосии хочагии кишлок  дар фермахои калони сафедпустон истехсол мешавад (зиёда аз 50% заминхои бехтарин дар дасти онхост). Дигаре сектори африкоист, ки асосан аз хочагихои натурали ва нимнатурали иборат аст. Дар мамлакат чуворимакка, пахта, гандум, тамоку кишт мекунанд. Соли 1982 дар Республикаи Зимбабве Р. 3. 5,0 миллион сар гов, 2 миллион сар бузу гусфанд, 150 хазор сар хук буд. Дар саноат коргарони кироя кор мекунанд. Маъдани хром ва охан, ангишт, тилло, мис, никел, калтъаги истихроч мешавад. Корхонахои металлурги, химия, коксу химия ва чубгари, заводхои мошин ва автомобилваслкуни дорад. Корхонахои саноати сабук ва хуроквори барои конеъ гардондани эхтиечи ахоли хар гуна махсулот ме- бароранд. Соли 1983 стансияхои электри 4,5 миллиард килоВатт-соат кувваи электр истехсол карданд. Тули рохи охан 2,6хазор километр. Дарозии роххои автомобилгард 78,8 хазор километр. Республикаи Зимбабве Р. 3. ба хорича тамоку, асбест, мис, маъдани хром, шакар ба- роварда, аз хорича мошин ва тачхизот, сузишвори ва равганхои моли- дани, гандум ва гайра мегирад. Шарикони асосии тичоратиаш: Республикаи Африкаи Чануби, Британияи Кабир, Штатхои Муттахидаи Америка, Республикаи Федеративии Германия, Япония. Вохиди пул — доллари Родезия.

Нигахдории тандурусти. Бино ба маълумоти ташкилоти Умумичахонии нигахдории тандурусти (1977) дар байни сафедпустон таваллуд ба хар 1000 нафар ахоли 16,0, фавт 7,6, фавти кудакони навзод ба 1000 таваллуд 21,1 буд. Дарозии миёнаи умри ахолии махалли: мардхо 48 сол, занхо 49 сол. Касалихои инфексиони ва паразитари (касалии сил, трахома, аракии шикампеч, махав ва гайра) пахн шудаанд.

Сои 1974 дар мамлакат 253 касалхонаи дорои 19,3 хазор кат (3,1 кат ба 1 хазор ахоли), аз он чумла 106 касалхонаи давлатии дорои 11 хазор кат ва 147 касалхонаи хусусии дорои 8,3 хазор кат буд. Соли 1973 ба ахоли 1035 духтур (1 духтур ба 5,7 хазор кас), 2,3 хазор фелдшер, 162 духтури дандон, 329 фармасевт ва кариб 10 хазор корманди дорои маълумоти миёнаи тибби хизмат мерасонд. Мактаби тиббии коллечи назди университет духтур, касалхонахои давлатии маркази (Хараре ва Булавайо) хамшираи тибби ва акушерхо тайёр мекунанд.

Маориф. Мухлати таълими ибтидои 8 сол буда, он аз 3 зина иборат аст: мактаби 2-солаи тайёри, мактаби ибтидоии 3-солаи гурухи хурдсолон ва мактаби ибтидоии 3-солаи гурухи калонсолон. Соли 1956 доир ба таълими хатмии ибтидои конун кабул шуда буд, аммо он пурра ичро нагардидааст. Бино ба маълумоти соли 1977 такрибан 90% кудакони аз синни 6 то 16-солаи африкои сохиби маълумоти синфи 5 ва нисфи онхо синфи 8 гардиданд. Таълим ба забони модари мегузарад. Мактаби миёна, ки он асосан фарзандони синфи дороро дар бар мегирад, дар базаи мактаби 8-солаи ибтидои ташкил шуда, аз се зина иборат аст: мактаби 2-солаи ибтидоии миёна, мактаби 2-солаи мобайни ва мактаби 2-солаи миёнан пурра; мактаби миёнаи пурра се шуъба дорад: академи, техники ва хочагии кишлок. Таълим ба забони аиглиси мегузарад.

Соли тахсили 1978/79 дар 2962 мактаби ибтидои 838 205 хонанда, дар 186 мактаби миёна 71790 хонанда тахсил кард. Соли тахсили 1978/79 дар 18 мактаби касбхои техники 1262 хонанда, дар 2 мактаби миёнаи махсус 4333 хонанда, дар 12 коллечи педагоги 2982 студент, дар 2 коллечи хочагии кишлок 133 студент буд. Мактабхои оли: Университи Родезия(таъсисаш 1955) дар Хараре чунин факултетхо дорад: гуманитари, техники, педагоги, тибби, табиатшиноси, чамъиятшиноси. Соли тахсили 1978/ 79 он 2303 студент дошт. Ба университет институтхо вобаста карда шудаанд: маркази тадкикотхои байниирки, институти таълими калонсолон, инмтитути педагоги, институти кухкори, Маркази таълими илмхои табиатшиноси. Институти политехникии Хараре (таъсисаш 1927) аз чумлаи мактабхои олист. Музейхои калон: Музеи милли дар Булавайо (таъсисаш 1901), Нигористони милли дар Хараре (таъсисаш 1957), Музеи ёдгорихои санъати хайкалтароши дар Хараре ва гайра. Китобхонахо: китобхонаи парламент (таъсисаш 1899), китобхонаи оммави (таъсисаш 1896), китобхонаи университет ва дигар.

Чамъиятхои илми: Чамъияти хочагии кишлоки Зимбабве дар Хараре, Ассотсиасияи ветеринари, Ассосиатсияи географии Зимбабве, Ассосиатсияи илмхои табиатшиноси, чамъияти тибби ва гайра.

Муассисахои тадкикоти илми: Совети тадкикотхои сохаи хочагии кишлоки Зимбабве, Департаменти тадкикотхои илми ва гайра.

Матбуот, радио, телевизион. Соли 1979 дар мамлакат 2 газетаи харруза ва даххо дигар нашрияхои даври чоп мешуданд. Газетахои харруза: «Гералд» (ТЬе НегаМ), «Кроникл» («ТЬе СЬготс1е»), «Санди мейл» («Випбау МаЛ»), «Зимбабве пиплз войс» («ТитЬаЬиге Реор1е’зУ01се»),органи партияи Иттифоки халки афрккоии Зимбабве (ЗАПУ). Журналхо: «Иляюстрейтед лайф Родеаия» («1и- из1га1е<1 Ы1е НЬоёез^а»), «Аутпост» («Аи1роз1»). Ба гайр аз ин, дар мамлакат агентии хусусии ахборотии Интер-Африкэн ньюс Эйдженси (1п1ег- А£псап Кето А#епсу Ь1б), филиали агентии ахбороти Республикаи Африкаи Чануби Саут Африкан пресс ассошиэйшн амал мекунад. Корпоратсияи радиои Зимбабве (НЬо- Зез1а ВгоабсазЦп# СогрогаИои) ва корпоратсияи телевизиони Зимбабве (НЬобез1а Те1еу1з10п СогрогаИоп) ба кори идораи радио ва телевизион назорат мекунад. Барномаи радио ва ахбороти телевизион ба 3 забони махалли—исиндебеле, шона ва нянча бурда мешавад. Телевизион аз соли 1960 кор мекунад.

Меъмори ва санъати тасвири. Бозёфтхои археологии Республикаи  3имбабве ба давраи палеолит мутаалликанд. Дар асри 19 комплекси харобахои сангини Зимбабве, Дхло-дхло ва гайра кушода шуданд. Барои биносозии махалли хонахои мудаввари бомашон конуси хосанд. Дар охири асри 19 шахрхое бунёд шудаанд, ки онхо аз чихати чойгиршавии иморатхо ба шабакаи шохмот шабохат доштанд. Аз солхои 1950 санъати шахрсози хамоханги санъати меъмории Европаи Гарби гардид. Аз рассомони мурсир С. Сонго, Ч. Ндандарнгка, хайкалтарошои Т. Дубе, Б. Мтеки маъмуланд. Кандакории чуб, кулолгари ва гайра яке аз хунархои анъанавии халкхои республика мебошад.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …