Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / РЕСПУБЛИКАИ СОВЕТИИ ВЕНГРИЯ

РЕСПУБЛИКАИ СОВЕТИИ ВЕНГРИЯ

rs-vengriya

РЕСПУБЛИКАИ  СОВЕТИИ  ВЕНГРИЯ (РСВ; 1919), давлати диктатураи пролетариат дар Венгрия, ки аз 21 март то 1 августи 1919 вучуд дошт. Республикаи Советии Венгрия РСВ дар натичаи болоравии харакатхои револютсиони, ки баъди кувват гирифтани зулми сиёси ва иктисоди дар Венгрияи давраи Чанги якуми чахони ба амал омад ва бо таъсири Револютсияи  Кабири  Сотсиалистии Октябр барпо гардид. Хукумати буржуазии партияхои либералию радикали ва сотсиал-демократи, ки 31 октябри 1918 баъди револютсияи буржуазию демократи ба сари хокимият омада буд, то тазйики оммаи револютсиони ба истеъфо баромада, хукуматро ба рохбарони Партияи сотсиал-демократи супорид. Сотсиал-демократхо ба кори бе иштироки коммунистон ташкил додани хукумат чуръат накарда, бо онхо ба гуфтушунид шуруъ намуданд. Партияхо 21 март ба Партияи сотсиалистии Венгрия муттахид шуданд. Республикаи Советии Венгрия РСВ эълон карда шуд, хукумати он — Совети револютсионии хукумати (СРХ) таъсис ёфт ва яке аз асосгузорони Партияи Коммунис- тии Венгрия Б. Кун рохбари сиёсии он гардид. Ба хайати Совети револютсионии хукумати СРХ коммунистон ва сотсиал-демократхо дохил шуданд. Ташкили Республикаи Советии Венгрия РСВ нишон дод, ки диктатураи пролетариат факат «зухуроти хоси руси» набуда, балки дар дигар мамлакатхо низ ба вучуд омада метавонад. Владимир Илич Ленин аз номи вакилони Съезди 8-уми РКП(б) ба хукумати Республикаи Советии Венгрия РСВ телеграммаи табрики фиристод. Совети револютсионии хукумати СРХ ба дигаргунсозихо шуруъ намуд, дар натича корхонахо, конхо, воситахои алока, банкхо, мулкхо (аз 100 холд —57 гектар зиёдаш) милли кунонида шуда, рузи кории 8-соата чори ва музди кор 25% зиёд гардид. Барои хифзи республика Армияи сурхи Венгрияро ташкил карданд. Съезди умумивенгерии Советхои депутатхои коргарон ва солдатхо (14—24 июл) баргузор шуд, ки он Конститутсияи Республикаи Советии Венгрия РСВ-ро кабул ва Комитети Ичроияи Маркази КИМ-и республикаро интихоб намуд. Мохи апрел Антанта ба мукобили Республикаи Советии Венгрия РСВ тачовузи харби сар карда, ба ин максад кушунхои хукуматхои буржуазии Руминия ва Чехословакияро истифода бурд. Армияи сурхи Венгрия ба хучуми чавоби гузашта, худуди Республикаи Советии Венгрия РСВ-ро озод кард. Ба Антанта муяссар гардид, ки ба василаи тазйики дипломати хучуми ин армияро боздорад. Армияи Руминия ба мукобили Республикаи Советии Венгрия РСВ боз ба ху- чум шуруъ намуд. Сотсиалистони рост ва рохбарони иттифокхои касаба аз ин истифода бурда, дар армия ва акибгох таргиботи зиддиреволютсиони бурданд, бо намояндагонн Антанта дар Вена гуфтушунид карда, ба истеъфои хукумати Республикаи Советии Венгрия РСВ (1 август) муваффак шуданд. Б. Кун, Т. Самуэли, Е. Хамбургер ва дигар ходимони намоёни республика оммаро ба муборизаи мусаллах даъват намуданд, вале ин навъ мубориза ба амал наомад. Хокимияти Совети дар Венгрия аз тарафи кушунхои Антанта ва бо дастгирии куввахои зиддиреволютсиони пахш карда шуд. Республикаи Советии Венгрия РСВ агарчи хамаги 133 руз вучуд дошт, вале барои инкишофи харакати коргарии Венгрия ва байналхалки ахамияти калон дошт. Венгрия баъди Россия аввалин мамлакате буд, ки дар он Хокимияти Совети эълон карда шуд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …