Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / РЕСПУБЛИКАИ СОВЕТИИ ТЕР

РЕСПУБЛИКАИ СОВЕТИИ ТЕР

РЕСПУБЛИКАИ  СОВЕТИИ ТЕР (РСТ), республикаи советие, ки соли 1918 халкхои вилояти Терро муттахид намуд. 3 (16) март дар Пятигорск аз тарафи Съезди 2-юми халкхои Терек (съезди халкхои вилояти Тер) хамчун кисми таркибии Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР эълон карда шуд. 4 (17) март съезд Хукумати марказии Советиро (Совети Комиссарони Халк) эътироф кард. 5 (18) март органи олии Хокимият — Совети халкии Терро (раисаш Е. С. Богданов) интихоб намуд, ки ба он намояндагони халкхои кабардаю балкар, чечен, ингуш, казакхои Тер ва гайра дохил мешуданд. Съезд кори худро дар Владикавказ, ки аз он чо хукумати контрреволютсионии «Теру Догистон» гурехта буд, ба охир расонд. Совети халки хукумати Республикаи Советии Тер — Совети комиссарони халкро ташкил дод, ки ба хайати он меншевикони интернатсионалист ва эсерони чап (раиси Совети Комиссарони Халк болшевик С. Г. Буачидзе, пас аз халок шудани у 20 июн эсери чап Ю. Г. Пашковский) дохил шуданд. Дар Владикавказ газетаи «Народная власть» («Хокимияти халки») чоп мешуд. 13 (26) бо декрети Совети Комиссарони Халк СКХ моликияти хусуси будани замин, чангал, сарватхои аеризамини бекор карда шуд, заминхои шахсни бо мехнати дигарон киштшаванда бояд дар байни дехконони камбагал таксим карда мешуданд. Корхонахои саноати ба зери назорати органхои Хокимияти Совети гирифта шудаяд. Баъд аз карори Съезди 1- уми Советхои Кавкази Шимоли (7 июл) дар Екатеринодар дар бораи муттахид шудани хамаи республикахои советии Кавкази Шимоли ба Республикаи Советии Кавкази Шимоли дар шароити Чанги граждани (1918—20) Республикаи Советии Тер мавчудияти худро хамчун давлат давом медод. Съезди 4-уми халкхон Терек (июл-август), ки бо рохбарии Г. К. Орчоникидзе гузашт, хайати нави Совети Комиссарони Халкро (раисаш болшевик Ф. X. Булле) тасдик намуд. Феврали 1919 территорияи Совети Комиссарони Халкро гвардиячиёни сафед забт карданд. Марти 1920 дар ин чо Хокимияти Совети баркарор карда шуда, Республикаи Советии Сотсиалистии Автономии Кухи ташкил ёфт.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …