Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / РЕСПУБЛИКАИ СОВЕТИИ СЛОВАКИЯ

РЕСПУБЛИКАИ СОВЕТИИ СЛОВАКИЯ

rs-slovakiya

РЕСПУБЛИКАИ  СОВЕТИИ  СЛОВАКИЯ (РСС; 1919), давлати диктатураи пролетариат, ки соли 1919 дар Словакия вучуд дошт. Дар вазъияти болоравии харакати револютсиони, ки бо таъсири Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр (1917) дар Россия ва ташкилёбии Республикаи Советии Венгрия (марти 1919) барпо шудааст. Республикаи Советии Словакия 16 июн дар Прешов (дар территорияи Словакия), ки онро Армияи Сурхи Венгрия хангоми хучуми чавобиаш ба кушунхои тачовузкори хукуматхои буржуазии Руминия ва Чехословакия озод карда буд, эълон гардид. Комитети ич- роияи револютсионь (органи олии Хокимияти Совети дар Словакия, ки 16 июн ташкил шуда буд) 20 июн хайати хукумати револютсионии Словакияро (дар шащри Кошитса) тасдик намуд. Совет дар бораи милликунонии корхонахои саноати ва тичорати, банкхо, наклиёт, мусодираи мулки помешикон ва калисо (аз 50 гектар зиёдаш) карор кабул карда, дар бораи рузи кори 8-соата, зиёд намудани музди кор, нафака, аз андозхо озод кардани дехконон ва гайра декрет баровард. Хукумати Советии Словакия ба сафарбари ва ташкил намудани Армияи Сурхи Словакия шуруъ кард. Баъди ба он тарафи хати демаркатсионии Чехословакия мачбуран окиб нишастани Армияи Сурхи Венгрия дар зери тазйики тачовузи хукумати буржуазии Чехословакия, ки онро империалистони хоричи дастгири мекарданд, Республикаи Советии Словакия РСС 7 июл бархам хурд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …