Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / РЕСПУБЛИКАИ РИМ

РЕСПУБЛИКАИ РИМ

r-rim

РЕСПУБЛИКАИ  РИМ (1798-99), республикаест, ки 15 феврали 1798 республикачиёни Рим бо дастгирии армияи ба шахр дохилшудаи Франсия эълон намудаанд. Хокимияти дахрии папа Пийи VII бархам хурд. Конститутсияи Республикаи  Рим (1798) аз руи конститутсияи 1795-и Франсия тартиб дода шуд. Дар хаёти сиёсии Республикаи Рим якобичиёни демократ роли калон бозиданд. Як катор конунхои про- грессиви кабул карда шуд: дар бораи мусодираи молу мулки калисо ва фуруши он, бархамдихии як катор имтиёзхои феодалон, бекор на- мудани тобеияти шахсии дехконон ва гайра. Ва бо ин хама мамлакатро дар амал маъмурияти харбии Франсия идора мекард. Ахволи бехад вазнини иктисодии Республикаи Рим дар натичаи горатгарихои муттасили Франсия боз хам бадтар шуд. Дар махалхои гуногуни Республикаи Рим исёнхои аксулликилоби сар заданд. Тобистони 1799 аз Шимол кушунхои Австрия, аз Чануб кушунхои Неанол ба худуди Республикаи Рим зада даромаданд. 30 сентябр неаполихо Римро ишгол карданд; отряди пиёдагарди бахрии русхо (800 нафар) низ ба шахр дохил шуд. Хокимияти Папа аз нав баркарор гардид.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …