Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «РЕСПУБЛИКАИ КРАСНОЯРСК»

«РЕСПУБЛИКАИ КРАСНОЯРСК»

r-kr

«РЕСПУБЛИКАИ  КРАСНОЯРСК», хокимияти Совети муттахидаи депутатхои коргарон ва солдатхо, ки аз 6 декабри 1905 то 4 январи 1906 дар шахри Красноярск вучуд дошта, ба таърихи Револютсияи 1905—07 бо хамин ном дохил гардид. Пеш аз Совет Комиссияи интихобии коргарони Красноярск, ки 20 октябри 1905 дар рафти Корпартоии сиёсии октябр ташкил ёфта буд, бо сардории болшевикон кор мекард. Комиссия бо салохдиди худ рузи кори 8-соата мукаррар кард,  дружинахои коргари ташкил ва ба корпартофтагон рохбари намуда, бо сохибони корхонахо гуфтушунид мекард, алокаи байни коргарону солдатхоро ба амал мебаровард. 6 де- кабр Совети муттахидаи депутатхои солдатхо ва коргарон ташкил карда шуд, ки ба хайати он такрибан 120 кас (болшевикон, коргарон ва солдатхои бепартияви, меншевикон, эсерхо) интихоб гардид. Дар чараёни корпартоии солдатхои баталони рохи охан (8—13 декабр) Комитет (Совет)-и депутатхои солдатхои гарнизони Красноярск ташкил ёфт. 10 декабр Комиссияи интихоби ба Совети депутатхои коргарон табдил дода шуд. Хар се совет дар як вакт амал мекард. Корпартони умумии сиёси, ки 8 декабр сар шуд, ба шуриш табдил ёфт. Совети муттахида 9 декабр намоиши мусаллахи коргарон ва солдатхоро гузаронида, хокимиятро дар шахр ба даст гирифт. Вале дар натичаи хатоихои Комитети муттахида «Республикаи  Красноярск» шикаст хурд. Январ-феврали 1907-ум 9 солдат —ишти- рокчии шуриш хар кадоме ба мухлати 8 сол бадарга шуда, бештар аз 160 коргар ва солдат ба мухлатхои гуногун  хабс шуданд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.