Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / РЕСПУБЛИКАИ ФЕДЕРАТИВИИ ГЕРМАНИЯ

РЕСПУБЛИКАИ ФЕДЕРАТИВИИ ГЕРМАНИЯ

rf-germany

РЕСПУБЛИКАИ  ФЕДЕРАТИВИИ  ГЕРМАНИЯ (РФГ), давлатест дар Европаи Маркази. Республикаи Федеративии Германия РФГ бо Республикаи Демократии Германия РДГ, Чехословакия, Австрия, Швейтсария, Франсия, Люксембург, Белгия, Нидерланд, Дания хамсархад мебошад. Дар Шимол онро бахри Шимоли ва бахри Балтика ихота мекуванд. Масохаташ 248 хазор километр2. Ахолиаш 59,7 миллион нафар (1983). Пойтахташ — шахри Бонн. Аз чихати маъмури ба 10 музофот таксим шудааст (Шлезвиг-Голштейн, Гамбург, Саксонияи Поён, Бремен, Рейн-Вестфалияи Шимоли, Гессен, Рейпланд-Пфалс, Баден-Вюртемберг, Бавария, Вилоятя Саара).

Сохти давлати. Республикаи Федеративии Германия РФГ — республикаи федеративи. Конститутсияи хозирааш соли 1949 кабул шудааст (солхои минбаъда ба он тагйирот ва иловахо дохил карда шуданд). Сардори давлат — президент, ки онро Мачлиси федерали ба мухлати 5 сол интихоб мекунад. Мачлиси федерали  аз аъзоёни бундестаг ва депутатхои ландтаг иборат аст. Органи олии конун- барор — парламенти дупалатаги, ки он аз бундестаг (палатаи депутатхо, ки онро ахоли ба мухлати 4 сол интихоб мекунад) ва бундесрат (палатаи музофотхо) иборат аст. Хокимияти ичроияро хукумат бо сардории канслери федерали (онро бундестаг интихоб мекунад) ба амал мебарорад. Хамаи музофотхо конститутсия, органхои конунбарори интихоботи — ландтагхои якпалатаги (дар Бавария — дупалатаги) ва бо сардории сарвазир хукумати худро доранд. Мувофики конститутсияи федерали хукуки музофотхо махдуд карда шудааст.

Табиат. Сатхи территорияи давлат аз Чануб ба самти Шимол паст шуда меравад. Интихои чанубиро шохахои куххои Алпи Шимолии Охаксанги фаро гирифтаанд. Дар кисми марказии он куххои Алпи Бавария ва куллаи баландтарини Республикаи Федеративии Германия РФГ — кухи Цугшпитце (2963 м) вокеъ гардидаанд. Куххоро водихои чукури дарёхои Изар, Ини ва гайра бурида мегузаранд. Шимолтар аз Алп пуштакухи Бавария ва осори пиряххо ба назар мерасанд. Аз кисми шимолии пуштакух  дарёи Дунай чорист. Шимолтар ва гарбтар аз пуштакухи Бавария минтакаи баландихо ва куххои баландиашон миёнаи (600—1400 метр) чиндоршавии герсини тул кашидаанд. Инхо Алби Шваб, Алби Франкон, Шварцвалд (кухт Фелдберг, 1493 метр), куххои Вараксангии Рейн (Эйфел, Дуверюк, Таулус, Вестервалд), Гарс ва гайра мебошанд. Дар шимоли мамлакат (такрибан 25% территорияи) пастхамии фарохе хаст. Кад- кади бахри Шимоли ва сохили дарё минтакаи маршхо вокест; кисми назди сохилии бахр лойказор аст. Сохилхои ба Республикаи Федеративии Германия РФГ мансуби бахрхои Шимоли ва Балтика пастобанд. Иклим муътадил, дар шимол бахри, дар дигар чойхо континенти. Харорати миёнаи январ аз —0°Селсия то —6*Селсия, июл 16— 20°Селсия. Боришоти солона дар Шимол.

600—750 миллиметр, дар куххои баландиашон миёна 650—1300 миллиметр ва дар Алп 1700—2000 миллиметр. Дарёхои калон: Рейн (дар территорияи Республикаи Федеративии Германия РФГ аз сархадхои он 647 километр), Элба (поёнобаш), Дунай (болообаш), Везер. Кулхои пайдоишашон пиряхи бисёранд. Калонтарини онхо: Боден, Хим, Штарнбергер — Зе, Аммер. Хоки заминхо асосан бури бешаги ва карбонатдори таркибаш пусида, дар Шимол хокистар- ранг. 29% территорияи Республикаи Федеративии Германия РФГ бешазор аст. Дар бешахо, куххо дарахтони санавбар, пихта, сузанбарг, дар Шимол дар бешахои гилзамин дарахтони карагай, коч, ладен меруянд. Зиёда аз 3% территорияи мамлакат (асосан дар шимол мамлакат) — заминхои бекорхобида ва ботлокзор.

Ахоли. 99% ахолии мамлакат немисхоанд: шумораи на чандон калони даниягихо ва голландихо, такрибан 3,8 миллион нафар хоричиёни асосан аз Туркия, Италия, Юнон, Испания омада низ зиндаги мекунанд. Забони расми — немиси. Диндорон — асосан протестант (бештар аз 46%) ва католик (кариб 46%). Зичии миёнаи ахоли дар 1 километр2 241 нафар. 88% ахоли дар шахрхо зиндаги мекунад. Шахрхои калонтарин: Гамбург, Мюнхен, Кёлн, Эссен, Франкфурти Майн, Дортмунд, Дюсселдорф, Штутгарт, Дуйсбург, Бремен, Ганновер, Нюриберг.

Очерки таърихи. Республикаи Федеративии Германия РФГ дар минтакаи ишголии Штатхои Муттахидаи Америка, Британияи Ка- бир ва Франсия ташкил ёфтааст. Соли 1948 дар Лондон 6 давлати Гарб (Штатхои Муттахидаи Америка, Британияи Кабир, Франсия, Белгия, Нидерланд, Люксембург) дар бобати ташкил додани Республикаи Федеративии Германия РФГ карор кабул карданд. Гурухи махсуси экспертхо августи 1948 лоихаи Конуни асосиро тайёр намуд ва онро Совети парламент (иборат аз 65 намояндаи музофотхои гарби Германия) дида баромад. Совет мохи маи 1949 Конститутсияро кабул намуд ва онро губернаторони харбии Штатхои Муттахидаи Америка , Британияи Кабир ва Франсия тасдик карданд.

Августи 1949 аввалин интихоботи бундестаги Республикаи Федеративии Германия РФГ шуда гузашт ва Т. Хейс (Партияи озоди демократи, ПОД, соли 1948 таъсис ёфтааст) якумин президент гардид; бо сардории К. Аденауэр (Иттифоки христианхои демократй, ИХД, соли 1945 таъсис ёфтааст) хукумат ташкил шуд. Ба туфайли дотасияхои Штатхои Муттахидаи Америка ШМА, сафарбарии захирахои дохили ва ба дарачаи паст нигох доштани шароити зиндагии ахоли иктисодиёти Республикаи Федеративии Германия РФГ босуръат таракки кард; охири соли 1950 аз руи хачми истехсоли махсулоти саноати мамлакат ба давраи пеш аз чанг расид. Иктисодиё- ти Республикаи Федеративии Германия РФГ дар солхои минбаъда бо- суръат таракки кард. Аввалхо дар мамлакат тартиботи оккупатсиони ни гох дошта мешуд ва фаъолвяти органхои давлати зери назорати се давлати Гарб махдуд буд, аммо ин махдудият тадричан бархам мехурд. Республикаи Федеративии Германия РФГ-ро акнун ба баъзе группировкахои сиёси ва иктисодии Европаи Гарби хамрох мекарданд; дохил шудан ба блоки НАТО ва ба амал баровардани милитаризасияро водор менамуданд. Ба ин сиёсат синфи коргар, иттифокхои касаба, ташкилотхои демократи ва сотсиал-демократии Республикаи Федеративии Германия РФГ ва дигар давлатхои Европаи Гарби катъиян зид баромаданд. Дар натича созишномахое, ки хануз соли 1952 тартиб дода шуда буданду онхо мебоист ба блоки НАТО ва Иттифоки Бвропаи Гарби дохил шудани Республикаи Федеративии Германия РФГ- ро ба расмият медароварданд, инчунин тартиботи оккупатсиониро бекор мекарданд (ба ном карори Париж), танхо маи 1955 хукми конуни пайдо намуданд.

Баробари мустахкам гардидани хокимияти монополияхои Республикаи Федеративии Германия РФГ куввахои тараккипарвар нахш карда мешуданд. Ноябри 1951 хукумат дар бораи манъи фаъолияти Партияи Ком

мунистии Германия (соли 1956 манъ карда шуд) масъала бардошт. Солхои 1951—1958 фаъолияти зиёда аз 200 ташкилоти демократи манъ карда шуд. Дар айни замон гуруххои рости радикали, иттифокхои никорталаб ва гайра аз нав ташаккул меёфтанд. Соли 1964 Партияи милли-демократии неонасисти таъсис ёфт.

Солхои 50 давраи муборизаи шадиди синфи буд. Баромадхои оммавии мехнаткашони Германияи Гарби барои хукукхояшон бо муборизаи зидди ремилитаризатсия, зидди ба блоки НАТО дохил шудани мамлакат алокаманд карда мешуд. То миёнахои солхои 60 рохбарии сиёсиро дар мамлакат блоки партияхои буржуази—Иттифоки христианхои демократ, Иттифоки христиани-сотсиали (ИХС) ба амал мебаровард. Христианхои демократ (соли 1963 канслери федерали К. Аденауэрро Л. Эрхард иваз кард) рохи консолидасияи хокимияти капитали калони монополисти, мустахкам намудани сохти буржуази-демократиро пеш гирифтанд. Соли 1956, катьи назар аз зиддияти оппозитсияи Партияи сотсиал-демократии Германия, ташкилотхои иттифокхои касаба ва чавонон доир ба ухдадории харбии умуми конун кабул карда шуд; ташкили армияи низомии Германняи Гарби сар шуд. Давлатхои Гарб махдудияти истехсоли техникаи харбиро, ки созишномаи Париж мукаррар карда буд, тадричан аз байн мебардоштанд. Доирахои Германияи Гарби дар сиёсати берунаи худ ба давлатхои Гарб, пеш аз хама ба Штатхои Муттахидаи Америка, такя карда, рохи аз нав дида баромадани нати-чахои Чанги дуюми чахони (1939— 45)-ро пеш гирифтанд. Хукумати Республикаи Федеративии Германия РФГ даъво мекард, ки тамоми не-мисхо, дар кучое бошанд, бояд ба конунхои Республикаи Федеративии Германия итоат намоянд, Республикаи Демократии Германия РДГ бархам дода, Берлини Гарби ба Республикаи Федеративии Германия РФГ хамрох карда шавад ва заминхое, ки ба хайати Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти Союз Советских Социалистических Республик СССР ва Республикаи Халкии Полша дохиланд, ба Республикаи Федеративии Германия РФГ баргардонида шаванд. Чунин саъю кушишхои никорталабона ба кори ба рох мондани муносибатхои баъдичангии давлатхои Гарб ва Шарки Еврона халал мерасонд, ба муътадил гардонидани муносибатхои Иттифоки Совети ва Германияи Гарби (сентябри 1955 байни Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти Союз Советских Социалистических Республик СССР ва Республикаи Федеративии Германия РФГ муносибатхои дипломатии расми мукаррар шуда буданд мусоидат намекард.

Вазъияти чахон беперспектива будани рохи сиёсии демократхои христианиро беш аз пеш ошкор менамуд. Соли 1966 дар натичаи афзудани душворихои дохили хукумати коалитсионии Иттифоки христиани-демократи ИХД/ Иттифоки христиани-сотсиали ИХС-ПДО, ки ба он Л. Эрхард сардори мекард, пароканда гардид. Бо сардории К. Г. Кизингер Иттифоки христиани-демократи (ИХД) ба ном хукумати «коалитсияи калон» ташкил ёфт. Раиси Партияи сотсиал-демократии Германия В. Брандт чонишини канслери федера-ли ва вазири корхои хоричи шуд. Мохи сентябри 1969 дар интихоботи бундестаг блоки Иттифоки христиани-демократи ИХД/ Иттифоки христиани-сотсиали ИХС шикаст хурд. Мохи октябр бо сардории В. Брандт хукумати Партияи сотсиал-демократии Германия ПСДГ- Партияи демократии озод ПОД барпо гардид, ки он сиёсати «идомат ва тачаддуд»-ро пеш гирифт. Дар натича Республикаи Федеративии Германия РФГ соли 1969 ба шартномаи пахн накардани яроки ядрои имзо карда, таклифи Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти Союз Советских Социалистических Республик СССР-ро оид ба гузаронидани гуфтушунидхо кабул намуд, ки ин гуфтушунидхо бо имзо гардидани шартнома дар Москва (1970) анчом ёфтанд. Шартнома тарафайнро ухдадор мекард, ки онхо бояд бутунии территорияхои хамаи давлатхои Европа, халалнопазирии сархадхои онхоро (аз он чумла сархадхои гарбии Республикаи Халкии Полшаро кад-кади дарёи Одер-Нейса, инчунин сархадхои байни Республикаи Федеративии Германия РФГ ва Республикаи Демократии Германия РДГ) нигох доранд. Муносибатхои Республикаи Федеративии Германия РФГ бо дигар давлатхои сотсиалистии Европа низ сол аз сол муътадил мегардиданд (шартномаи Республикаи Федеративии Германия РФГ ва Республикаи Халкии Полша, 1970, Республикаи Федеративии Германия РФГ ва Республикаи Демократии Германия, 1972, Республикаи Федеративии Германия РФГ ва Чехословакия, 1973), Республикаи Федеративии Германия РФГ бо Республикаи Халкии Венгрия ва Республикаи Халкии Болгария муносибатхои дипломати мукаррар кард. Соли 1971 байни Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти Союз Советских Социалистических Республик СССР, Штатшои Муттахидаи Америка, Англия ва Франсия доир ба Берлини Гарби шартномае ба имзо расид, ки мувофики он Берлини Гарби мебоист аз манбаи бахсу мунозирахо ба манбаи сулху амният табдил меёфт. Дар солхои баъди ба имзо расидани шартномаи Москва муносибатхои Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти Союз Советских Социалистических Республик СССР ва Республикаи Федеративии Германия РФГ боз хам бехтар шуда, дар сохахои гуногун робитахои мустахками ба хамдигар муфид мукаррар гардиданд.

Соли 1978 байни Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти Союз Советских Социалистических Республик СССР ва Республикаи Федеративии Германия РФГ созишномаи дарозмуддате (ба мухлати 25 сол) доир ба хамкори дар сохаи иктисодиёт ва саноат ба имзо расид ва соли 1980 дар асоси он программаи дарозмуддати хамкори кабул карда шуд.

Дигаргуние, ки солхои 70 дар сиёсати Республикаи Федеративии Германия РФГ ба амал омад, ба пастшавии шиддати вазъият дар Европа мусоидат намуд. Республикаи Федеративии Германия РФГ сентябри 1973 аъзои Ташкилоти Давлатхои Мутташида, иштирокчии Мачлиси Машварати доир ба бехатари ва хамкори дар Европа шуд, дар гуфтушунидхои Вена оид ба махдуд намудани куввахои мусаллах ва яроку аслиха дар Европаи Маркази (гуфтушунидхо аз соли 1973 давом доранд) ва гайра иштирок мекунад. Куввахои реаксионие, ки дар атрофи Иттифоки христиани-демократи ИХД/ Иттифоки христиани-сотсиали ИХС  чамъ омада буданд, ба чунин сиёсати ху-кумат мукобилияти сахт нишон дода, даъват мекарданд, ки сархадхои мавчуда бекор ва «рейхи Германия» баркарор карда шавад. Хукумати Республикаи Федеративии Германия РФГ борхо ба миллатчиён гузашт мекард. Бо вучуди ин сиёсати хукумат асосан ба паст кардани шидда-ти вазъият равона карда шуда буд. Дар сохаи сиёсати дохили таракки-ёти Республикаи Федеративии Германия РФГ дар солхои 70 ба кувватгирии коалисияи хукмрони сотсиал-либерали мусоидат мекард. Вазъияти иктисодии мамлакат умуман устувор буд. Дар интихоботи солхои 1972, 1975 ва 1980 ба парламент христианхои домократ паи хам шикаст хурданд. Вало дар интихоботе, ки мохи марти соли 1983 пеш аз мухлат гузаронида шуд, партияхои Иттифоки христиани-демократи ИХД/ Иттифоки христиани-сотсиали ИХС   боз голиб омаданд; Хукумати федерали дар заминаи коалицияи Иттифоки христиани-демократи ИХД/ Иттифоки христиани-сотсиали ИХС  сохта шуд. (Канслер: Г. Кол, аз Иттифоки христиани-демократи ИХД ИХД). Дар интихоботи соли 1984 ба онхо инчунин муяссар гардид, ки ба вазифаи президенти федерали намояндаи худ Р. фоп Вайсзеккерро интихоб намоянд.

Партияхои сиёси, иттифокхои касаба ва дигар ташилотхои чамъияти. Партияи сотсиал-демократии Германия (ПСДГ). Хамчун партияи сиёсии Германияи Гарби соли 1946 таъсис ёфтааст. Ба Ин-тернатсионали сотсиалисти дохил аст. Партияи демократии озод (ПДО) (таъсисаш 1948). Асосан манфиатхои буржуазияи миёнаро ифода мекунад. Иттифоки христианию демократи (ИХД; таъсисаш 1945). Манфиатхои капитали монополистиро ифода карда, бо калисо, асосан бо калисои католики, алокаи зич дорад. Иттифоки христианию сотсиали (ИХС; таъсисаш 1945). Танхо дар Бавария амал мекунад. Партияи милли-демократи (ПМД; таъсисаш 1964). Партияи Комунистии Герм а н и я (ПКГ; таъсисаш 1918). Фаъолияти легалии худро (соли 1933 манъ шуда буд) соли 1945 аз нав сар кард, аммо соли 1956 боз манъ карда шуд. Партияи Коммунистии Германия (ПКГ) соли 1968 аз нав таъсис ёфтааст. Иттифоки немисии сулх (таъсисаш 1960). Кисми пешкадами буржуазияи майда, баъзе табакахои зиёиён ва рухониёнро муттахид мекунад. Иттиходи иттифокхои касабаи немис. Федератсияи чамъиятивРеспубликаи Федеративии Германия РФГ — Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти Союз Советских Социалистических Республик СССР.

Партияи сабзон» соли 1980дар натичаи як шудани ташкилотхое, ки химояи мухити зистро пеша кардаанд, ташкил ёфтааст.

Иктисодиёт. Республикаи Федеративии Германия РФГ — мамлакати капиталистии мутаракки, аз чихати иктисодиёт пуриктидортарин дар Европаи Гарби давлати индустриали. Аз руи хачми махсулоти саноати дар чахони капиталисти чои 3-юм, аз руи хачми савдои беруна чои 2-юм, аз чихати ба хорича баровардани капитал яке аз чойхои аввалинро ишгол мекунад. Дар иктисодиёти мамлакат консернхои пуриктидор (Байер, Хёхст, БАСФ, Даймлер-Бенс, Сименс, Фолксваген, Тиссен, АЭГ—Телефункен, Клёкнер, Мессоршмитт-Бёлков-Блом ва дигар) хукмрон буда,  бо калонтарин банкхои хусуси («Дойче банк, Дрезденер банк, Коммерс банк») гуруххои монополистиро ташкил медиханд. Аксарияти онхо монополияхои трансмиллианд. Дар як катор сохахои саноат мавкеи капитали монополистии хоричи, алалхусус капитали Штатхои Муттахидаи Америка, Голландия, Швейсария баланд аст. Хиссаи ка- питали Америка хусусан дар истехсоли нимнокилхо ва мошинхои хисоббарори электрони (ЭВМ), саноати нефт, истехсоли мошинхои сабукрав, наххои химияви калон аст. Аксарияти монополияхое, ки капитали омехтаи давлатию хусуси ва ё соф давлати доранд (ФЭБА, РВЭ, ФИАГ, Прёйсаг, Залсгиттер, Рурколе, Фолксваген ва дигар), асосан дар сохаи энергетика ва дигар сохахои саноати вазнин хукмронанд. Кариб тамоми роххои охан ва кисми зиёди роххои автомобилгард, корхонахои бо об таъминкунии чамъияти, каналхо, бандархо ва гайра ба давлат тааллук доранд.

Сохахои асосии саноати вазнин: мошинсози, электротехника, химия, автомобил, коркарди нефт, металлургияи сиёх, ангишт. Истихрочи ангиштсанг торафт кам мешавад (соли 1956 кариб 152 миллион т, соли 1983 82,2 миллион тонна истехсол карда шуд): ангиштсанг асосан дар хавзахои Рур, Саар ва Ахен истихроч мешавад. Ангишти бурро асосан аз хавзаи Рейни поён (123,5 миллион тонна) мегиранд. Дар кисии шимолии мамлакат конхон нефт ва гази табии (соли 1983 4,1 миллион тонна нефт ва 17,5 миллиард метр3 газ истехсол шуд) вокеанд. Республикаи Федеративии Германия РФГ ба микдори зиёд аз Нидерланд, Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти Союз Советских Социалистических Республик СССР ва дигар мамлакатхо нефт ва газ мегирад. Иктидори умумии стансияхои электри дар ибтидои соли 1978 кариб 80 миллион килоВатт, аз он чумла стансияхои электрии атоми 7,4 миллион килоВаттт буд. Соли 1983 365,0 миллиард  килоВатт соат кувваи электр истехсол карда шуд. Истихрочи маъдани охан беш аз пеш кам (0,85 миллион тонна дар соли 1983) мешавад. Металлургияи сиёх асосан бар оханпора ва маъдани охани импорти асос ёфтааст: соли 1983 27,6 миллион тонна чуян ва 35,35 миллион  тонна пулод гудохта шуд. Соли 1983 Республикаи Федеративии Германия РФГ 743,0 хазор тонна алю- миний (марказхои алюминийгудози: Эссен, Фёрде, Норф, Гамбург, Штаде, Тёгинг ва гайра), 313 хазор тонна мис (Гамбург, Люнен, Дейсбург), 305 хазор тонна сурб (Норденхам, Гамбург, Штолберг, Лаутентал ва гайра), 806 хазор тонна рух (Дуйсбург, Даттелн, Эссен, Мунстербуш) истехсол кард. Саноати химия хеле таракки кардааст; сохахои гуногуни он барои таъмини эхтиёчи хочагии халк ва барои экспорт махсулот мебарорад. Саноати фармасевти, атриёт низ инкишоф ёфтааст. Саноати мошинсозт ва коркарди металл зиёда аз 35% махсулоти саноати ва 53—55% тамоми моли экспортшавандаи мамлакатро истехсол мекунад. Саноати мошинсози яке аз саноатхои мутаракки ва пешкадами мамлакат ба хисоб меравад. Марказхои калони мошинсози: Дуйсбург, Дортмунд, Эссен, Мюлгейм, Дюсселдорф, Кёлн. Залсгиттор, Аугсбург. Корхонахои саноати электротехники бештар дар Бавария, аз он чумла дар Мюнхен, Нюрноерг, Эрлаоген, Штутгарт, Франкфурти Майн, Гамбург ва гайра вокеъ гардидаанд. Марказхои калони саноати автомобилсози: Волфсбург, Ганновер, Брауншвейн, Кассел (консерни Фолксваген), Штутгарт, Бохум (Опел), Кёлн, Саарлуи (Форд), Инголштадт (Ауто-Унион) ва гайра. Марказхои асосии киштисози (чои 3-юм дар чахони капиталисти): Кил, Гамбург, Бремен, Эмден; киштихои дарёи — Дуйсбург, Маййс, Кобленс. Дар музофоти Баден-Вюртемберг корхонахои асбобхои дакики механика ва оптика вокеъ гардидаанд. Корхонахои саноати сабук — бофандаги, дузандаги, чарму пойафзол асосан дар музофоти Баден-Вюртемберг, дар шахрхои Балинген, Рёйтлинген, Аугсбург, Хоф, Оффенбах, Пирмазенс чойгир шудаанд.

Хочагии кишлоки мутараккие дорад. 53—54% тамоми замин истифода мешавад; бештар аз 30% он корам аст. Заминхои хочагии кишлок асосан дар ихтиёри хочагихои калони капиталисти мебошанд. Солхои 1967—77 микдори хочагихои хурд ва миёна хеле кам шуда, микдори хочагихои калон хеле афзуд. Дар мамлакат аз зироати галладона гандум, чав, чавдор, сули, аз зироати техники картошка, лаблабуи канд кишт мешавад. Чорводори низ таракки кардааст. Охири соли 1963 дар Республикаи Федеративии Германия РФГ (ба хисоби миллион сар) 15,5 гов, аз он чумла 5,7 модагов, 23,4 хук, бештар аз 100 мург буд. Мохихои гуногун сайд мешаванд. Дар иктисодиёти Республикаи Федеративии Германия РФГ наклиёти ав- томобили, оби, рохи охан ва трубопровод роли калон мебозанд. Тули рохи охан 31,5 хазор километр; дарозии рохи автомобилгард 173 хазор километр. Роххои обии киштигарди дохили: канали Кил, дарё Рейн бо шохобхои сершумораш. Бандархои калони бахри: Гамбург, Бремен ва Бремерхафен, Вилгелмсхафен, Эмдеп, Любек; бандархои дарёи: Дуйсбург, Гамбург, Кёлн, Мангейм, Людвигсхафен. Нефтепроводхо:

Вилгелмсхафен-Кёлп, Роттердам (Нидерланд) — Кёлн, Мареел (Франсия) — Карсруэ — Инголштадт, Генуя (Италия) — Улм-Инголштадт, Триест (Италия)—Инголштадт. Аэропортхои калон: Франкфурти Майн, Кёлн-Бонн, Мюнхен. Республикаи Федеративии Германия РФГ ба хорича махсулоти саноат ва хочагии кишллок, мошин, махсулоти саноати химия ва электротехника бароварда, аз хорича молхои саноати, ашёи хом ва сузишвори, хуроквори ва гайра мегирад. Республикаи Федеративии Германия РФГ асосан бо давлатхои капиталистии Европаи Гарби ва Штатхои Муттахидаи Америка, инчунин бо мамлакатхои сотсиалисти савдо мекунад. Вохиди пул — маркаи немисии Республикаи Федеративии Германия РФГ.

Нигахдории тандурусти. Соли 1975 таваллуд ба 1 хазор нафар ахоли 9, 7, фавт 12, 1, фавти кудакон (1977) ба 1 хазор кудаки навзод 15 нафар буд. Беморихои дилу раг, саратон, беморихои узви нафас ва чарохату захм бештар пахн шудаанд. Беморихои системаи асаб, рухи, грипп, гепатити вируси, беморихои чимои, сил низ кам нестанд.

Соли 1976 дар Республикаи Федеративии Германия РФГ кариб 4,0 хазор беморхонаи чамъияти ва хусусии дорои 731,6 хазор кат (18,8 кат ба 1 хазор ахоли) буд. Беморхонахои чамъияти 55% хамаи муассисахои табобатии мамлакатро ташкил мекунанд ва дар онхо чун коида аз бемор барои кат, хурок ва нигохубин музд намегиранд,  аммо беморон барои табобати худ духтурони хусусиро даъват мекунанд. Як катор беморхонахо шуъбахои поликлиники доранд, дар шахрхо консултатсияхои занона ва бачагона, диспапсерхои пешгирии бемории сил ва чимои амал мекунанд. Соли 1976 дар Республикаи Федеративии Германия РФГ 122,1 хазор духтур (1 духтур ба 508 нафар ахоли), 33,9 хазор духтури дандон, 25 хазор фармасевт, 161 хазор кор- манди дорои маълумоти миёнаи тибби буд. 27 факултети тиббии университетхо духтур ва 974 мактаби миёнаи тибби кормандони дорип маълумоти тибби тайёр мекунанд.

Маориф. Таълим дар мактаб хатми буда, аз синфи 6-солаги сар шуда 9 сол, дар баъзе музофотхо 10 сол давом мекунад. Зинаи ибтидои, ки мактаби асоси ном дорад (синфхои 1—4, дар баъзе музофотхо синфхои 1—6) барои хамаи бачагон хатмист. Баъди хатми он хонаидагон ба се типи гуногуни мактабхо таксим мешаванд: мактаби асосии хатми, мактаби реали ва гимназия. Мухлати тахсил дар мактаби асосии хатми 5—6 сол аст. Соли тахсили 1978/ 79 дар Республикаи Федеративии Германия РФГ 17797 мактаби асоси буд, ки дар онхо 5 718124 талаба мехонд. Типи дуюми мактаб — мактаби реа- ли (синфхои 5—10 ё 7—10) маълумоти миёнаи нопурра медихад. Соли тахсили 1978/79 дар 24888 мактаби реали 1350 721 талаба мехонд. Типи сеюми мактаб-гимназия (синфхои 5 —13 ё 7—13) маълумоти миёнаи пурра медихад. Соли тахсили 1978/79 дар 2442 гимназия 213353 талаба мехонд. Таълими хатмии касбомузи вучуд дорад. Соли тахсили 1978/79 дар 6396 мактаби касбомузи ва омузишгоххо 261139 талаба мехонд. Ба системаи маълумоти оли университетхо, донишкадахои оли, мактабхои олии рассоми, мактабхои техники ва гайра дохил мешаванд. Мухлати тахсил дар донишкадахои оли аз 3 то 7,5 сол. Соли тахсили 1978/79 дар 284 донишкадаи оли 94589 ва дар 98 университет 75689 студент буд. Каломтарин университетхои Республикаи Федеративии Германия РФГ: Университетхои Гамбург (таъсисаш 1919), Мюнстор (таъсисаш 1780), Марбург (тлъсисош 1527), Кёлн (.1388) ва гайра.

Аксарияти муассисахои илмии Республикаи Федеративии Германия РФГ дар Чамъияти тадкикоти илмии немис (таъсисаш 1951) муттахид шудаанд. Академияхои фанхои Республикаи Федеративии Германия РФГ: академияхои Бавария (1759), Гёттинген (1751), Гейделберг (1909), Рейну Вестфалия (1950), Академияи улум ва адабист (Майнс, 1949) ва калонтарин институтхои тадкикоти илми.

Калонтарин китобхонахои Республикаи Федеративии Германия РФГ: Китобхонахои давлатии Мгюнхен, Франкфурти Майн, китобхонахои университхои Гёттипгеп, Гейдельберг, Кёльп, Тюбипген ва г. Калоптарин музейхо:           Музеи миллип Бавария (таъсисаш 1855, дар Мюнхен), Музеи санъати Франкфурти Майн (таъсисаш 1877), Музеи санъати нафисаи Бремен (таъсисаш 1823), Хона-музеи Бетховен дар Бонн (таъсисаш 1889), Музеи бародарон Гримм дар Кассель (таъсисаш 1960), Музеи байналхалкии Ахен (таъсисаш 1885) ва дигар.

Матбуот, радио, телевизион. Соли 1975 дар Республикаи Федеративии Германия РФГ кариб 1600 газета ва кариб 9 хазор журнал нашр мешуд. Газетахои бонуфузи харруза: «Франкфуртер алъгемайие» («Ггапк!иг1ег А11&е- те’ше», аз соли 1949); «Велт» («Б1е \Уе1Ь», аэ 1946); «Билд-цайтунг» («ВИй ХеКипе», аз 1952); «Зюддойче цайтупг» («ЗибйеиЬзсЪе 2е1Ьип£», аз 1945); «Вестдойче альгемайне («\УсзЬ- ПеиЬасЬе АИветеше», аэ 1948); «Гамбургер абендблатт» («ИатЪигдег АЪепаЫаЬЬ», аз 1948); «Реинише пост» («НЪеш18сЪе РозЬ», аз 1946) ва гайра.

Калонтарин газета ва журналхои чамъияти-сиёсии дархафтаина: «Цайт» («Б^е 2е1Ь», газета аз соли 1946); «Шпигель» («Бег 8р1&с1», журнал аз 1947); «Штери» («ЗЬсгц», журнал аз 1948) ва гайра.

Нашрияхои партияви: «Форвертс» («УотчгагЬз», газетаи хархафтаина аз соли 1876, органи Партияи сотсиал-демократии Германия), «Сотсиал-демократ магасин («Зог1а1детокгаЬ Маагш», хармоха аз 1974); «Унзе- рс цайт» («Шзеге 2е1Ь», газетаи харруза аз 1969); «Дойче вохсн- цайтунг» («Бои1зсЪе \УосЪеп-2еь 1мп&», газетаи хархафтаина аз 1959) ва гайра.

Дар Республикаи Федеративии Германия РФГ чандин стансияхои регионалии радио ва телевизион  кор мекунанд. Радиостансияи «Дойче велле» («БоиЬзсЪе \Уе11с») ба 3 забон ва радиостансияи «Дончлаид- функ» (Бси1зсЫап<1£ипк») ба 14 забон барои хорича ахборот мешунавонад.

Адабиёт. Жанрхои гуногуни адабиёти муосири Республикаи Федеративии Германия РФГ асосан ба калами адибоне мансубанд, ки шохиди кабохатхои фашизм буданд. Дар очерку хикояхо ва драмаи «Дар паси дар»-и (1947) В. Борхерт (1921— 47), романхои «Шикастхурдагон»-и (1949) X. В. Рихтер (таваллуд 1908), «Поезд дар вакташ меояд» (1949), «Кучо буди, Одам?»-и Г. Бёлл (таваллуд 1917) ва дигар асархо фочиаи давраи чанг ва солхои баъди чанг инъикос ёфтаанд. Соли 1947 бо рохбарии X. В. Рихтер ташкилоти адабии «Гу-рухи 47» ташкил шуд. Фош намудани вахшоният ва чиноятхои бе-амсоли фашизм, ки Германияро ба як холати нанговар расонда буд, марому максади асосии ин ташкилот гардид. Дар матбуоти даври асархои адибони иртичои (Двингер, Бауэр, Конзалии, Керн) низ чоп мешуданд. Аммо онхо ба чараёни пешкадами  адабиёти немис монеъ шуда натавонистанд. Дар ин давра як катор асархои пастгоя хам таълиф шуданд.

Баъди ташкил шудани Республикаи Федеративии Германия РФГ (1949) дар хаёти адаби як навъ таназзуле мушохида шуд. Харакатхои тачовузкоронаи насистон ва милитаристон калби адиби намоён Г. Бёллро ба тугён овард. Бёлл дар асархои «Сухане хам нагуфт», «Дар назари масхарабоз» ва дигар роману повест, хикояву маколахои публисистии худ масъалахои мураккаби ичтимои-сиёсии замонро ба калам додааст. Ба табъ расидани романхои Г. Грасс (таваллуд 1927), «Накораи тунукаги» (1959), «Солхои пурмашаккат» (1963) дар хаёти адабии Республикаи Федеративии Германия РФГ вокеаи мухиме гардид. Асархои нависандагон М. Валзер (таваллуд 1927), X. М. Эн-сенсбергер (таваллуд 1929), 3. Ленс (таваллду 1926) ва дигар барои адабиёти гуманисти ва хаёти имрузаи Республикаи Федеративии Германия РФГ ахамияти калон доранд. Дар эчодиёти нависавдагоне, ки дар ташкилоти «Гурухи 61» муттахид шудаанд (М. фон дер Грюи, Г. Вестерхофф. Й. Бюшер ва дигар) тасвири хаёти синфи коргар чои намоёнро ишгол мекунад.

Солхои 60 ба арсаи адабиёт як зумра шоир ва нависандагони чавон баромад. Алхол дар назму наср ва драматургия (10. Бекёр, Габриела Воман, П. Хандке ва дигар) барои тозагии забон мубориза меравад.

Меъмори ва санъати тасвири. Дар нимаи дуюми солхои 40 дар санъати меъмории Республикаи Федеративии Германия РФГ бинокории амали бартари дошт. Дар сохтмони бинохои маъмури тамоюли неоклассисизм аз нав чон гирифт. Аз ибтидои солхои 50 ба комёбихои санъати меъмории чахони ру оварда шуд (бинохои Л. Мис ван дер Роз, меъмории органикии X. Херинг, меъмории Берлини Гарбии X. Шарун). Охири солхои 50 брутализми хоси Германияи Гар-би (О. М. Уигерс) шакл гирифт, охири солхои 60—70 дар санъати меъмори як навъ тамоюли пешкадаме зухур ёфт.

Дар санъати тасвирии охири солхои 40-аввали солхои 50 устодони насли калон (М. Пехштенн, К. Шмидт-Ротлуф, О. Дикс, X. Пурман, В. Гейгер, 0. Панкок) роли халкунанда бозиданд.

Охири солхои 50-аввали солхои 60 санъати абстракти (Э. В. Иай, Т. Вернер), сюрреализм (Р. Элсе, Ф. Радзивилл), солхои 70 услуби «оп-арт», «поп арт», гиппереализм, «хеппенинг» маъмул гардид. Дар баробари ои дар Республикаи Федеративии Германия РФГ анъанахои санъати реалисти нихоят пурнуфузанд, алалхусус дар санъати хайкалтароши (Г. Маркс, Э. Матаре) ва графика (А. В. Дрес-лер, К. Хуббух, К. Рёссинг). Бисёр рассомони пешкадам дар атрофи журнали «Анъанахо» (таъсисаш 1960) муттахид гаштаанд.

Мусики. П. Хиндемит яке аз бастакорони намоёни давраи баъдичангии Республикаи Федеративии Германия РФГ ба шумор меравад. У операхои «Гармонияи олаи» (1957); «Тановули тулонии рузи мавлуди Исо» (1961), балет, симфония ва дигар асархо офаридааст. Дар хаёти мусикии солхои 60-уми Республикаи Федеративии Германия РФГ К. Орф сахми калон дорад; дар репертуари имрузаи театрхои операи мамлакат асархои у (операхои «Бернауэрин», 1947; «Окила», 1947; «Шох Эдип», 1959; «Прометей», 1968) чои намоёнро ишгол мекунанд. Бастакорон В. Эгк («Киссаи Ирландия», 1955; «Муфаттиш», 1957 ва гайра) ва Г. Рёйтер («Раксхои марги Любек»), 1948, «Рохи шахри бахт», 1948) барои театрхои му-сики чандин операву балетхои нав офаридаанд.

Театр. Баъди ташкил шудани Республикаи Федеративии Германия РФГ чандин театрхои нав. («Резиденс-театр»-и Мюнхен, театри миллии Менгейм дар Гамбург ва дигар) кушода ва ё аз нав сохта шуданд. Баъзе арбобони театр дар ривочу равнак додани анъанахои реалистонаи санъати театрии милли саъю кушиш намуда, дар катори асархои классикони немис асархои классикони адабиёти рус ва чахон, аз чумла асархои Н. В. Гоголь, Антон Павлович Чехов, Г. Ибсен, Б. Шоу, Э. Силванус, Т. Дорст, М. Валзерро ба сахна гузоштанд. Арбобони театр М. Хелд, Г. Холсман, Э. Шредер, К. Хаарс, В. Хинс, Г. Шварсе ва дигар дар пешрафти сапъати театрии Республикаи Федеративии Германия РФГ хиссаи калон мегузоранд. Театрхои номии мамлакат: «Талиа-театр (Гамбург), «Шаушпилхауз» (Штутгарт), Театри немис (Гёттинген), «Штаатшауш-пил» (Мюнхен) ва дигар.

Кино. Аввалин филмхои бадеие, ки дар Германияи Гарби офарида шуданд, хаёти халки немисро дар давраи фашизм инъикос менамуданд («Дар он рузхо», 1947, режиссёр X. Кейтиер; «Байни дируз ва фардо», 1947,  режиссёр X. Браун; «Рохи тулони», 1948,       режиссёр X. Фредерсдорф). Солхои 50 дар мамлакат асосан мелодрамаи риккатовар ва мазхакахои дилхушкунанда («Юттахола аз Калкатта», 1953,      режиссёр Г. Якоби, «Гусари содик», 1954,            режиссёр Г. Шюндлер ва дигар) ба навор гирифта шуданд. Ба истехсоли филмхои шовинисти низ («Зангулахои Ватан», 1953, режиссёр Р. Гугелштодт, «Зангулахои туй», 1954, режиссёр Г. Вилдхаген ва гайра) рагбат пайдо шуд.

Дар айни замон дар Республикаи Федеративии Германия РФГ филмхое офарида шуданд, ки милитаризм, фашизм, никорталабиро фош мекарданд («Геперали иблис», 1955, режиссёр X. Кейтнер; «Купрук», 1959, режиссё Б. Викки; «Гулхо барои чаноби прокурор», 1959, режиссёр В. Штаудте; «Мовундеркиндхо», 1958 ва «Арвоххои кушки Шпессарт», 1961, режиссёри хар ду филм К. Гофман). Дар миёнахои солхои 60 гурухи «Кинои чавони немис» бо программаи та-чаддуди мавзуъ ва услуби кинои Республикаи Федеративии Германия РФГ баромад кард («Видоъ бо гузашта», 1966 ва «Артистони зери гунбази сирк ошуфтахоланд», 1968, режиссёри хар ду филм А. Клюге; «Терлеси чавон», 1966, режиссёр Ф. Шлёндорф; «Сайди рубох манъ аст», 1967, режиссёр П. Шамонм ва гайра). Дар бехтарин филмхои солхои 70-уми Республикаи Федеративии Германия РФГ симои хакикии «муъчизаи иктисоди» инъикос ёфтааст («Катселисахер», 1969, «Тарсу вохима чонро фано мекунад», 1974, режиссёри хар ду филм Р. Фассоиидер; «Дусти америкои», 1978, режиссёр В. Вендерс; «Накора», 1979, режиссёр Ф. Шлёндорф). Актёрони номии кинои Республикаи Федеративии Германия РФГ: X. Рюман, Г. Фребе, К. Юргенс, М. Адорф, О. Фишер, Мария ва Максимилвап Шелл, Л. Пулвер, X. Шигула ва дигар.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …