Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / РЕСПУБЛИКАИ ДОМИНИКАНА

РЕСПУБЛИКАИ ДОМИНИКАНА

РЕСПУБЛИКАИ  ДОМИНИКАНА (НериЬНса Оотшшапа), давлат дар Вест-Индия, дар кисми шаркии чазираи Гаить. Онро аз Шимол укёнуси Атлантик, аз Чануб бащри Кариб ихота кардааст, дар Шарк онро халичи Мона аз Пуэрто-Рико чудо мекунад, дар Гарб бо Республикаи Гаити хамсархад мебошад. Масохаташ 48,7 хазор километр2. Ахолиаш 5,7 миллион нафар. (1982). Пойтахташ шахри Санто- Доминго. Ба 26 музофот ва округи милли таксим шудааст.

r-dominikana

Сохти давлати. Республикаи Доминакана— республикаи буржуази. Конститутсияи хозирааш соли 1966 кабул шудааст. Сардо- ри давлат ва хукумат-президент. Органи олии хокимияти конунбарор — парламент (Конгресси милли), ки он аз ду палата сенат ва палатаи депутатхо иборат аст. Хар музофот губернатор дорад, ки онро прези- дент таъин мекунад. Органхои идоракунии чамоахо советхои муниси- палии интихобшаванда мебошанд. Системаи суди: Суди оли, судхои апеллятсиони, судхои ипстансияи якум, судхои оштидиханда.

Табиат. Дар кисми марказии Республикаи Доминакана Р. Д. каторкухи Кордилера-Сеитрал (кухи Дуарте, 3175 метр), дар шимоли он каторкухи Кордилера-Септентрионал (баландиаш то 1249 метр) ва дар Чануби Шарк каторкухи Кордилреа-Орентал (баландиаш то 701 метр) чой гирифтааст. Чисми бокимондаи Республикаи Доминакана Р. Д.-ро хамвори ва хамвории паст (фурухамида) ишгол кардааст. Сарватхои зеризамини: боксит, никел, тилло, маъдани охан, намаксанг, гач ва гайра. Иклимаш тропикии пассати. Харорати миёнаи мохона дар пастхамихо аз 25 то 27°Селсия, боришоти солона дар нишебихои шимоли шаркии бодрас то 2000 миллиметр, дар районхои бодпанах ва дохили то 1000 миллиметр; зуд-зуд туфони тропики ба амал меояд. Дар нишебихои сернами куххо чангали хамешасабзи омехтаи тропики чой гирифтааст, ки хокаш асосан сурхи дорчинии латерити ва сурхи дорчинии кухист; дар нохияхои нисбатан хушк бешаи дарахтони хазонрез, саванна ва паттазор мавчуд аст, ки хокаш асосан сурхи латеритист. Олами хайвоноти республика бо олами хайвоноти чазираи Гаити якхела аст. Аз ширхурон муши паррони хархела, хояндахои гуногун хастанд; калтакалос, тимсох дорад. Парранда нихоят бисёр.

Ахоли. Такрибан 70% ахоли миллатхои испаниву занги, бокимонда сафедпустон ва мухочирони Америкаи Шимоли ва Европа. Забони расми — испани. Аксарияти диндорон- католик. 40% ахоли дар шахрхо икомат мекунад. Шахрхои калон: Санто-Доминго ва Сантяго.

Очерки таърихи. То охирхои асри 15 дар территорияи чазираи Гаити кабилахои сершумори хиндиён, ки сохти авлодиро аз сар мегузарониданд, маскун буданд. Соли 1492 экспедисияи испани бо сардории Колумб чазираро кашф намуда, онро Эспанола номид. Инкишофи мустакилонаи хиндиён катъ гардид, кисми зиёди онхо кир карда шуданд. Кисми шаркии чазира (территорияи хозираи Республикаи Доминакана Р. Д.) то соли 1795 мустамликаи Испания, баъд дар тасарруфи Франсия буд ва соли 1809 боз ба ихтиёри Франсия гузашт. 30 ноябри 1821 истиклолият ба даст овард, аммо баъди як сол Гаитии хамсоя онро забт кард. Соли 1844 халк шуриш бардошта, мамлакатро озод намуд; Республикаи Доминикана ташкил шуд. Аз миёнаи асри 19 ба мамлакат капитали америкои рох ёфт. Штатхои Муттахидаи Америка ба хаёти дохилии ин мамлакат дагалона дахолат мекард. Соли 1930 ба сари хокимият Р. Л. Трухило омад. Трухило хокимиятро пурра ба даст гирифта, дар мамлакат террори хунин чори намуд, Соли 1941 Республикаи Доминакана Р. Д. баъди Штатхои Муттахидаи Америка ШМА ба Япония, Германия ва Италия чанг эълон кард. Галабахои куввахои мусаллахи совети дар чанги зидди Германияи фашисти ба авчи муборизаи миллии озодихохи дар Америкаи Лотини таъсири калон расонда, ба болоравии харакати демократи дар Республикаи Доминикана Р. Д. мусоидат намуданд. Соли 1944 партияи коммунистони Доминикана — Партияи револютсиони-демократии Доминикана (аз соли 1946 Партияи халки-сотсиалистии Доминикана, аз соли 1965 Партияи Коммунистии Доминикана ном дошт) ташкил шуд. Солхои 1942, 1945, 1946 кор- гарони саноати канд ва бандар корпартои карданд. Соли 1946 иттифокхои касаба ба конеъ гардонидани як катор талаботхои иктисодии коргарон муваффак шуданд. Соли 1956 хуручи мусаллахи зиддихукумати ба вукуъ омад, ки он аз тарафи кушунхо пахш карда шуд. Соли 1958 дар суикасди зидди хукумат гурухи офисерон иштирок кард. Мохи маи 1961 Трухилоро як гурух собик шариконаш куштанд. Ходимони намоёни партияхое, ки дар давраи диктатураи Трухило фаъолияташон манъ карда шуда буд, аз мухочират бар- гаштанд. Дар мамлакат харакати миллии озодихохи авч гирифт. Хо- кимияти президент Балагер хеле суст шуд. Декабри 1961 ба ном Совети давлати ташкил карда шуд, ки маънои аз идоракунии диктатури ба идоракунии сернамояндаи демократи гузаштанро дошт. Декабри 1962 Совети давлати интихобот гузаронд ва дар интихобот рохбари Партияи револютсионии Доминикана (таъсисаш 1939) X. Бош галаба кард. X. Бош як катор конунхои демократи кабул намуда, ба фаъолияти партияхои чапи сиёси, иттифокхои касаба ичозат дод. Апрели 1963 конститусия кабул карда шуд, ки он гузарондани ислохоти аграри, як катор озодихои демократи ва сиёси, мухофизати сохибихтиёрии давлат ва гайраро эълон намуд. 25 сентябри 1963 харбиёни реаксиони бо дастгирии Пентагон ва Управленияи марказии разведка табаддулоти давлати карданд. Дар натича хукумати X. Бош сарнагун, парламент пароканда, конститутсияи 1963 бекор карда шуд. Хокимиятро хунта-триумвират, ки дере нагузашта ба он гумоштаи Штатхои Муттахидаи Америка ШМА Д. Р. Кабрал сарвар шуд, ба даст гирифт. Хунта мамлакатро дар вазъияти фавкулодда эълон карда, тартиботи хунин чори намуд, хамаи партияхои демократиро гайриконуни эълон кард, иттифокхои касабаро пароканда, матбуоти пешкадамро баст. Бар зидди тартиботи триумвират мубориза авч гирифт. Охирхои апрели 1965 дар Республикаи Доминакана Р. Д. вазъияти роволютсиони фаро расид. 24 апрел ба мукобили три- умвират чанд кисми харби шуриш бардошт; 25 апрели шуришгарон пойтахтро ишгол карданд. Бо дастгирии Штатхои Муттахидаи Америка контрреволютсионерон хунтаи харби барпо намуданд. 28 апрел 1965 Штатхои Муттахидаи Америка бар зидди Республикаи Доминакана Р. Д. интервенсияи ошкорои мусаллах ташкил карданд. Куввахои пешкадами ватандусти Республикаи Доминикана Р. Д. алхол барзидди тартиботи мавчуда мубориза мебаранд.

Партияхои сиёси, иттифокхои касаба. Партияи револютсио- нии Доминикана (таъсисаш 1939). Намояндагони синфхои дорои шахр ва кишлок, як кисми мехнаткашон, зиёиён, студентонро мутта- хид мекунад. Партияи реформисти (таъсисаш 1964). Заминдорони калон, чорводорон, точирон, як кисми буржуазияи миёна ва майда- ро муттахид менамояд. Партияи озодии Доминикана (таъсисаш 1973). Партияи демократии Кискейяно (Кискейя—номи хиндуии территорияи хозираи мамлакат). Партияи ултраи рост. П а р т и я и Коммунистии Доминикана (ПКД; таъсисаш 1944). Аз соли 1977 ошкоро амал мекунад. Дар мамлакат боз чанд партияи сиёси, чандин иттиходияхои иттифокхои касабаи расми ва мустакил амал мекунанд.

Иктисодиёт. Республикаи Доминикана Р. Д. давлати иктисо- диёташ суст тараккикардаи аграрист. Такрибан 40% даромади милли ва кариб 90% воридоти экспорти ба сахми хочагии  кишлок рост меояд. Саноат чандон таракки накардааст. Дар иктисодиёти мамлакат монополияхои Штатхои Муттахидаи Америка мавкеи асоси доранд. Дар истехсоли канд, банан, боксит ва дигар сарватхои зеризамини капитали америкои гузошта шудааст. Республика барои экспорт найшакар, банан, какао, тамоку, барои истеъмоли дохилишоли, чуворимакка, маниок, батат ва ямс парвариш мекунад. Соли 1983 дар Республикаи Доминакана Р. Д. 2,1 миллион сар гов, 1,3 миллион хук, 27 хазор гусфанд, 112 хазор буз, 202 хазор сар асп буд. Саноати хуроквори ва тамоку таракки кардааст. Соли 1982 2930 миллион килоВатт-соат кувваи электр истехсол карда шуд. Тули рохи охан зиё- да аз 1200 километр, роххои автомобилгард—5,6 хазор километр. Бандархои асосии бахри: Санто-Доминго ва Пуэрто- Плата. Дар Пунта-Кауседо аэропорти байналхалки дорад. Республикаи Доминикана Р. Д. аз хорича молхои гуногуни саноати, металл, пахта, хуроквори, махсулоти нефт, моддахои химияви ва гайра мегирад. Шарикони асосии тичоратиаш — Штатхои Муттахидаи Америка, Испания, Япония, Республикаи  Федеративии Гермаия. Вохиди пул — песо.

Нигахдории тандурусти. Соли 1969 ба 1 хазор нафар ахоли 35,9 таваллуд, 6,6 фавт, ба 1000 кудаки навзод 72,6 нафар фавт буд. Исхоли хунин, махав, амёбиаз, анкилостомидоз, вухерериоз, фрамбезия, сифилис барин касалихо пахн шудаанд. Соли 1968 дар республика кариб 2 хазор духтур (1 духтур ба 1,9 хазор кас), 75 фармасевт, кариб 2,2 хазор хамшираи тибби, кариб 1 хазор ёрдамчии хамшираи тибби кор мекард. Соли 1967 дар Республикаи Доминикана Р. Д. 460 беморхонаи дорои 11,3 хазор кат (2,9 кат ба 1000 кас), аз чумла 98 бе- морхонаи давлати (8,3 хазор кат) буд.

Маориф. Зиёда аз 50% ахолии калонсол бесавод. Кудакон ба мактаби ибтидои аз 7-солаги (мухлати таълим дар шахр 6 сол, дар кишлок аз 3 то 6 сол) дохил мешаванд. Баъди хатми литсеи 4-сола хонандагон сохиби маълумоти миёна мешаванд. Соли тахсили 1968/69 дар мактабхои ибтидои 645 хазор, дар литсейхо 90,4 хазор талаба хонд.

Дар базаи мактаби ибтидоии 6-сола (мухлати тахсил 1—4 сол) ва дар омузишгоххои миёнаи касбхои техники (мухлати тахсил 3—5 сол) мутахассисон тайёр карда мешаванд. Барои мактабхои ибтидои мактабхои 3-солаи нормали, барои литсейхо ду мактаби олии нормали (3-сола) ва университетхо муаллим тайёр мекунанд.

Яке аз кадимтарин ва калонтарин мактабхои олии мамлакат университети Санто-Доминго мебошад, ки он соли 1538 таъсис ёфтааст. Ба гайр аз он дар Сантяго университети католики (таъсисаш 1962) ва дар Санто-Доминго университети милли (таъсисаш 1966) хаст. Соли тахсили 1970/71 дар мактабхои оли 15,7 хазор студент тахсил мекард. Калонтарин китобхонаи мамлакат китобхонаи  университети Санто-Доминго мебошад. Соли 1931 Академияи таърих таъсис ёфт. Дар Санто-Доминго Музеи милли (таъсисаш 1927), Нигористони миллии санъати нафиса (таъсисаш 1943) кор мекунанд.

Матбуот, радио, телевизион. Соли 1972 дар Республикаи Доминикана Р. Д. 20 номгуй нашрияи даври, аз он чумла 8 газетаи харруза чоп мешуд. Газетахои калоне, ки дар Санто-Доминго нашр мешаванд: «Карибе» ?«Б1 СапЬе»), харруза (таъсисаш 1948); «Насионал» («Б1 Р7ас1~ опа1»), харруза (таъсисаш 1966); «Листин диарио» («ЫзИп Бхапо»), харруза (таъсисаш 1889); «Пренса либре» («Ргеоза ЫЬге»), харруза (таъсисаш 1962); «Сол» («Е1 8о1»), (таъсисаш 1971); «Популар» (Е1 Рори1аг»), (таъсисош 1946), органи Партияи Коммунистии Доминикана, гайрилегали нашр мешавад.

Дар мамлакат 90 радиостансия буда, яке аз онхо хукуматист. Барномахои радио ба забони испани мебошад.

Адабиёт. Адабиёт асосан ба забони испани инкишоф меёбад. Асосгузори он шоир Ф. М. дел Монте (1819 —99) мебошад. Дар чустучуи мавзуи ба худ хос нависандагони Республикаи Доминикана Р. Д. ба хаёти гузаштаи ахолии аслии чазира ру оварданд. А. Ангуло Гуриди (1822—1906) (повести «Мухаббати хиндиён», с. 1843); бародари у X. Ангуло Гуриди (1816—84) дар эчодиёти худ аз мавзухои фолклори хиидиён фаровон истифода бурдаанд. Таъсири услуби модернизм, ки он ибтидои асри 20 ба адабиёти Республикаи Доминикана Р. Д. аз адабиёти давлатхои Америкаи Лотини дохил шуда буд, дар эчодиёти О. Базил (1884—1946) ва А. Луго (1870—1952) зухур ёфт.

Истибдоди диктаторхо ва Республикаи Доминикана Р. Д.-ро истило кардани кушунхои Штатхои Муттахидаи Америка (1916—24) боиси пурзур шудани охангхои оппозитсиони дар адабиёт гардид. Т. М. Сестеро (1877—1955) дар романи «Хун» (1914) тартиботи мустабидонаи президент У. Эро ва О. Рид (таваллуд 1899) дар романи «Маданиятпарварон» (1924) интервенсияи Штатхои Муттахидаи Америкаро нишон додаанд.

Дар давраи диктатураи Трухило бисёр нависандагон аз мамлакат рафтанд. Романхои дар мухочират эчодгардидаи «Душманони замин» (1936), «Рохи оташин» (1941) ва «Кабристони бесалиб» (1949)-и А. Ф. Ракена (1908—52), «Фоидаи иловаги» (1939)-и Р. Марреро Аристи (таваллуд 1913) хашму газаби халкро инъикос кардаанд.

Меъмори ва санъати тасвири. То асри 16 дар территорияи  Республикаи Доминикана Р. Д. санъати хиндиён (сафолхои мунаккаш, харгуна асбобу анчоми чубин, бутхои сангин ва чубин) таракки мекард. Охирхои асри 15— ибтидои асри 16 истилогарони испани аввалин шахрхо, аз он чумла шахри Санто-Домингоро бунёд карданд ва дар он дар нимаи якуми асри 16 бо услуби готикаи испани ва Тачаддуди барвакт бинохои сангин ва бинохои 2-кабатаи хавличадор сохта шуданд. Аз давраи мустамликадори танхо баъзе намунахои санъати рассоми, хайкалтароши, кандакори боки мондаасту бас. Баъд аз таваккуфи тулони дар асри 20 аз руи лоихаи санъати меъмории Штатхои Муттахидаи Америка бино ва районхои алохида сохта шуданд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …