Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / РЕСПУБЛИКАИ АФРИКАИ ЧАНУБИ

РЕСПУБЛИКАИ АФРИКАИ ЧАНУБИ

raj

РЕСПУБЛИКАИ  АФРИКАИ ЧАНУБИ, давлатест дар Африкаи Чануби. Дар Шимол бо Ботсвана ва Родезияи Чануби (Зимбабве), дар Шимоли Шарк бо Мозамбик ва Свазиленд, дар Шимоли Гарб бо Намибия (Африкаи Чануби-Гарби) хамсархад аст. Аз Гарб укёнуси Атлантик, аз Шарк укёнуси Хинд ихота кардааст. Масохаташ 1221 хазор километр2. Ахолиаш 33 миллион наф. (1983). Пойтахташ — шахри Претория, кароргохи парламент— шахри Кейптуан. Аз чихати маъмури  ба 4 музофот таксим шудааст: Капа, Натал, Норанчи ва Трансваал. Баъди Чанги дуюми чахонб Республикаи Африкаи Чануби РАЧ  Намибияро гайриконуни гасб кард ва аз соли 1949 онро чун музофоти худ идора мекунад.

Сохти давлати. Республикаи Африкаи Чануби РАЧ давлати фа-шистию нажодпарасти буржуазияи англисию африкои дар асоси конуни репрессиви хукук ва озодихои буржуази-демократиро бархам додааст, нисбат ба ахолии бисёрмиллионаи гайриевропои сиёсати апартхейдро мегузаронад. Ин сиёсат бо конститутсияи хозираи Республикаи Африкаи Чануби РАЧ, ки 1961 кабул шуда буд, ба хукми конун дароварда шудааст.

Сардори давлат — президент ба мухлати 7 сол, парламент ба мухлати 5 сол интихоб карда мешавад, ки он аз сенат ва палатаи мачлисхо иборат аст. Факат гражданхои сафедпусте, ки синнашон ба 18 расидааст, хукуки овоздихи доранд.

Мувофики программаи ба бантустонхо чуддо кардани территорияи Республикаи Африкаи Чануби РАЧ, ки кисми таркибии сиёсати апартхейд аст, дар районхои «сиёхпустон» аз руи нишонахои кабилави ба ном 10 бантустон барпо карда шуд, ки онхо мустамликахои дохилии империализми Африкаи Чануби мебошанд; хар кадоми онхоро генерал-комиссар, ки уро президенти Республикаи Африкаи Чануби РАЧ таъин менамояд, идора мекунад.

Табиат. Релефи Республикаи Африкаи Чануби РАЧ асосан аз пуштакуху пахнкуххо иборат аст, ки онхо ба пастии сохил ва паст-хамии Карруи Калон нишеб шуда мераванд. Дар. Чануб куххои Капа (баландиаш 2326 метр) вокеанд. Дар Шарк камари кух хеле барчаста аст ва он куххои Аждар ном гирифтааст (кухи Куллаи Каткин, 3660 метр). Иклимаш тропики, дар Чануб субтропики. Харорати миёнаи мохона дар пахнкух аз 7— 10*Селсия то 18—27*Селсия, боришоти солона 150—750 миллиметр.  Дар субтропикхо харорати миёнаи мохона 13—21°Селсия, боришоти солона то 700 миллиметр. Дар сохили шарки ва нишебихои шаркии куххои Аждар боришоти солона 1000—2000 миллиметр. Дар сохили укёнуси Атлантик боришоти солона кариб 100 миллиметр. Дарёхои калон: Норанчи (бо шохобаш Вааль) ва Лимпопо. Дар сохили шарки — саваннаи мукаррари, чанубтари 30* а. ш.— бешахои субтропики ва буттахои хамешасабз, дар нишебихои куххо — бешахои субтропикии муссони. Дар нохияхои дохили — саваннахои ба биёбон табдилёфта, ним-биёбонхои буттаги ва биёбонхо. Олами хайвоноти Республикаи Африкаи Чануби РАЧ аз дахолати одамон хеле тагйир ёфта, аксари хайвонхо танхо дар мамнуъгоххои калонтарини Крюгер, Калахари-Гемсбок боки мондаанд.

Ахоли. Кариб 72% ахоли аз халкхои африкоии оилаи бантузабон иборат мебошад; бушменхо ва готтентотхо низ зиндаги мекунанд. Кариб 10% ахоли дурагахо, зиёда аз 16% сафедпустон, кариб 2% хиндихо мебошанд. Забонхои расми — африкои ва англиси, зиёда аз 50% африкоихо ба дину оини махалли эътикод доранд, ахолии бокимонда — асосан насрони. Ахолии гайриевропои таъкиб карда мешавад. Барои истикомати африкоихо ва одамони нажодашон гуногун дар шахрхо локасияхо —геттохо чудо карда шудаанд, ки калонтарини он Соуэто (дар наздикии шахри Йоханнесбург) мебошад. Дар Республикаи Африкаи Чануби РАЧ 16 шахр хаст, ки ахолии онхо зиёда аз 100 хазор нафар мебошад, Шахрхои калон: Дурбан, Кейптаун, Йоханнесбург, Претория, Порт-Элизабет.

Очерки таърихи. Аввалин сокинони Республикаи Африкаи Чануби РАЧ готтентотхо (худ койкой гуянд) ва бушменхо (сан), инчунин халкхои банту будапд. Сараввал Ширкати голлаидии Ост-Индия ба мустамлика кардани РАЧ шуруъ намуд ва соли 1652 дар территорияи он колопили Капаро барпо памуд, ки дар он африканер-хо (бурхо) хукмрон шуданд. Дар охири асри 18 ва аввали асри 19 колонияи Капаро Британияи Кабир забт кард. Муборизаи халкхои Африка бар зидди мустамликадорони истилогар дар асри 17 аз исёни кабилахои готтентотхои сохибихтиёр ва гуломони шуришгар огоз ёфт. Чангхои байни кабилаи коса ва мустамликадорони европои (чангхои Кафр) аз охири асри 18 то охири асри 19 давом кард. Зиддиятхои байни бурхо ва хукуматдорони англис, инчунин бекор карда шудани гуломдори (1834), ки хочагии бурхо бар он асос ёфта буд, дар охири солхои 30 асри 19 ба он оварда расонд, ки оммаи васеи бурхо аз колонияи Капа ба шимоли мамлакат кучида, заминхои ахолии махаллиро забт намуда, республикахои худро ташкил карданд. Яке аз он республикахо Натал буд, ки онро Британияи Кабир соли 1843 зердаст кард, республикахои дигар солхои 50 ба давлати озоди Норанчи ва Трансваал муттахид карда шуданд. Тез шудани бозори алмосу тилло (охири солхои 60 ва миёнаи солхои 70) боиси ба ин махал кучидани шумораи зиёди европоиён гардида, ба тараккиёти саноати маъдани кухи, савдо, сохтмони рохи охан мусоидат кард. Британияи Кабир солхои 70—80 асри 19 территорияи сохибихтиёри бантуёни Африкаи Чанубиро истило намуда, ба мукобили кабилахои зулу, коса, басуто чангхои шадид сар кард. Кушишхои чандинкаратаи мустамликадорони Англия, ки республикахои бурхоро зердаст кар-дани мешуданд, ба чанги англисхо ва бурхо (1899—1902) оварда расонд. Англисхо Трансваал ва Давлати озоди Норанчиро забт карданд. Соли 1910 колонияи Англия ва собик республикахои бурхо ба доминиони Иттифоки Африкаи Чануби (ИАЧ) дар хайати Британияи Кабир муттахид шуданд. Дар мамлакат режими на-жодпарасти ва сегрегасияи (чудокунии) ахолии гаириевропои мукар-рар гардид. Хукумати Л. Бота (1910 —19) як катор тадбирхои поймолкунандаи хукукхои нажодиро ба амал баровард. Конуни соли 1913 оид ба замин, ки худуди заминхои бантухоро мукаррар карда буд, ба африкоихо берун аа резерватхо замин доштанро манъ кард ва дар амал баршинаи африкоихоро, ки дар заминхои фермерхои сафедпуст зиндаги мекарданд, конуни гардонд.

Давраи баъди ташаккули Иттифоки Африкаи Чануби ИАЧ ав-чи харакати коргари буд.  Солхои 1909 —10 Партияи лейбористии Африкаи Чануби таъсис ёфта, коргарони сафедпустро муттахид кард. Дар мубориза бар зидди системаи зулму асорат соли 1912 дар заминаи «конгрессхои махалли” Конгресси махаллии Африкаи Чануби таъсис ёфт (аз соли 1925 Конгресси миллии Африка, КМА) номида мешавад. Соли 1915 Лигаи интернатсионалии сотсиалисти ташкил шуд, ки он барои интернатсионализм дар харакати коргари, бар зидди сиёсати хукумати Иттифоки Африкаи Чануби ИАЧ мубо-риза мебурд. Соли 1921 Партияи Коммуннстии Африкаи Чануби — нахустин дар Африка партияи пролетарии сернажод таъсис ёфт. Баъди дар Германия мукаррар гардидани диктатураи фашисти (1933) дар Иттифоки Африкаи Чануби ИАЧ харакати фашисти вусъат ёфт, таъсири ташкилоти миллатчиёни ашадии бурхо «Брудербонд» («Иттифоки бародарон») ва гайра пуркувват гардид. Соли 1948 баъди ба сари хокимият омадани Партияи миллатчиги (таъсисаш 1913), ки сиёсати апартхейдро расман эълон кард, реаксия хело кувват гирифт. «Конун оид ба пахш намудани коммунизм» (1950) фаъолияти Партияи коммунистиро манъ кард. Соли 1955 бо кушиши ташки-лотхои тараккипарвар Конгресси халкхои Африкаи Чануби даъват ва дар он программаи умуми — Хартияи озоди кабул карда шуд. Ин программа пурра бархам додани поймолкунии хукукхои нажоди ва азнавсозихои демократи ва ичтимоию иктисодиро такозо дошт. Соли 1959 барои африкоихо зуран бантустонхо — резерватсияхо барпо карданд, ки хукуки худидоракунии онхо махдуд аст. Конгресси миллии Африка КМА аз соли 1960 дар пинхонкорист. Соли 1961 зери фишори мамлакатхои Африкаю Осиё — аъзоёни Иттиходи Британия, ки бар зидди режими нажодпарасти дар Иттифоки Африкаи Чануби  ИАЧ мубориза мебурданд, хукумати Иттифоки Африкаи Чануби ИАЧ мачбур шуд аз хайати Иттиход барояд ва мамлакатро Республикап Африкаи Чануби ( РАЧ) эълон намояд. Бар хилофи карори Ассамблеяи Генералии ТДМ (1906) Иттифоки Африкаи Чануби РАЧ истилои гайриконунии Намибияро давом медихад. Доирахои иртичоии Гарб ба дидани чорахои катъии зидди Республикаи Африкаи Чануби РАЧ монеъ мешаванд. Солхои 70 муборизаи сиёси  ва корпартоихои мехнаткашони Республикаи Африкаи Чануби РАЧ, ки ба он Партияи Коммунистии Африкаи Чануби ПКАЧ ва Конгресси миллии Африка КМА рохбари мекунанд, боз хам авч гирифт.

Партияхои сиёси, ташкилотхо ва иттифокхои касаба. П а р т и я и миллатгарои (аз соли 1948), партияи хукмрон. Соли 1913 таъсис ёфтааст. Манфиатхои доирахои реаксионии буржуазияи калони сано-ати, молияви ва буржуазияи дехотро химоя менамояд. П а р т и я и миллатгарои  мучаддад. Соли 1969 ходимони ултрарост таъсир карданд. Партияи прогрессиви-федерали (ППФ). Соли 1977 дар натичаи муттахид шудани Партияи прогрессиви-реформисти бо группировкаи аз собик Партияи муттахида чудошуда таъсис ёфтааст. Партияи нави республикави (ПНР). Таъсисаш 1977. Партияи Коммунистии Африкаи Чануби (ПКАЧ). Таъсисаш 1921. Аз соли 1950 пинхонкорост. Конгресси м и л л и и  А ф р и к а (Конгресси миллии Африка КМА) — партияи револютсиони-демократии ахолии Африка. Таъсисаш 1912. Аз соли 1960 пинхонкор аст. Барон бархам додани режими нажодпарасти ва ташкили давлати домократии сернажод мубориза мобарад. Конгресси панафрикои, таъсисаш соли 1959. Ташкилоти халкииАзания, таъсисаш соли 1978. К о м и т е т и дахнафар. Конгресси иттифокхои касабаи Африкаи Чануби (САКТУ) — иттиходияи иттифокхои касабаи тараккипарвар, ки барои ягонагии тамоми мехнаткашони мамлакат мубориза мебарад. Таъсисаш 1955. Дар амал манъ карда шудааст. Конфедератсияи Республикаи Африкаи Чануби Р А Ч (таъсисош 1957) ва Совети иттифокхои к а с а-баи Африкаи Чануби (таъсисаш 1954) асосан иттифокхои касабаи рост ва реформистии аристократияи коргарии сафедпустро муттахид мекунад.

Хочаги. Республикаи Африкаи Чануби РАЧ мамлакати индустриалию аграри буда, дар Африка яке аз давлатхои аз чихати иктисоди тараккикардаест. Дар иктисодиёти мамлакат капитали монополистии хоричи ва махалли роли асоси мебозад. Саноати маъдани кухи яке аз сохахои асосии хочагии халк мебошад. Республикаи Африкаи Чануби РАЧ дар байни мамлакатхои капиталисти ва тараккикунанда аз чихати истихрочи тилло, металлхои гурухи платина, хромит, маъдани манган, сурма, алмоси заргар чои якумро мегирад. Инчунин уран, мис, асбест, ванадий, никел, нукра ва гайра истихроч карда мешавад.  Ангиштсанг асоси захираи сузишворию энергетика мебошад; зиёда аз 98% кувваи электрро Гидро Электростансия ГЭС-хо истехсол менамояд (119,7 миллиард килоВаттсоат, соли 1982).  Дар Африка нахустин стансияи электрикии атоми сохта мешавад (1980).  Аз сохахои саноат мошинсози ва коркарди металл (истехсоли тачхизоти саноати кухи, кранхои борбардор ва гайра), металлургияи сиёх ва ранга, химия, бофандаги ва саноати хуроквори бештар таракки кардаанд. Мар-казхои асосии саноати: Йоханнесбург, Претория, Фандербейлпарк, Кейптаун, Дурбан, Порт-Элизавет-Xочагии кишлок манбаи асосии зиндагии ахолии махалли мебошад. Хочагихои сермахсули сафедпустон ва дар бандустонхо хочагихои каммахсули африкоихо мавчуданд. Кариб 40% замин ба хочагихои фермери, ки хар кадом зиё-да аз 4 хазор гектар замин дорад, мансуб аст. Заминхои киштшаванда 10— 15%, зироатхои бисёрсола кариб 1%, маргзору чарогоххо 70% территорияро ташкил мекунад. )зироатхои асосии хочагии кишлок: чуворимакка, гандум, найшакар. Богдори ва токпарвари (асосан дар чануби гарби музофоти Капа), ситруспарвари (Трансваал) ривоч ёфтаанд. Чорводори низ таракки кардааст. Соли 1982 ин кадар сар чорво буд (ба хисоби миллион сар): гов — 12,2, бузу гусфанд — 37,0. Паррандапарвари низ ривоч ёфтааст. Тули рохи охан 23 хазор километр (1981). Дарозии рохи автомобилгард 186 хазор километр, аз он чумла рохи асфалтпуш 4 хазор километр. Бандархои калон: Дурбан, Ричардс-Бой, Салданя, Кейптаун, Порт-Элизабет. Ба хорича тилло, ашёи минерали, хуроквори, сангхои киматбахо ва махсулоти заргари, металл экспорт карда мешавад. Республикаи Африкаи Чануби РАЧ асосан бо Британияи Кабир, Штатхои Муттахидаи Америка, Республикаи ФедеративииГермания, Япония ва Франсия савдо мекунад. Вохиди пул-р э н д и Африкаи Чануби.

Нигахдории тандурусти. Соли 1971 таваллуд ба 1000 сокини нажоди экватори 35,6, фавт 13,4, фавти кудакон ба 1000 кудаки навзод 122,1 нафар буд; барои хиндихо мувофикан 33,8, 8,8 ва 20,9 мебошад. Касалихои сил, тифи хаспадор ва гайра пахн шудаанд.

Соли 1973 дар Республикаи Африкаи Чануби РАЧ  788 муассисаи табобатии дорои 156,2 хазор кат (6,4 кат ба 1 хазор сокин) буд. 12 хазор духтур (1 духтур ба 2 хазор сокин), 1,7 хазор духтури дандон, 4,8 хазор фармасевт ва дигар кор мекарданд. Духтуронро 5 факултети университетхо тайёр мекунанд.

Маориф. Маорифи Республикаи Африкаи Чануби РАЧ аз руи нишонахои ирки ташкил карда шудааст; кудакони сафедпуст, нажоди экватори, банту ва хинди (халки махалли) дар мактабхои гуногун аз руи программа ва китобхои дарсии махсус таълим мегиранд. Барои бачагони сафедпуст таълими хатмии 9-сола (аэ 7 то 16-сола) чорист. Соли 1976 барои тамоми африкоихо (аз 7 то 11-сола) таълими хатмии 4-сола, барои бачагони нажоди экватори ва хиндихо таълими гуногунмухлат (дар музофоти Наталь аз 7 то 16-сола, дар музофоти Капа аз 7-то 14-сола) чори карда шудааст. Дар муассисахои томактаби асосан кудакони сафедпуст тарбия меёбанд.

Соли 1975 дар Республикаи Африкаи Чануби РАЧ ин кадар мактаби давлати буд: 2.386 мактаб барои 871.401 хонандаи сафедпуст, 2.270 мактаб барои 820.386 хонандаи нажоди экватори ва хинди, 11.823 мактаб барои 3.699.000 хонандаи банту. Мактабхои хусуси: 57 мактаб барои 44.076 хонандаи сафедпуст, 1.310 мактаб барои 216.639 хонандаи нажоди экватори, 173 мактаб барои 53.511 хонандаи хинди, 416 мактаб барои 80.904 хонандаи банту. С. 1973 дар 26 коллечи техники 19.571 студенти сафедпуст, дар 5 коллечи техникй 2.841 студенти нажоди экватори ва дар 1 коллечи техники 6.978 студенти хинди, дар 2 коллечи техники  ва 42 омузишгохи хунарманди 4600 хонандаи банту (1974) тахсил мекарданд. Соли 1975 дар 23 коллечи педагоги 11.611 студентони сафедпуст ва дар 16 коллечи педагоги 5.108 студенти нажоди экватори, дар 38 коллеч 14.680 студенти банту тахсил карданд, ки ин коллечхо муаллим тайёр мекунанд. Маълумоти оли дар 16 университет дода мошавад. Университетхои  калонтарин: Университети  Претория (таъсисаш 1908), Университети Столленбос (таъсисаш 1918), Университети Витватерсранд дар Йоханнесбург (таъсисаш 1922), Университети Кейптаун (таъсисаш 1829). Музейхо ва нигористон: Музеи милли дар Блумфоитейн, Музеи таърихи табиати Африкаи Чануби дар Кейптаун, Музеи таърихи маданияти Африкаи Чануби дар Кейптаун, Нигористони милли ва гайра. Китобхонахои калон: Китобхонаи оммавии Кейптаун, Китобхонаи оммавии Республикаи Африкаи Чануби РАЧ дар Блумфонтейн, Китобхонаи шахрии Кейптаун, Китобхонаи университети Кейптаун ва гайра.

Матбуот, радио ва телевизион. Мувофики маълумотхои расми соли 1977 дар Республикаи Африкаи Чануби РАЧ зиёда аз 20 газетаи калони харруза аз чоп мебаромад. Газетахои харрузаи бонуфуз ба забони африкои: «Трансвалер» («01е ТгавзуаЬг» аз соли 1937), «Фадерланд» («ГМе Уабег-1ашЗ» аз 1914), «Брюгер» («Охе Виг-£ег» аз 1915) ва гайра. Хамаи ин газетахо нуктаи назари партияи миллат-чигиро химоя мекунанд. Газетахои харрузае, ки ба забони англиси чоп мешаванд: «Ранд денли мейл» («Напб ЬаПу МаИ» аз 1902). «Стар» («ТЬе 81аг» аз 1887). «Аргус» («ТЬо Агдиз» аз 1857) ва гайра. Барномахои радиоро ширкати радиошунавонии Республикаи Африкаи Чануби РАЧ мешунавонад, таъсисаш 1936. Телевизион аз январи 1976 кор мекунад.

Адабиёт. Асосан ба забони англиси ва африканси, инчунин ба забонхои халкхои банту инкишоф ёфтааст. Фолклори Республикаи Африкаи Чануби РАЧ аз эпоси кахрамони, афсонахо, зарбулмасал ва маколахо иборат аст. Насри О. Шрайнер (1855—1920) бар зидди мустамликадори нигаронида шуда буд. Дар романхои Т. Мофоло (1877—1948), Ч-Дубе (вафот 1946), Р. Зломо (таваллуд 1901) ва шеърхои Б. У. Вилакази (1906—47) таърихи халкхои банту, гояи муттахидшавии онхо инъикос ёфтаанд. Ёддоштхои нахустмухочирон, шеърхои С. Я. Дю Туа (1847— 1911), романхои Ф. Э. Селлирс (1865 —1940) ба таърихи бурхо бахшида шудаанд.  Пешравихои ичтимоию иктисоди, харакатхои коргари шавку хаваси нависандагонро ба хаёти халк афзуд: Й. ван Брюгген (1881—1957), П. Схуман (таваллуд 1904), Н. ван Вейк Лаув (таваллуд 1906), антифашист Э. Крихе (таваллуд 1910) ба назм тобишхои граждани доданд. Нависандахои тараккипарвар А. Пситон (таваллуд 1903), Ч. Коуп (таваллуд 1913), Э. Мпахлеле (таваллуд 1919), П. Г. Абрахамс (таваллуд 1919), Н. Гордимер (таваллуд 1923), А. Ла Гума (таваллуд 1925) ва дигар бар зидди нажодпараси ва нобаробарху-кукии ичтимои мубориза мебурданд.

Меъмори ва санъати тасвири.

Дар территорияи Республикаи Африкаи Чануби РАЧ аз даврахои кадим расмхои руи харсангхо боки мондаанд. Меъмори дар миёнаи асри 17 дар колонияи Када инкишоф ёфт, ки ин чо дар асрхои 17—18 посёлкахо дар равияи меъмории голланди ва дар охири асри 18 бо услуби Ренессании франсави сохта шуданд. Дар асри 19 шахрхо босуръат бунёд ёфта бинохои онхо бо услуби зклектизм сохта мешуданд (то ибтидои асри 20). Солхои 1920 биносозии функсионалисти ба миён меояд. Аз солхои 30 меъмори бо услуби меъмории европои ва америкои инкишоф меёбад. Краал намуди асосии поселкаи халки мебошад (дар марказ — кура барои чорво, дар атрофи он бошад, бинохои истикомати ва хочаги чойгиранд). Санъати тасвири зери таъсири эчодиёти санъаткорони европои, ки аз охири асри 18 дар Республикаи Африкаи Чануби РАЧ кор мекарданд, ташаккул ёфтааст. Ж. Секото, Кекана рассомони намоёнтарин мебо-шанд. Дар Республикаи Африкаи Чануби РАЧ мактаби рассомии Ндалени вучуд дорад. Дар мамлакат хунархои зерин маъмуланд: коркарди металл, кулоли, чармгари.

Мусики. Маданияти мусикии Республикаи Африкаи Чануби РАЧ аз осори мусикии сокинони тахчоии Африкаи Чануби, ахолии сафедпуст ва хиндихо иборат аст. Намудхои кухнаи мусикии бушменхову готтентотхо ва санъати муосир (сурудхои зулу, коса, ансамбли ксилофончиён ва гайра) вучуд доранд. Сиёсати доирахои хукмрони апартхейд ба пешравии маданияти миллии Республикаи Африкаи Чануби РАЧ имконият намедихад.

Театр. Санъати театри дар асоси маросимхои маишию дини, мусики, раксу сурудхои кадимае, ки дар дехот махфуз мондаанд, ташаккул ёфтааст. Дар асархои мусикии замонавии барои театр эчодкардаи бастакорон анъанахои милли идома ёфтаанд. Дастахои театри аа хаваскорони бадеи ташкил ёфтанд. Дар спектаклхои «Кинг-Конг», «Руз ба шаб иваз мешавад» ва гайра муборизаи зидди тахкир ва миллатчиги инъи кос ёфтаанд.

Мавзуи асархои театр Республикаи Африкаи Чанубии РАЧ зид-диятхои тезу тунди фочиави буда, ба он профессионализми драматурги хос аст. Дар мусикии ин спектаклхо шаклхои нави санъати мусикии замонавии Африка бо шаклхои операи Европа зич алокаманд мебошад. Спектакли «Кинг-Конг»-1 Мачкиз (1959) асари бехтарини сахнавии Республикаи Африкаи Чануби РАЧ мебошад. Санъати Республикаи Африкаи Чануби РАЧ дар шароити хеле душвор (дар- давраи муборизаи зидди сиёсати нажодпарастии хукумат) инкишоф меёбад. Артистони африкои бар зидди на-жодпарасти мубориза мебаранд.

Кино. Аввалин филмхои бадеии беовози «Колонистхо» (1916) ва «Рамзи курбони» (1918) аз боби Африкаи Чанубиро истило намудани бурхо ва англисхо хикоят мекарданд. Ин филмхо монанди филмхои минбаъдаи  Республикаи Африкаи Чануби РАЧ афзалияти истилогарони сафедпустро таргиб менамоянд. Филмхои таърихии «Диндака» (1967) ва «Мачуба» (1968) намунаи пропагандаи империалисти мебошанд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …