Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / РЕПОРТАЖ

РЕПОРТАЖ

reportazh

РЕПОРТАЖ (франсави, героИаке, аз англиси герог! — хабар додан, маълум кардан), як жанри ахбори журналистика; хамаи материалхое, ки дар хусуси навигарихо дарак медиханд, ба жанри Репортаж дохил мешаваяд. Репортаж инчунин жанри алохидаи публисистика ба шумор рафта, ба гурухи жанрхои ахбор тааллук дорад. Репортёр дар хусуси вокеа хамчун шохид ва иштирокчии он бояд тавро накл кунад, ки хонанда вокеаро айнан «бинад». Дар Репортаж мухимтарин вокеахо, ки ахамияти чамъияти доранд, тас-вир карда мешаванд. Дар Репортаж вокеа дар холати инкишоф муфассал нишон дода мешавад, аз ин ру тасвири пай дар пайи вокеа (динамизм) яке аз хусусиятхои асосии ин жанр аст. Дар маркази Репортаж, симои одамон — иштирокчиёни вокеа меистад. Мисли хамаи жанрхои ахбор, Репортаж хам оперативист. Дар матбуоти мо се намуди ин жанр истифода мешавад: Репортажхои рузмарра, лирики, суратдор. Онхо аз якдигар бо дарачаи истифодаи воситахои тасвири бадеи фарк мекунанд. Дар намуди сеюми барои тасдики фикр суратхо хам оварда мешаванд. Репортаж хамчун жанри матбуот аз хусуси одамон ва вокеаи конкрет ривоят мекунад, аммо ин ривоят накли одди, нусхабардории биайнихи набуда, тасвири образнок аст. Аз ин ру, онро «хуччати бадеи» (Э. Киш) хам мегуянд. И. Усмонов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …