Маълумоти охирин
Главная / Илм / РЕЛАКСАТСИЯ

РЕЛАКСАТСИЯ

РЕЛАКСАТСИЯ (аз лотини ге1ахаИо — суст кардан), просесси тамоман ё кисман баркарор шудани мувозинати термодинамикиро дар системаи физикие гуянд, ки аз микдори калони заррахо иборат аст. Аабаски Релаксатсия номувозинат аст, дар асоси конунияти афзоиши энтропия як кисм энергияи дохилии системаи релак-сатсияшаванда ба гарми табдил меёбад. Ба монанди хамаи просессхои номувозинат Релаксатсияро факат бо параметрхои термодинамикии система (фишор, харорат ва гайра) муайян кардан имконнопазир аст. Онро бештар тавассути характеристикахои макроскопии система (дарозии дави озоди зарра I ва вакти дави озоди зарра т) метавон тавсиф дод. I ва т нисбат ба андозахои система ва фосилаи вакте, ки дар давоми он просесси макроскопь содир мешавад, нихоят хурд аст. Дар айни замон, барои газхо вакти дави озоди заррахо т аз вакти бархурди онхо то хеле зиёд аст (т > т0). Хангоми ичро шудани ин шарт Релаксатсияро бо бархурди чуфт-чуфти молекулахо муайян мекунаид. Барои системахои гуногун Релаксатсия аз характери таъсири байнихамдигарии заррахои ташкилдихандаи система вобастаги дорад. Аа ин чост, ки просессхои Релаксатсия гуногун аст. Фосилаи вакте, ки барои баркарор шудани холати мувоаинатии система сарф мешавад, вакти релаксатсия ном дорад.

relaxatsiya

Дар газхои якатома просесси Релаксатсия  дар ду давр мегузарад. Дар даври аввал, дар давоми вакти бархурди молекулахо т0, холати мувозинати факат дар кисмхои алохидаи система ба амал меояд. Дар даври дуюм параметрхои хамаи кисмхои система ба як кимати умуми сохиб мешаванд. Вакти Релаксатсия  барои ин давр ба вакти дави озоди зарра баробар аст, яъне тр « т.

Дар омехтаи газхо, ки массаи молекулаашон аз хам фарк мекунад, муовизаи энергия дар байни компонентхо суст мегардад. Дар натича, холати компонентхои гуногун харорат ва просесси Релаксатсияи харорати компонентхо ба амал меояд. Масалан, дар плазма массаи иону электронхо аз хам фарк мекунанд. Пеш аз хама холати мувозинати дар компоненти электрони баркарор мешавад, баъд аз он компоненти иони ба мувозинат медарояд ва дар охир баъди муддати муайян байни компонентхои ионию электрони холати мувозинати ба амал меояд; бинобар ин дар плазма дар муддати вакти бардавом холате вучуд дошта метавонад, ки дар ба хароратхои ионию электрони гуногунанд ва просесси Релаксатсияи ин хароратхо ба амал меояд.

Дар моеъхо мафхуми вакт ва дарозии дави озоди заррахо маънояшро гум мекунад. Роли онхоро дар моеъхо бузургихои т, ва!| мебозанд, ки онхо бузургии вакт ва дарозии коррелясияи тагйирёбандахои динамики буда, сели энергия ё худ импулсро ифода мекунанд; Т| ва 1\ дар фазою вакт хомушшавии таъсири байнихамди-гарии молекулахо, яъне коррелясияро тавсиф мекунанд. Дар кисмхои аз чихати макроскопи майдаи моеъ, ки онхо нисбат ба дарозии коррелясия  бузурганд, аз таъсири интенсивии байнихамдигарии молекулахо дар вакти корреляция Т| таксимоти мувозинатии локали ба амал меояд (т« «Т|). Вакти Релаксатсияи мувозинатии пурраи термодинамикиро бо ёрии коэффисиентхои кинетики муайян кардан мумкии аст, ки ин чо Ь андоааи моеъ аст (нигаред. Кинетикаи физики).

Дар чисмхои сахт Релаксатсияро ба монанди моеъхои кванти хамчун Релаксатсияи гази квазизаррахо тавсиф додан мумкин. Дар ин хол вакт ва дарозии дави озоди квазизаррахои мувофикро метавон дохил кард. Масалан, дар панчараи кристалли хангоми хурд будани харорат лаппишхои чандирро хамчун гази фононхо шарх додан мумкин аст. Таъсири байнихамдигарии фононхо боиси гузаришхои кванти, яъне бархурди байнихамдигарии онхо мегардад. Релаксатсияи энергияро дар панчараи кристалли тавассути муодилаи кинетикии фононхо ифода кардан мумкин. Дар системаи ферромагнетикхо роли квазизаррахоро магнонхо мебозанд; дар ин хол Релаксатсия (масалан, Релаксатсияи магнитнокшави) -ро бо муодилаи кинетикии магнонхо ифода кардан мумкин аст.

Адабиёт: Л е в и ч Ф. И., Курс теоретической физики, том 1—2,   Москва, 1969—71; Александров И. В., Теория магнитной           релаксации, Москва, 1975. К. Чумьабоев.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …