Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РЕКУЛТИВАТСИЯИ ЛАНДШАФТХО

РЕКУЛТИВАТСИЯИ ЛАНДШАФТХО

r-landscapes

РЕКУЛТИВАТСИЯИ ЛАНДШАФТХО, рекултиватсияи замин (аз ре… ва лот. сиШуо — кор мекунам, шудгор мекунам), аз нав бар-карор кардани хосилнокии заминхоест, ки дар натичаи фаъолияти одам (истихрочи сарватхои зеризамини, бунёди иншооти электрии оби, буридани дарахтони беша, сохтмони шахрхо ва гайра) аз кор баромадаанд. Масалан, дар натичаи истихрочи сарватхои фоиданок дар Британияи Кабир (аз асри 12) заминхои хочагии кишлок  ва дигар заминхои манфиатбахш 60 хазор гектар кам шуд; дар Республикаи Демократии Германия танхо тудаи чинсхои бекора, ки дар натичаи истихрочи ангишти бур ба вучуд омаданд, кариб 50 хазор гектар за-минро ишгол кардааст. Дар халкхои Союз Советских Социалистических Республик СССР низ заминхое мавчуданд, ки дар натичаи фаъолияти хочаги аз кор баромадаанд. Хангоми кофта баровардани сарватхои замин дар сатхи он фуруравихои кифмонанд ба вучуд меоянд; кисми зиёди майдонро чинсхои бекорае, ки аз конхо баровардаанд, ишгол мекунапд. Дар натичаи кофтани конхои кушод кисми зиёди заминро карерхо ва тудаи чинсхои бекора аз кор мебароранд.

Рекултиватсияи  ландшафтхо одатан аз хамвору сабзазор кардани нишебихо, андохтани хоки наву нурихои маъдани, бешазор намудан иборат аст. Хангоми ба амал баровардани корхои кухи сари вакт гун кардани кабати хосилхези хок, хамвор рехтани чинсхои пасмонда ва дигар тадбирхо Рекултиватсияи  ландшафтхоро хеле осон мегардонанд. Торфзорхо ва чойхои фурурафтаеро, ки баъди кофтани сарватхои зеризамини ба вучуд омадаанд, ба хавзхои мохидори табдил медиханд. Баъзан дар заминхое, ки рекултиватсия шудаанд (дар наздики шахрхо), чорбогу комплексхои обии спорти ва гайра бунёд мекунанд.

Адабиёт: Моторина Л. В., Забелин а Н. М., Рекультивация земель, нарушенных горнодобывающей промышленностью, Москва, 1968; К р а в ч и н о О. П., Мааурова А. А., Рекультивация земель, нарушенных открытыми горными работами [обзор], Москва, 1973.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.