Маълумоти охирин
Главная / Варзиш / РЕКОРДХОИ СПОРТИ

РЕКОРДХОИ СПОРТИ

old-records

РЕКОРДХОИ СПОРТИ, комёбихои оли, ки дар мусобикахои расми аз руи намудхои спорт барои варзишгарони алохида ё командахо мукаррар карда мешаванд. Ин комёбихо баробари ба назар гирифтани вохиди аник (вакт, масофа, вазн, микдори холхо ва гайра) муайян мегарданд. Натичахои мусобикахоро хамчун на-тичахои рекорди хангоми риоя кардан ба шароит ва коидахое, ки аз тарафи федератсияхои дахлдори спорти (байналхалки, регионали, милли: дарача, андоза, хозир будани шумораи муайяни доварон, истифода бурдани инвентари якхелаи спорти ва гайра) тасдик мегарданд, ба хисоб мегиранд. Сарфи назар аз дарача ва характери мусобика Рекордхои спорти ба чакони (комиёбии оли), олимпи (Бозихои олимпи), регионали (китъахо), милли ва гайра чудо мешаванд (дар Союз Советских Социалистических Республик  СССР Рекордхои спортии республикахои иттифоки ва автономи, кишвархо, вилоятхо, шахрхо, чамъиятхои спорти мукарраркарда шудаанд). Рекордхои спортии чакониро федератсияхои байналхалкии спорт бо тавсияи федератсияхои милли тасдик мекунанд. Барои навъхои спорти шиновари, варзиши сабук, варзиши вазнин, спорти велосипедрони, конкитози, тирпаррони, камонвари, намудхои спорти авиатсиони, автомобилрони, автомодели, обимотори, мотосиклрони, зериоби рекордхои чахони вучуд доранд. Дар як катор навъхои спорт танхо Рекордхои спортии регионали (масалан радиоспорт, бисёрнабардаи харби-амали, бисёрнабардаи бахри) ва баъзе намудхои миллии спорти мамлакатхои алохида кайд карда мешавад. Барои навъхои спорти (завракрони, спорти бодбони, лижатози ва гайра), ки мусобикахо дар чойхои хавфноку сербарф мегузаранд, натичахои баландтаринро мукаррар менамоянд.

Инчунин кобед

unvoni-ms

УНВОНХОИ СПОРТИ

УНВОНХОИ СПОРТИ, номхои фахриро гуянд, ки барои комёбихо дар мусобикахои байналхалки, милли, расми ва ичрои …