Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / РЕЖИМИ ОБ

РЕЖИМИ ОБ

РЕЖИМИ ОБ, бо мурури замон тагйир ёфтани сатху хачми оби дарё, кул, обанбор ва ботлокзорро гуянд. Режими об пайваста ба обу хаво тагйир меёбад. Дар минтакахои гарм Режими об асосан ба боришот ва бухоршави вобаста аст, дар минтакахои хунук ва муътадил ба харорати хаво.

tn_246097_b78aa1fd710a

Режими оби д ар  ё х о дар намуди тагйироти шаборузи, дахаи, мохона, мавсимиву бисёрсола зохир мешавад ва аз як катор даврахои хосе иборат мебошад, ки ба тагйироти мавсимии шароити бо об таъмин будани дарёхо вобаста аст. Режими об  даврахои обхези, сероби ва камоби дорад. Аз сабаби номунтазам будани боришот ва бефосила об нашудани барфу ях дарёхо дар давоми сол баробар бо об таъмин намешаванд. Пасту баландшавии сатхи об асосан ба тагйирёбии андозаи сарфи об, инчунин таъсири бод, яхбанди ва фаъолияти хочагии одам вобаста аст.

Режими оби кулхо аз руи таносуби микдори боришот, бухоршави, обхои ба онхо дохилшаванда ва аз он чоришаванда, аз руи шакл ва андозаи кул, конунияти тагйирёбии майдони сатхи об, вазиши бод, ки андозаи мавчхоро муайян мекунад ва гайра муайян карда мешавад. Пасту баландшавии сатхи оби кул мавсими, солона ва кутохмуддат шуда метавонад.

Режими оби ботлок ба шароити иклимию гидрологи, релефи махал ва наботот вобаста аст. Инсон Режими обро торафт бештар тагйир медихад.

Адабиёт: Ч е б о т а р е в А. И., Общая гидрология (воды суши), Ленинград, 1960.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …