Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РЕЖИМИ НАМИИ ХОК

РЕЖИМИ НАМИИ ХОК

РЕЖИМИ НАМИИ ХОК бухор шудан ва барои растани сарф гардидани намии хок; мачмуи ходисахоест, ки харакат ва гардиши оби кабатхои хокро нишон медихад. Режими намии хок омили мухими пайдоиши хок ва хосилхезии он аст. Режими намии хок  ба шароити обу хаво, релефи махал, растанихо, хусусиятхои намии хок, чукурии обхои зеризамини ва тарики дехкони вобаста аст. Дар сурати муътадил будани нами дар хок просессхои муфид инкишоф меёбанд. ва замин хосилхез мегардад.. Шароити мусоиди замин ба сохт, таркиби органикию механики, хусусиятхои физики ва физикию механикии хок вобаста аст. Намии хок дар холатхои гуногуни физики бухормонанд, капилляри, чозибави ва гайра мешавад.

Намии бухормонанд ва чозибави барои растани кариб бефоида буда, обхои капиллярию чозибавиро хок хуб мечаббад ва онхо аз ин чихат манфиатноканд. Режими  намии хок як чанд навъ аст.

Режими  намии хоки яхбаста ба нохияхои шимоли хос буда, факат тобистон яхи сатхи замин каме об мешавад. Хокаш хамеша сернам.

Режими  намии хоки о б ш у й ба минтакаи тайга, ки хоки хокистарранги чимдор ва хокистарранги ботлоки дорад, хос аст. Аз сербориши ва кам бухор шудани нами хоки вилояту нохияхои мазкур доим сернам мебошад. Намии кабатхои болоии хок муттасил ба поён захида, ба обхои зеризаминй хамрох мешавад.

Режими  намии хоки обшуи мавсими дар хоки минтакахои бешадашт, ки аввалхои бахору тобистон аз барфу борон ва обхои равони гирду атроф нам мегирад, чой дорад. Моххои гарму бебориш намии кабати поёни хок ба боло баромада, бухор мегардад ва ба обхои зеризамини хамрох намешавад.

xok

Режими  намии хоки обшунашаванда ба нохияхои иклимаш хушки дашт ва биёбон хос аст. Замини ин нохияхо чандон нам намешавад, зеро бориш кам буда, нами ба хадди зиёд бухор мегардад (намии хоки биёбонхо 10—20 сантиметр, заминхои бекорхобида 1—2 метр, сиёххок 2—4 метр). Дар давраи гармову камбориш намии хок бухор мешавад. Об сатхи заминро шуста, ба кабатхои поён намеравад ва ба обхои зеризамини хамрох намешавад.

Режими  намии хоки  н а м к а ш ба хоке хос аст; хок на танхо аз боришот, инчунин аз обхои зеризаминии на чандон чукур низ нам мекашад. Дар шароити иклими хушк мушохида мешавад. Дар ин маврид обхои зеризамини ба сатхи замин баромада, бухор мешаванд ва аксар боиси пайдоиши шурхок мегарданд.

Режими намии ирригатсионии хок ба шароити заминхои обии нохияхои чануб хос аст. Дар натичаи обёрии чандинкарата хок то худи каъре, ки то он чо растани реша давонида метавонад, нам мешавад. Баъзан дар сурати пеш омадани зарурати шуста партофтани намаки зиёдати хок то чукурихои аз ин хам бештар нам мешавад.

Режими  намии хокро тавассути як катор тадбирхои агротехникию агромелиоративи идора мекунанд.

Адабиёт: Д о л г о в С. И., Основные закономерности поведения почвенной влаги и их значение в жизни растений, дар мачмуаи: Биологичесние основы орошаемого земледелия, Москва, 1957; Роде А. А., Основы учения о почвенной влаге. том 1. Ленинград, 1965.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.