Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / РЕФОРМАТСИЯ

РЕФОРМАТСИЯ

РЕФОРМАТСИЯ (аз лотини геГогша- Цо — азнавсози, ислох), чунбиши чамъиятию сиёси ва идеологиеро гуянд, ки дар Европаи Гарби ва Маркази дар асри 16 сар зада буд; асосан мохияти зиддифеодали дошта, бар зидди калисои католики (пояи идеологии сохти феодали) чараён гирифта буд. Идеологхои Реформатсия тезисеро ба миён гузоштанд, ки мохиятан зарурати калисои католики ва папаю рухониёнро инкор мекард. Реформистхо «Катибаи мукаддас»-ро манбаи ягонаи хакикати дини эълон карда, «Ривояти мукаддас»-ро рад кардаанд. Онхо таъсиси «калисои содда»-ро талаб намуда, хукуки онро ба боигарихои замин ва гайра махкум кардаанд.

reformaciya1

Реформатский ба якчанд равияхо, аз кабили бюргерию буржуази (Мотер, Ж. Калвин, У. Свипгли), халки (ифодакунандаи манфиатхои дехконон ва бенавоёни шахр) ва шохию князи (дар мамлакатхои Скандинавия ва Англия) таксим мешавад. Чанги дехконон дар Германия (1524—26) нуктаи олии харакати реформисти ба шумор мерафт. Дар Дания ин харакат бо сардории X. Таусен авч гирифта, ба Норвегия, Исландия, Финляндия низ таъсир расонд. Дар Швейсария аввал шакли свингличигиро гирифта, баъди муваффакият пайдо на- кардани харакати анабаптистхо дар солхои 40 асри 16 ба чараёни нави харакати реформисти—калвинизм табдил ёфт, ки баъдтар дар тамоми Европа, аз чумла Франсия, Австрия, Венгрия ва дигар мамлакатхо хамчун идеологияи буржуазияи тавлидшаванда хизмат кард. Шаклхои радикалии харакати реформисти ба сохти феодали тахдид мекард. Солхои 50 асри 16 бо рохбарии папа харакати зиддиреформисти ташкил ёфт, ки он дар Германия, Полша ба Реформатсия зарба зад ва дар Италияву Испания пеши рохи интишори Реформатсияро гирифт. Дар Нидерланд калвинизм байраки идеологии револютсияи буржуази гардид. Дар Англия бошад, шох сардори калисои англикани эълон шуд ва дар нимаи дуюми асри 16 кальвинизм васеъ интишор ёфт.
Умуман харакати реформисти мархалаи мукими мубориза ба мукобили феодализм буд, ки дар натичаи он калисои католики мавкеи монополистии худро дар Европаи Гарби аз даст дод. Дар як катор мамлакатхо (Германия, Швейсария, Скандинавия, Англия, Шотландия, Нидерланд ва гайра) калисохои англикани ба вучуд омаданд. Кашида гирифтани заминхои калисо асоси иктисодии калисои католикиро суст кард. Дар ин мамлакатхо Реформатсия тартиботи калисоро хеле содда ва калисоро бо давлат вобаста кард ва дар натича диктатураи дини шикаст хурд. Реформатсия охирин харакати бузурги зиддифеодали буд.
Анъанахои реформисти дар дини ислом ва дигар динхои Шарк дар давраи табдили капитализм ба империализм ва пайдоиши рухияи зиддимустамликавии халкхои мазлум ба вукуъ пайваст. Инкишофи Реформатсия дар давраи муборизаи байни капитализм ва сотсиализм рохи инкишофи назариявии модернизми дини гардид. Реформатсияи ислом шархи мачмуи масъалахои иктисодиву сиёси ва динию ахлокиро дар бар мегирифт.
Адабиёт: М а р к с Карл, К критике гегелевской философии права. Введение. Маркс Карл, Энгелс Фридрих, Сочинение, 2 издание, том 1; Э нгельс Фридрих, Сарсухан ба «Чанги дехконон дар Германия», Асархо, мундарича, чилди I, Душанбе, 1963; Штерн Л., Идеологическая и политическая роль реформации в прошлом и в настоящем, дар китоби: Ежегодник германской истории (1968), Москва, 1969; Роузентал Франсия.. Торжество знания, Москва, 1978. С. Ахмадов, К. Ёкубов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …