Маълумоти охирин
Главная / Биология / РЕФЛЕКСХО

РЕФЛЕКСХО

РЕФЛЕКСХО (аз лотини геПехиз — бозтоб, мунъакис), посух (реаксия)- хои организмро ба ангезиши р ес е п т о р (чихози пазиро)-хо номанд. Хангоми Рефлекс узви дахлдор ё ба кор медарояд ё аз кор мемонад. Амалиёти тамоми узвхои бадан ба Рефлекс вобаста аст. Бо ёрии Рефлекс дар байни кисматхо ва узвхои гуногуни бадан хамбастаги ва таъсири мутакобил ба миён омада, фаъолияти муттафикона, муназзам ва яклухти организм таъмин мегардад. Туфайли Рефлексхо организм ба тагйироти мухит ва шароити дарунии худ зуд реаксияи созгори пайдо карда, бо ин рох мухити дохилиашро хамеша дар як хел савия нигох медорад,
Мафхум ва истилохи р е ф л е к сро дар илм бори аввал олими франсави Декарт кардааст. Ба акидаи Декарт рефлекс механизми фаъолияти хароммагз буда, бе иштироки шуур (фаъолияти олии асаб) ба амал меоянд. Асосгузорони физиологияи ватани И. М. Се- ченов, И. П. Павлов ва шогирдону пайравони онхо дар фаъолияти рефлексии организм ахамияти багоят мухим доштани асабияи марказиро ( мукаррар намуданд. Масалан, И. М. Сеченов дар амалиёти хароммагз ва майна ахамияти универсали (умуми) доштани принсипи рефлексиро асоснок кард. Дар китоби машхури худ «Рефлексхои магзи сар» (соли1863) у мегуяд, ки тамоми амалиёти бошуурона ва бешуурона ба тарики рефлекс содир мешавад. Каш- фиёти И. М. Сеченов «Тасаккуми маркази» дар илми рефлексомузи мавкеи алохида дорад. Бо тадкикоти Ч. Шерриигтон, Н. Е. Введенский, аз А. А. Ухтомский, И. С. Бериташвили ва шогирдону хамкорони И. П. Павлов конунхои асосии содиршавии реаксияхои рефлекси — тахайюч (бахаячонои ё бедоршави) ва тасаккун (боздошташави ё оромшави), просессхои координасияхо (сомон, фаъолияти муттафик,) интеграсия (тачсим, муттахидшави) ва гайра махсусан дар асабияи маркази анику равшан карда шуданд. п {
Рохе, ки ба воситаи он хаячон амал ресептор ба эффектор мегузарад камони рефлекс ном дорад. Вай аз кисмхои зерин иборат аст: 1) ресепторхо, ки ангезишро кабул мекунанд; 2) невронхо (асабхучайрахои) афферент (марказшитоб), ки хаячонро аз ресепторхо гирифта, ба асабияи маркази мегузаронанд; 3) невронхо асабияи маркази ва синашакл, ки дар онхо хаячон тахвил ёфта, пас ба невронхои марказгурзар интикол мешавад; 4) невронхо аз эфференти (марказгу рез), асабияи марказиро бо узвхо васл намуда, импулсхои хаячонро аз марказ ба атроф мегузаронанд; 5) эфекторхо (узвхои кор), ки рефлексии мазкурро ба чо мекунад хаячон ба воситаи камони рефлекс чанд хусусият дорад: факат ба як тараф (самт) равона шудани хаячон, суммасия (тачаммуъ, тарокум ё чамъшави) ва таъ- сири минбаъдаи он, давраи никомии реаксияи рефлекси, тахаввул, назми хаячон, индуксия (илкои чараёни хаячон) ва гайра.
Он китъаи бадан ё кисми пуст, ки хангоми ангезидани он рефлекси муайян хосил мешавад, м а й д о н и д а р р о к ё минтакаи рефлексовар ном дорад.
Рефлекс аз чихати ахамияти биологи ба Рефлекси хурокхури, дифои ё хоми, чинси (таносули), шиносои, тахарруки ё локомотори (мавкеъ ва чунбиши бадан дар фазо) ва гайра чудо мешаванд.
Вобаста ба иштироки кисмхои асабияи маркази дар реаксияи рефлекси Рефлекси хароммагзи, майнаи дарозруяги, майнаи миёнаги (мезенсефали), майнаи васати (диэнсефали), кишри майнаги ва гайра мешаванд.
Агар Рефлекс дар натичаи ангезиши ресепторхои беруни(экстероресепторинасияхо) ходис шаванд, онро Рефлекси экстересептиви, агар аз ангезиши ресепторхои мушакхо, бандакхо, пайхо, бандхо руй диханд, Рефлекси приоресептиви ва агар хангоми ангезиши ресепторхои узвхои даруни ба амал оянд, Рефлекси и н т е р оресептиви ё виссероресеп т и в и мегуянд. Рефлекси интероресепти- ви чанд хел мешаванд: виссеро – виссерали (ахшоию ахшои— аз узви даруни ба узви даруни), виссеро-сенсори (ахшоию эхсоси — аз узвхои даруни ба узвхои хис), виссеро-мотори (ахшоию тахрики — аз узвхои хис ба мушакхои скелети). И. П. Павлов Рефлексро ба ду гурухи калон чудо мекунад: Рефлекси гайришарти ва Рефлекси шарти. , Рефлекси гайришарти модарзоди буда, бе ягон шарту шароити махсус ба амал меоянд. Рефлекс и ш а р т и гайримодарзодианд; онхо дар чараёни зиндаги дар натичаи ба вучуд омадани алокаи муваккатии организм бо мухити атроф хатман бо иштироки кишри майна дар инсон ва хайвони олидарача ба амал меоянд. Рефлекс одди ва мураккаб, бадани ё соматики (харакати мушакхои скелети) ва наботи ё вегетативи (харакати узвхои даруни) низ мешаванд.
Гайр аз Рефлекси номбурда Рефлекси патологи (марази) низ мавчуданд. Рефлекси патологи реаксияхои гайримаъмули буда, хангоми иллат ёфтани кисмхои гуногуни асабияи маркази зохир мешаванд. Дар ин маврид ба таъсири баъзе ангезишхои одатан аз меъёр зиёд ё зур аксуламалхои номувофику нобарор ва хилофи мак- сад падид меоянд. Принсипи рефлексиро дар патология (маразшино- си) дар баёни табиати касалшави ва сихатшавй А. Д. Сперанский ва шогирдони у муайян намуданд.
Адабиёт: Ухтомский А. А., Учение о парабиозе, Москва„ 1927; Введенский Н. Е., Возбуждение, торможение и наркоз, собрание сочинений, том 4, Ленинград, 1935; С п е р а н с к и й А. Д., Элементы построения теории медицины, Москва—Ленинград„ 1935; Павлов И. П„ Лекции о работе болших полушарий головного мозга, полное собрание сочинений„ 2 издание„ том 4, Москва— Ленинград„ 1951; С е ч е н о в И. М„ Рефлексы головного мозга, Москва„ 1961; Анохин Л, К„ Биология и нейофизиология условных рефлексов, Москва„ 968; К о с т ю к П. Г„ Физиология центральной нервной системы. Киев, 1971. М. Я. Расулов.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …