Маълумоти охирин
Главная / Илм / РЕДУКСИЯ дар забоншиноси

РЕДУКСИЯ дар забоншиноси

РЕДУКСИЯ дар забоншиноси, пастшави ва кутохшавии садо-нокхо дар хичои безада. Кохиши вакти тавлиди овоз Редуксияи м и к д о р и аст. Редуксияи сифати натичаи Редуксияи микдори мебошад, яъне кохиши вакт барои тавлиди садонок имкон намедихад, ки чараёни хосилшавии овоз пурра сурат гирад. Дар Редуксияи сифати садонокхо талаффузи софи худро аз даст медиханд, баъзе узвхои нутк дар тавлиди овоз иштирок наменамоянд ва ин холат боиси аз байн рафтани тазоди овозхои (фонемахои) хамчинс мегардад. Дар забони точики Редуксияи сифати амал мекунад. Вобаста ба дарачаи редуксияшави садонокхои забони точики ба ду гурух: а) устувор — о, э, у ва б) ноустувор — и, а, у чудо мешаванд. Садонокхои устувор дар хамаи холтхои фонетики хусусиятхои сифатию микдориашонро нигох медоранд. Садонокхои ноустувор вобаста ба холатхои гуногуни фонетики (безадаги, навъи хичо, хамшафати бо хамсадохои бечаранг ва гайра) дар нутки гуфтугуи хангоми талаффуз меафтанд ё мустакилияти сифатии худро аз даст медиханд. Масалан: ширин —ш -рин, биринч — б ринч; сафед — с -фед, бахор — б хор; сухан —с хан, шутур — ш тур ва гайра.  Баъзан хама гуна гузаришро аз аносири пурратари забони (овоз, хичо, калима, чумла) ба кутохтар Редуксия меноманд ва истилохи «редуксияшуда» нисбат ба овозхои кутох (ё фонемахои мустакил, ё тобишхои мавкеии онхо) истифода мегардад.

Адабиёт: Матусевич М. И., Современный русский язык. Фонетика, Москва, 1976. Т. Хаскашев.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …