Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РЕБИНДЕР Пётр Александрович

РЕБИНДЕР Пётр Александрович

rebinder-p-a

РЕБИНДЕР Пётр Александрович (3. 10. 1898, Петербург -12. 7. 1972 Москва), физику химики совети, академики  Академияи Фанхои Союз Советских Сотсиалистических Республик (1946; аъзо-корреспондент.

1933), Кахрамони Мехнати Сотсиалисти (1968). Факултети физикаю математикаи Университети давлатии Москваро хатм кардааст (1924). Аз соли 1935 мудири шуъбаи системахои дисперсии Институти коллоидию электрахимияии (аз 1945 Институти химияи физика) Академияи Фанхои Союз Советских Сотсиалистических Республик АФ СССР ва дар як вакт (аз соли 1942) мудири кафедраи химияи коллоидии Универсииети давлатии Москва. Раиси совети ил- мии Академияи Фанхои Союз Советских Сотсиалистических Республик АФ СССР оид ба проблемахои механикаи физикию химияви ва химияи коллоиди (1958). Аз соли 1968 сармухаррири «Коллоидный журнал». Асархои илмии у ба проблемахои пайдоиш, устувори ва вайроншавии системахои дисперси, зухур ёфтани ходисахои сатхи ва ташаккули структурахо дар системахои номбурда, такмили тасаввурот оид ба механизмхои молекулавии таъсири моддахое, ки кашиши сатхии байни ду фазаро кам мекунанд бахшида шудаанд. Ребиндер соли 1928 пастшавии адсорбсионии устувории чисмхои сахтро кашф кард. Лауреати Мукофоти давлатии Союз Советских Сотсиалистических Республик СССР (1942). Бо 2 ордени Ленин, 2 ордени дигар ва медалхо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.